ПЕШРАВИҲОИ ТИБ НАЗАРРАС АСТ‚ АММО…

Бояд қайд намуд‚ ки пешравию тараққиёти ин ё он соҳаи ҷамъияти мо ба роҳбар ва роҳбарии он шахси мутасаддӣ хеле вобастагии калон дорад. Дар давраи барои кормандани тиб хеле вазнину мушкил яъне «КОВИД» коронавирус‚ моҳи майи соли 2020 Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ таин гардида буданд ва тамоми мушкилиҳоро паси сар намуда, ба мувафақиятҳои назаррас сазовор гардиданд‚ ки офаринашон бод!

Аз суҳбат бо кормандони беморхонаи клиникии № 3‚ беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе‚ маркази давлатии солимгардонии «Истиқлол» ‚ собиқ толибилмони донишгоҳи тиббии ҷумҳурӣ метавон гуфт‚ ки вазир нисбат ба худ ва дигарон сахтгир‚ серталаб‚ меҳрубон‚ дастгиру ғамхори мардум ва махсусан толибилмон мебошад. Аз ин ҷост хулоса метавон кард‚ ки натиҷаи кори чунин инсони наҷиб дар оянда бузур аст ва дар интихобаш сарвари давлатамон хато накардаанд.

Зимнан барои пешрафти кори соҳаи тандурустӣ хуб мешуд дар донишомӯзию таҷрибаомӯзии толибилмони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ интизоми қатъии назоратӣ ҷори мешуд. Дар муассисаҳои тиббӣ устозону омӯзгорон  ва баъди хатми донишгоҳ дар гузариши интернатураю ординатура дар бемархонаҳо, аксаран духтурони собиқадору таҷрибадорон ба ординаторҳо‚ ки бе музд кору фаъолият мекунанд, аҳамияти кофӣ надода, таҷрибаҳои худро намеомӯзонанд ва ба  ҷарроҳиву муолиҷаҳои нодир камтар роҳ медиҳанд‚ ки ин махсусан дар пойтахт назаррас аст. Ё ин‚ ки ба хатмкардагони «тағодор» ҳамкорӣ мекунанду халос. Дар шаҳру ноҳияҳо бошад ба таҷрибаомӯзон ва ординаторҳо каму беш аҳамият дода, дар касбомӯзӣ дастгирӣ менамоянд.

Муаммои дигаре‚ ки вуҷуд дорад ин ба кор дохил гардидани хатмкунандагон аст. Вақтҳои пеш‚ пас аз хатми донишгоҳ ва гузаштани ординатура табибон дар беморхонаҳо бо фармони сардухтури ин ё он беморхона ба кор қабул карда мешуд. Имрӯзҳо бошад пас аз гузаштани интернатура ва ординатура барои кор гирифтан дар беморхонаҳо иҷозати раёсати кадрҳои вазорат ва шӯъбаҳои тандурустии вилоятҳо лозим аст‚ ки ин оворагии зиёди дилгиркунанда ба он оварда мерасонад‚ ки табиб аз баҳри кор барояд ё берун аз Тоҷикистон корҷӯӣ намояд.

Ҳасан Нарзуллоев‚

узви ИЖТ,

ш.Истаравшан,

Тел: 928066445‚ 907869615

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube