МАСТЧОҲ: ҲАЙФИ 25 ГА ЗАМИН…

Салом СССР! Ман хатмкунандаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ” буда, онро дар замони шуравӣ хатм кардаам. Бояд гуфт, ки коллеҷи мо яке аз нахустин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ мебошад. Ин коллеҷ нахуст бо қарори Шурои иқтисодии Осиёи Миёна (САЭС) ва қарори Комиссариати халқии РСС Ӯзбекистон таҳти №3 аз 9 октябри соли 1928 дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун техникуми хоҷагии деҳот таъсис ёфт ва аз 28 апрели соли 1929 баъди ба РАСС Тоҷикистон ҳамроҳшавии округи Хуҷанди Ӯзбекистон номи техникуми марказии хоҷагии деҳоти Тоҷикистонро гирифт.

Соли 1943 техникуми хоҷагии қишлоқи Ленинобод, соли 1960 совхоз – техникуми ба номи В.И.Ленини н.Мастчоҳ, аз 1 августи соли 1993 совхоз – коллеҷи н.Мастчоҳ, аз соли 1998 коллеҷи кишоварзии н.Мастчоҳ ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ» ном гирифт.

Дар баланси коллеҷ наздики 50 га замини кишоварзӣ буда, дар замони шуравӣ ва солҳои нахустини истиқлолият донишҷӯёну омузгорон дар ин заминҳо маҳсулоти кишоварзӣ кишт мекарданд. Бархе мавзеъ ба мардум низ ба иҷора дода мешуд, ки кишт кунанду рӯзгор пеш баранд, вале пасон ин заминҳоро ба шахсони алоҳида фурухтанд – коре, ки набояд мешуд.

Соҳибони нави заминҳои коллеҷ онро ба ҳоли худ партофтаанд. Хосса 25 га дар ҳолати бад қарор дорад. Тули солҳои зиёд на боре дуруст кишт шудаасту на яхобмонӣ ва на поруро дидааст. Дарахтони боғе, ки он ҷо бунёд кардаанд, дар ҳолати маҳвшавӣ қарор доранд – касе ба онҳо нигоҳ намекунад. Афсӯс, ин мавзеъ  ба коллеҷ дигар дахолат надорад, то донишҷӯёну омузгорон боғро наҷот диҳанд. Баъд мегӯем, ки заминҳои кишт аз гардиш мондаанд…

Чаро масъулин, мақомоти маҳал ва қудратӣ боре аз соҳибони заминҳо намепурсанд, ки чаро замини давлатро ба чунин ҳол овардаӣ?

Мирдадо Юнусзода,

н.Мастчоҳ

Аз идора: ин проблема дар нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии мамлакат низ бардошта шуд ва тавре Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии ҶТ итиллоъ доданд, зимни сафар ба н.Мастчоҳ ва боздид аз ин коллеҷ ба соҳибони заминҳо дастур дода шуд, ки барои дубора ба ҳолати дуруст овардани замину боғ тадбирҳо андешанд.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube