МУОМИЛАИ ХУБ – КАФИЛИ САЛОМАТӢ

Ҳоло дар шаҳри Душанбе барои ташхису табобати беморон ва пешгирии бемориҳо тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Яке аз ингуна беморхонаҳо Муассисаи давлатии маркази саломатии ш.Душанбе №13, ки директораш Баҳриева Зевар мебошад, ҳаст.

Мудири ин муассиса Шаҳзода Холматова, ҳамшираи калон Буриева Мавсума, кормандони утоқҳои доругузаронӣ Сайёра Мустанова, Гулҷаҳон Собирова, Фарзонаи Камол, табибони оилавӣ Шамима Ҷӯраева, Мастура Собирова, табибони ҳозиқу варзидаю мутахассисони кордон Сафаров Фатҳулло мебошанд.

Ба ғайр аз ин Бобохонов Наимҷон – табиби дил (кардиолог), ёрдамчиаш Робия Тоҳирова корро чунон ба роҳ мондаанд, ки на фақат беморон, сокинони атроф ва кӯчаҳои таъиншуда, балки аз дигар кӯчаҳо ва маҳаллаҳои шаҳр ва берун аз он ҳам барои ташхису табобат ба ин маркази саломатӣ меоянд.

Аллакай аз даромадгоҳи маркази саломатии рақами 13-и ш.Душанбе шуморо бо 3 намуд чойи гарми аз алафҳои табиӣ – табобатӣ, аз он ҷумла, пудина, бобуна ва шифо омодашудаи ройгон пешвоз мегиранд. Барои калонсолон ташхису табобат ройгон буда, аз чунин муомила кас роҳат мекунад.

Муртазо Нуруллоев,

нафақагир,

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube