МОҶАРОИ ХУРД ДАР КЛУБИ БУЗУРГ…

Аз редаксия: Маъруфтарин, сермухлистарин ва маҳбубтарин Клуби Футболи кишвар Равшани Кӯлоб ин шабу рӯзҳо реформаи калидӣ мегузаронад. Президенти клуб Зафар Ҳақназаров талош дорад, на танҳо бозии дастаро ба сатҳи байнулмилал кашад, ки ҳатто инфрасохторашро мутобиқ ба меъёрҳои аврупоӣ намояд. Оре, маҳз, аврупоӣ. Зеро аксарияти клубҳои Осиё, ки ҳамакнун дар 1 қора бо мо мебозанд, сатҳу сифати бозиву сохторашонро ба Аврупо назздиктар кардаанд. Бинед, ки ҳоло бо мо киҳо мебозанд:

Криштиану Роналду, Садйо Мане, Неймар, Карим Бензема, Фабинйо, Ҷордан Хендерсон, Малком, Роберту Фирмину, Риёз Маҳрез, Нгола Канте,  Митрович, Брозович… ва агар Эдуард Менди-дарвозабони Челсиро, ки ба Ал Аҳлӣ гузашт, дар садри ин феҳрист монем, дилхоҳ мунтахаби «манум мегуфтагӣ»-и Аврупову Амрикоро ба таъбире медарронанд…

Пас мо бояд чӣ кор кунем? Шинему назорат ва ё амал? Зафар Ҳақназаров ва садорати нави КФ Равшан ба амал гузашт. Фаромӯш накунед, ки «Маскавро дар 1 рӯз насохтаанд!». Мо дар оғози сохту сози ин клубем. Ва яке аз қадами устувори садорати нави Равшан ин шуд, ки клуб нахустин шуда, сайти сирф профессионалии худро бо Логотипи наваш, ки гунае аз эмблем ё худ сумбулаи Баварияи Германия аст, роҳандозӣ кард.

  Дӯстони дар асл душмангардидаи Равшан ба ана ҳамин ибтикорот часпидаву бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, пеши роҳи ин реформаҳоро гиранд. Инҳо, ки худро дӯсти Равшан мегӯянд, дар асли душмани клубанд. Вагарна ҳамин шабу рӯзҳо дар паҳлӯи клуби худ қарор мегирифтанд. Хулласи калом, ин баҳс тӯл кашиду Маъмурияти КФ Равшан ба редаксияи газетаи мардумии СССР, ки аз ҳавохоҳони Равшан аст, ин матлабро ирсол намуд, ки бе таҳрир нашр шуд. Мо метавонем!

 

Дар бораи иваз намудани “Лого”-и Равшан Кӯлоб

 Дӯстони гиромӣ, мухлисони ниҳоят азизу муътабар! Чи хеле медонем чанд рӯзи охир воқеан ҳам мухлисону дӯстдорони дастаи моро иваз намудани Логои даста, ки таърихи қариб 10-сола дорад, ба ташвиш оварда, саволҳои зиёдро ба миён гузоштааст. Роҳбарияти даста ҳамаи муроҷиату дархости шуморо мавриди омӯзиш қарор дод ва аз дастгирии бисёриҳо шод шудем, аммо суханҳои баъзе ба ном “дӯстон” моро ҳайратзада намуд.

Аввал ин, ки мавзуъи иваз намудани Логои дастаи Равшани Кӯлоб 1 сол муқаддам ба миён гузошта шуд, ки мувофиқ ба тавсияи КФО ва ФИФА Логои даста бояд дар шакли доира дароварда шавад, то ин ки ҷой намудани Лого дар муҳри даста низ имконпазир гардад. Дар ҳоли ҳозир муҳри дастаи Равшани Кӯлоб низ бо ҳарфҳои сирилик ва бо забони тоҷикӣ омадааст, ки дар бисёр маврид ниёз ба тарҷума дар саҳифаи алоҳида дошта, тасдиқи он дар Нотариус ҳатмӣ мебошад. Агар сода карда гӯем, Логои дастаи мо дар шакли Ромбик (алмос) дар муҳри доирашакл ҷой намегирад.

Мо набояд фаромуш кунем, ки Логотипи “Равшан”-ро мо ба хотири дастаи “Равшан”- и Кӯлоб дӯст доштаем, баръакс дастаро ба хотири Логотип не ку!

 

WWW.RAVSHAN.TJ-Сомонаи нав

Аслан иваз намудани Логои даста ва ба фаъолияти дигарбора оғоз кардани Сайти расмии дастаи “Равшан”- и Кӯлоб аз оғози мавсими нав, бояд бо мухлисону ҳаводорони даста матраҳ мешуд, аммо мутаассифона боз ҳам ба ном “дӯстон” ин мақсаду мароми моро пеш аз вақти банақшагирифташуда ба маърази ом гузошта, муносибати даста ва мухлисонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нохуб гардониданд. Фаромуш накунед мо дар охири мавсими бисёр ҳам зебову диданӣ қарор дорем, баъзеҳо маҳз ана дар ҳамин лаҳзаҳо кӯшиш мекунанд, ки моро пешпо диҳанду ба воситаи ба миён овардани нофаҳмӣ байни роҳбарияти даста ва мухлисон аз муваффақияту музаффариятҳо дур созанд.

 

Вобаста ба Логои нав!

Мо аз он хурсандем, ки Логои нави моро ба дастаҳои хубу қавӣ ба монанди Бавария, Истиқлол, Логои УЕФА (Ассотсиатсияи футболи Аврупо) ва ё дигар дастаҳо монанд донистаанд. Гап сари ин аст, ҳамаи он критерияҳое, ки барои Логои замонавӣ лозим мебошад, дар Логои дастаҳои болозикр дарҷ шудаанд.  Мазмуну мантиқи Логои нав то андозае пурра аз Логои ҳоло амалкунандаи дастаи дӯстдоштаи мову шумо гирифта шудааст. Агарчӣ шакли Лого иваз шуда бошад ҳам, аммо фалсафаи Логои аввалаи Равшан дар Логои нав бо баъзе тағйиротҳо пурра ҷой дода шудааст. Мефаҳмонем.

  1. Доираи борики кабуд – ин нишон аз Логои аввала бо ранги кабуд гирифта шуда, маънояш сарҷамъиву муттаҳиддии мухлисон дар атрофи 1 даста “Равшан”и Кӯлоб мебошад (Ҳангоми баҳс дар атрофи Логои нав шумо мухлисони гиромӣ ин муттаҳидиву сарҷамъиро бори дигар исбот кардед, яъне дастаи Равшан аз мухлисон оғоз мешавад).
  2. Доираи васеъи сурх – ин ранг аз Парчами Тоҷикистон гирифта шуда, аз доираи аввала бо ранги сафед ҷудо карда шудааст, ки дар маҷмуъ маънояш “Равшан”-и Тоҷикистон мебошад (Мо дар аввал доираи васеъро бо ранги кабуд сохтем, аммо бо тавсияи коршиносон онро ба ранги сурх мубаддал гардонидем, зеро мо 1 ҳиссаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошем. Логои аввала пурра бо ранги кабуд сохта шудааст, ки ин ранг дар Нишон ва дар Парчами Тоҷикистон тасвир наёфтааст, аз ин рӯ зарурати якранг будани Логоро намебинем).
  3. Тасвири ҷуфти Шерҳо дар Логои нав низ боқӣ монд, ки ин шерҳо дар сикка-нишони 2700-солагии Кӯлоб бо такя ба маъхазҳои таърихӣ бо маънову манзалати махсус сабт шудаанд (Баъзеҳо гиламанд аз он буданд, ки Шерҳо нармтар тасвир ёфтаанд ва ҳашамату ғурури шерҳои аввала ба пуррагӣ дар Логои нав дарҷ нагардидаанд. Дуруст гуфтед, вале фаромӯш накунем, Равшан дастаи футболӣ аст ва футбол, ки варзиш аст мо пеш аз ҳама дар қиболи ҳарифони худ варзишгарро мебинем на ҷанговарро, мо хашму ғазабро не, балки касбиятро бояд нишон диҳем. Аз ин рӯ дар нармтар омадани ҳайбати Шерҳо дар Лого озурда набошед. Мо дар майдон хашму ситези Шеронаро ба ҳарифон нишон медиҳем).
  4. Расми туб-ба ҳама маълум, ки ин дастаи футболӣ аст ва мақсаду мароми мо бозии футбол мебошад.
  5. Тарсими Тоҷ дар Лого ба маъное омадааст, ки дастаи “Равшан”и Кӯлоб дар ҳама он мусобиқоте, ки дар Тоҷикистон гузаштааст мақоми аввал ва Ҷомҳоро соҳиб гардидааст.

 

Дастовардҳои Равшан

Қаҳрамонӣ дар соли 2012, 2013, Ҷоми Тоҷикистон дар соли 1994, 2020 ва Суперҷоми Тоҷикистон дар соли 2013 ва 2023. Баъди ба даст омадани ана ҳамин ғолибиятҳо мо ба худ имкон медиҳем, ки дар Логи нав Тоҷро дар боло гузорем. Зимнан таъкид менамоем, ки хизматҳои ҳар як нафаре, ки дар бадаст омадани ин ҷоизаҳо ба даста расидааст, ҳеҷгоҳ фаромуш намешавад ва ҳеҷ касе наметавонад, ки таърихро дигар намуда, номи касе ва ё хизмати касеро аз ин ғолибиятҳо бардорад. Фақат мо набояд фаромуш созем, ки қисмати асосии ин ҷоизаҳо маҳз дар давраи сарпарастии ҶДММ Ҳоҷӣ-Шариф ба даст омадааст ва дар саргаҳи ҳамаи ин муваффақиятҳо маҳз Сарпарастони имрӯзаи мо меистанд, ки мо ба онҳо сидқан арзи сипоси худро менамоем.

Ҷой надодани соли 1965 дар Лого – муваққатист. Гап сари ин ки бисёре аз собиқадорони футболи шаҳри Кӯлоб ва ҷумҳурӣ борҳо таъкид кардаанд, ки “Равшан” пеш аз соли 1965 бо дигар ном фаъолият мекард ва чун ақидаҳо дар ин мавзуъ гуногун буданд, мо муввақатан ин солро аз Логои нав гирифтем. Аммо мухлисони мо мутмъин бошанд, ки дар сурати тасдиқи фаъолияти даста дар солҳои пеш аз 1965 дар поёни тӯб ҳатман соли ба фаъолият оғоз кардани даста дигарбора ба Лого бармегардад. Мо Метавонем!

 1 нуктаро бояд ба самъи тамоми мухлисон расонем, ки иваз намудани Лого барои ҳар даста бо мурури замон пеш меояд. Зарурати иваз намудани Лого ва муҳри даста мувофиқ ба забони кории КФО ва забони давлатии Тоҷикистон ҳатман иваз карда мешавад. Дар ин кор шахсони кордону нуктасанҷ ҷалб карда шудаанд ва фикри ҳар кадоми онҳо ба инобат гирифта мешаванд.

Муҳимтар аз ин ҳама, медонем, ки сабаби асосии қабул нашудани Логои нав барои  мухлисони дастаи мо ин пеш аз ҳама дӯстдориву садоқат ба даста тавассути ана ҳамин  Логои амалкунанда аст, ки ҳамаи музаффарияту муваффақияти дастаро мо дар ун Лого мебинем. Аммо барои ҷавобгӯ будан ба стандарт ва талаботи имрӯзаи ҳуҷҷатнигориву ҳуҷҷатгузорӣ моро зарур аст, ки Лого ва муҳри имрӯзаи Равшанро иваз намоем.  Вале ин Логое, ки айни ҳол қабул мешавад барои якумра нест ва бо ба даст омадани муваффақияту музаффариятҳои нав ҳатман боз ҳам такмил меёбад ва ба дӯстдоштану эҳтиром кардани Логои нав мо ҳатман одат мекунем ва ҳатман аз пушти ана ҳамин Лого мо боз муборизаҳоро дар майдонҳои футболӣ идома медиҳем.

 Дар охир ба тамомии мухлисони даста барои самимона баҳс оростан дар атрофи нишону эмблем, сумбула-символ, Лого ва стереотипҳои клуби футболии Равшани маҳбубамон изҳори миннатдорӣ менамоем. Бовар кунед, шумо дар мавсими оянда Равшани тамоман дигарро хоҳед дид. Мо Метавонем!

 

Ғайрат Мираҳмадов,
Дилшод Назриев,

масъулини маъмурияти КФ Равшан

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube