ҚОТИЛ ТУ МАЗАН БА ХУНИ МАН ДАСТ!

22.05.2024. Бо  ҳукми суди  вилояти Хатлон Солеҳов Ю.Х. бо моддаҳои зикршудаи кодекси ҷиноятӣ пурра  гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии моддаи 39 КҶ ҶТ(таҳрири соли 1961)  нисбаташ ҷазои ниҳоӣ  маҳрум намудан аз озодӣ ба мӯҳлати 15 сол (қаблан 8 сол дода будандғред.) ба ин қотил ҷазо дар колоннияҳои ислоҳии низомашон пурзӯр таъин карда шуд.

  Солеҳов Юсуф Холмуродович, 1 ҷавони 22-солаи бекорхӯҷа, замони ҷанги таҳмилии ба сари миллат бор намудаи душманони миллат ва хадамотҳои ҷосусии кишварҳои хориҷӣ, дар соли 1992 аз бенизомӣ ва беқонунӣ дар ҳудуди собиқ вилояти Қӯрғонтеппа дар ҳайати 1 гурӯҳи бекорхӯҷаҳое, ки сарварашон Хӯҷа Каримов будӣ даст ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ ва меҳнатии тоҷиктабор задааст.

Чунончӣ мавсуф аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигар ҷинояткорон бо мақсади ғаразнок, даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин задааст, ки он дар содир намудани куштор бо сангдилии махсус ва бо мақсади пинҳон кардани дигар ҷиноят, дидаю дониста қасдан куштани зани ҳомиладор, қасдан 2 ё чандин касро куштан, роҳзанӣ бо мақсади тасарруф намудани молу мулки шахсии гражданинҳо бо даромадан ба истиқоматгоҳ, қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр, бо роҳи оташ задан, ё дигар усули хавфи умумидошта, ки боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад ва суиқасд ба қасдан одамкуштан бо ҳолатҳои вазнинкунанда муқаррар мегарданд.

 

Куштори бераҳмонаи 23 нафар узви 1 оила

14.10.1992. Солеҳов Юсуф Холмуродович дар ҳайати гурӯҳи силоҳбадастон, ки байнашон ба ғайр аз тоҷикон намояндагони дигар миллатҳо низ ҳузур доштанд, ҳамроҳи Ёров Ориф Маҳмадисоевич, Каримов Садриддин Қурбонмуродович, Яров Алмат Ҳакималиевич, Бегматов Иброҳим Кӯкиевич, Мустафоев Фахриддин Сулаймонович, Насретдинов Саидбурҳон  Бобомуродович, Шери фархорӣ ном шахс ва дигарон ба деҳаи Сарбанди ҷамоати деҳоти Қизил-Қалъаи ноҳияи Хуросон рафтаанд.

Он ҷо ба ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Абдулоев Ҳасан, даромада бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани шаҳрвандони Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон  бо сангдилии махсус Абдуллоев Ҳасан,  аҳли оила ва хешовандони наздики ӯ, аз ҷумла завҷааш Абдулоева Салима Тӯраевна, писаронаш Абдуллоев Абдуғафор Ҳасанович, Абдуллаев Таджидин Хасанович, Абдулоев Саъди Хасанович, Абдуллоев Эмомиддин Ҳасанович, Абдулоев Холмаҳмад Ҳасанович, духтаронаш Назарова Бибихол Ҳасановна ва Абдуллоева Бибиоиша Ҳасановна, ки ҳомиладор буда, ҳолати ҳомиладориаш ба чашм аён буд, келинҳояш  Юсупова Ашурмо Амировна, Абдуллаева Фотима Хотамовна, Абдуллоева Бегимоҳ Абдурозиқовна, Салихова Зайнаб Нуралиевна, ки номбурдагон низ дар холати ҳомиладорӣ қарор доштанд,  додараш Абдулоев Мирзошариф, наберагонаш Абдуллоева Қумринисо Абдиғафоровна, Назарова Моҳраҷаб Маҳмадвалиевна, ҷиянҳояш Абдуллоев Саидмурод Абдуллоевич, Шукуров Шералӣ Назарович, Абдулоева Бибихол Давлатовна,  Норова Тоҷинисо Мирзошарифовна, Абдуллоева Муҳаббат Пардаалиевна, Абдуллоева Қурбонбӣ Маҳмадғаниевна ва Абдулоева Гавҳарбӣ Мирзошарифовнаро бо истифода аз яроқи оташфишони автоматҳои тамғаи Калашников паррондаанд (ному насаби марҳумон аз рӯи делои ҷиноятӣ омадааст-ред.)…

 

23 ҷасадро оташ заданд…

Солеҳов Ю.Х. ва ҳаммаслаконаш пас аз паррондани аъзои ин оилаи калони тоҷикони бегуноҳ, бо мақсади пинҳон кардани нишонаҳои ҷинояти мудҳиши  содирнамудаашон аз воситаҳои наклиётии ба оилаи Абдуллоевҳо тааллуқдошта, сӯзишвории навъи бензин гирифта, ба болои зиёда аз  23 нафар шахси тирборон кардаашон пош дода, бо истифодаи гӯгирд онҳоро оташ задаанд, ки дар натиҷа ашхоси парронидашуда, манзили истиқоматӣ ва  молу мулки дар ин хонаҳо буда сӯхта нобуд шуданд.

Новобаста аз хоҳишу иродаи Солеҳов Юсуф ва дигар ҷинояткорони бемиллат, аъзои ин оила – шаҳрвандон Назарова Бибихол Ҳасановна ва Абдуллоева Қумринисо Абдуғафоровнаи аз тирҳои яроқи оташфишон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта,  зинда монданд, ки баъдан аз ин ҳодисаи мудҳиши фашистии  ба сари 1 оилаи бузург овардаи ин шахсони дайду мардуми тоҷик ба шарофати онҳо огоҳии комил ёфт…

 

1 бор ҷастӣ, малахак

Солеҳов Ю.Х.  ва дигар ширкаткунандагони ин ҷинояти мудҳиши нисбати шахрвандони Тоҷикистон содирнамуда, автомашинаҳои сабукрави тамғаҳои ВАЗ-21011 ва ВАЗ-21013, ки ба оилаи Абдуллоевҳо тааллуқ дошту онҳоро замони шуравӣ бо арақи ҷабин ва  меҳнати пурфайзи шабонарӯзӣ ин аҳли оилаи  меҳнакаш дар заминҳои кишоварзии  водии Вахш  ба даст дароварда буданд, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.

Ин ақлбохтагону душманони миллати тоҷик гумон мекарданд, ки алангаи ҷанги шаҳрванди абадӣ дар Тоҷикистон давом кардаву онҳо бо ақли норасову қалби сиёҳи худ ба қатлу ғорати мардум  осоишта даст мезананд ва ба ин тартиб  бо роҳи роҳзани ва хуни мардумхӯрӣ зиндагии худро давом медиҳанд, бехабар аз он, ки ҳар амалро подоше хоҳад буд ва дер ё зуд шахси даст ба ҷиноят зада, дар назди “ҷаноби қонун” ҷавоб хоҳад дод.

 

Санҷиши дубораи парванда

Баъди тафтиши мӯшикофонаи парвандаи ҷиноятии мазкур аз ҷониби шуъбаи  тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилоят , парвандаи ҷиноятии мазкур бо тасдиқи фикри айбдорӣ аз ҷониби прокурори вилоят ба суд ирсол гашт.

Омӯзиши парвандаи ҷиноятӣ нишон дод, ки шаҳрванд Солеҳов Юсуф Холмуродович, 1.02.1970 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Хуросон, миллаташ тоҷик, оиладор соҳиби 4  фарзанд, таҳсилоташ миёнаи техникӣ, муваққатан бекор, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, Ҷамоати деҳоти Қизил-қалъа, деҳаи Бандар,  қаблан суд нашудааст, ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ машғул нашуда, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ даст ба ҷиноятҳои вазнин задааст.Нисбати мавсуф аз ҷониби шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан вазнини прокуратураи вилояти Хатлон бо аломатҳои   моддаҳои 104 бандҳои “а”, “г”, “е”, “ж”, “з”, 15 қисми 2-104 бандҳои “а”, “г”, “е”,  “з” , 156 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) ва моддаи 255 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон(таҳрири соли 1998) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакии он ба итмом ва ба суд ирсол карда шуд.

 Бо  ҳукми суди  вилояти Хатлон аз 22.05.2024 сол Солеҳов Ю.Х. бо моддаҳои зикшудаи кодекси ҷиноятӣ пурра  гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии моддаи 39 КҶ ҶТ(таҳрири соли 1961)  нисбаташ ҷазои ниҳоӣ  маҳрум намудан аз озодӣ ба мӯҳлати 15 сол (қаблан 8 сол дода буданд) бо адо намудани ҷазо дар колоннияҳои ислоҳии низомашон пурзӯр таъин карда шуд.

 

Варқа Зайниддинов,  

узви ИЖ ҶТ

 

Дар ҳамин маврид: Тақдири Хӯҷа командир

Ин хабар ба ёди мо Хӯҷа Каримов (Хӯҷа Командир), яке аз фармондеҳони Фронти халқиро дар солҳои 1992-1997 ба ёд овард, ки ҳокими мутлақ ё худ қизилбоши комили Ғозималик буду ин қотилон дар феҳристи боевикҳои ӯ. Ӯро пас аз 20 соли фирор дар таърихи 16.02.2020 дар ш.Дубай дастгир намуда, ба Душанбе оварданд. Моҳи феврали соли 2022 Хӯҷа Каримов ба 21 соли зиндон маҳкум шуд. Хӯҷа Командир ҳам мисли Юсуф Солиҳов кам одам накушту дуздиву ғорат накард…

Соли 1995, ҳини ба парлумон кӯч бастани қумандонҳо, Хӯҷа Каримов дар қатори Қурбону Султон Чоловҳо, Ёқубу Ғаффор Седойу Субҳону Сӯҳроб Қосимову чанд тани дигар депутат интихоб шуд. Ун вақт Шурои олӣ, миёни мардум бо исми «гӯшнавоз»-и «шурои қумандонҳо» ном дошт. Воқеан ҳам вақте фармондеҳон ба иҷлосия меомаданд, майдонро ҳазорон нафар ҷондору телеху боевик пахш мекард, ки шукри Худо аз ҳамаи унҳо ҷони мардум имрӯз халос аст.

Раҳмон Гитлеру Мирзо Ҷагаву Ризвону Мансури Мувакалу Ҳоҷӣ Ҳалиму Мулло Абдуллоҳо бошанд аз инҳо ҳам ситамгортар буданд!!!

Халқи Тоҷик бояд 1 нуктаи муҳимро фаромӯш накунад: ҳамаи ин зӯргӯён ва қотилону қумандонҳоро аз ҳарду ҷониб, маҳз Ҳукумати Марказӣ таҳти сарварии Президенти ҶТ, бартараф,  хунсо, маҳв ва ҳабс намуд, то ҷони мову шумо дар амну осоиш бошад. СССР то ҳаст ба ин мавзуъҳо рӯ меорад. Мо Метаввонем!

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube