Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 16-уми декабри соли 2025 бозгӯи вазъияти воқеии кишвар, таҳлили амиқи равандҳои ҷаҳони муосир ва ҳамзамон самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар оғоз Президенти кишвар бо таваҷҷуҳ ба вазъи ҷаҳон таъкид намуданд, ки имрӯз инсоният дар шароити ниҳоят мураккаб қарор дорад. Буҳронҳои геополитикӣ, тағйирёбии иқлим, камобию хушксолӣ, болоравии нархи маводи ғизоӣ ва таҳдидҳои нави амниятӣ талаб мекунад, ки ҳар як давлат сиёсати хирадмандона, мустақилона ва дурбинорнаро пеш барад. Вобаста ба вазъи мураккаби ҷаҳон, афзоиши таҳдидҳо ба амният, тағйирёбии иқлим, камобӣ, хатарҳои геополитикӣ ва иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки дар чунин шароит таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва худшиносии шаҳрвандон, махсусан ҷавонону наврасон аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Андешаи муҳими Пешвои миллат таҳти шиори «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон», ки ба таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба давлатдории миллӣ ва ҳамзамон риояи арзишҳои волои дини мубини ислом равона шудааст. Зикр гардид, ки ислом бо фарҳангу тамаддуни миллӣ дар ҳамбастагӣ қарор дошта, ҳеҷ гоҳ муқобили манфиатҳои давлату миллат набудааст.
Ҳамчунин, мақсад, ҳадаф ва мазмуни эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додан ба корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» шарҳ дода шуда, саҳми ходимони дин дар тарбияи маънавии ҷомеа, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби мардум ба корҳои ободонию созандагӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар Паём ба масъалаи муҳофизат ва тарғиби ёдгориҳои таърихии Хутали қадим ва Саразм низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, таъкид шуд, ки ин ёдгориҳо шоҳиди тамаддуни бостонии тоҷикон буда, ҳифзу муаррифии вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Зимнан, риояи қатъии қонунҳои миллӣ, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳар гуна қонуншиканӣ ва таассуби сиёсӣ, миллӣ ва динӣ аз мавзуъҳои меҳварии вохӯрӣ ба ҳисоб рафт. Таъкид гардид, ки худдорӣ намудан аз ҳама гуна шаклҳои ифротгароӣ ва вокуниши саривақтӣ ба чунин амалҳо омили муҳими ҳифзи суботи ҷомеа мебошад.
Фурқат САМИЗОДА,
прокурори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
