ҚУБОДИЁН: ХИЗМАТРАСОНИИ САҲШ «МЕЛАНГАД»

Барои гирифтани маълумотнома ба бахши мазкур чанде пеш муроҷеъ шуда, аз чунин ҳолати хизматрасонӣ ҳайрон шуда мондам. Ба ман 3 маълумотнома лозим буд. Маълумотномаҳоро ба маблағи 500 сомонӣ бароям «фурухтанӣ» шуданд. Чизе нагуфта ин маблағро ба онҳо додаму соҳиби маълумотнома шудам. Лекин фаҳмиданӣ ҳастам, ки барои 3  ҳуҷҷат наход 500 сомонӣ талаб намоянд? Мардум пулро аз замин намерубаду аз дарахт намечинад. Аз даҳони онҳо чанде барояд нархгузорӣ менамоянд. Ягон нафаре ҳаст, ки бахши мазкурро назорат барад?  Чаро нархи хизматрасонӣ дар ягон ҷо насб нашудаву маблағ нақдӣ қабул карда мешавад? Магар мо ба низоми пардохти ғайринақдӣ нагузаштаем?

Бахтиёр Ҳайдаров, хонандаи доимии рӯзнома аз н.Қубодиён

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube