РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: БА РОҲ БАРО!!!

Ва ин роҳи обод гардад хароб,

Зи борону аз тобиши офтоб

 (Муаллиф худам)

17.11.2023. Соат ба вақти Бохтар 09:30 дақиқа. Ин навбат баъди нонпазиву моҳидорӣ ва лӯлигӣ аз редаксия супориш гирифтам, ки аз вазъияти роҳҳои маҳаллӣ, хосса байнидеҳавӣ, ки солҳои ахир мардум худ азм кардаанд тариқи ҳашар ва хайрот таъмиру мумфарш кунанд, дидан намоям. Супориши идорӣ пас аз нашри матлаби хонандаи доимии газетаи СССР аз н.Вахш Ҳазратқул Бобохонов дар шумораи гузашта дастур шуд. Ҳазратқул Бобохонов гуфта буд, ки сокинони бархе аз деҳаҳо «Садақаи ҷория» эълон намуда, барои таъмиру азнавсозии роҳҳои байнидеҳавӣ маблағ ҷамъ карда, ботадриҷ кӯчаву роҳҳои худро таъмир мекунанд. Зимнан хостем бо ин баҳона роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаро таҳлил намуда, матлабе омода созем.

Нахуст ҷониби ноҳияи Кӯшониён раҳсипор шудем. Чун ноҳия аз ҷиҳати масоҳат ҳам дар вилояти Хатлон калонтарин аст, чигунагии сифати назорат ҳам аз ҷониби масъулон назар ба 24 шаҳру ноҳияи хатлонӣ бояд дигаргуна бошад. Дар ҳудуди ноҳия мо расо 3 соат Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияро кофтем…

 

Масҷид ё Идораи роҳ?

Баъди саргардониҳои зиёд ҳолати ногуворе бароямон рух дод. Ниҳоятан маълумамон гашт, ки Идораи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Кӯшониён дар маркази шаҳри Бохтар ҷойгир буда, дар назди кадом масҷиде фаъолият доштааст. Ростӣ, аз оне, ки фаъолияти ин муасисса дар дохили шаҳр будааст, ҳайрон мондем, баъдан аз рӯйи одоб хостем бо роҳбараш сӯҳбат намуда, вазъиятро пурсон шавем.

Аммо раиси “серкору сермасъулият” ҳеҷ не, ки ба зангҳоямон ҷавоб диҳад. Дар охир ҷавоб доданду аммо ҳеҷ не биёянд (Маълум, ки корашон зиёд аст. Чун мавсими боронгариҳои шуруъ мешаванд). Барои ҳамин одами камёфт шуда мондагӣ- дия!

Ниҳоятан баъди интизориҳои тӯлонӣ роҳбари муассиса мӯҳтарам Ҷ. Ҳакимзод ба “Идорааш” ҳозир шуд ва мо аз ҳолати кор воқифаш намудем. Аммо ин раиси “серкор” моро бе гапу чак ҷавоб доданӣ шуда, нахост ҳамсӯҳбат гарданд. Тавре маълум буд, хело серкор менамуданд.  Бо маълумотномае ҷонашонро аз мо барин рӯзноманигорони хира халос кардан мехостанд. Раис баъди аҳволпурсӣ аз мутахассис хоҳиш кард, ки иттилои заруриро ба мо дастрас намоянд. Аммо бинобар сабаби кор накардани асбоби нусхабардорӣ, яъне принтер мо маҷбур шудем нусхаи аслро аз дасти онҳо гирем. Ҳарчанд хело нороҳат ҳам шуданд.

Ё маълумоти онҳо хато, ё чашми мо нобино

Ёдовар бояд шуд, ки дар тавозуни муассисаи давлатии идораи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Кӯшониён 230 км роҳҳои автомобилгард вобаста шудааст. Оё ин рост аст ё не, касе дақиқ накардааст. Он маълумотномае, ки дастрас намудем, бо боварӣ гуфта метавонем, ки аз нисф зиёдаш рост нест. Айни ҳол дар ҳама ҷой мавсими омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2023- 2024 идома дорад. Аммо дар маълумотнома фаъолияти давраи 2022-2023 дарҷ гардидааст. Бо чунин маълумоти бардурӯғ куҷо равонаем?

Маълум, ки масъулони дар ин идора фаъолиятдошта танҳо аз варақаи иттилоотӣ огаҳанду халос. Вале фактҳои дар варақа буда, рост нестанд. 1 бор ба дохилаш нигаред, масъулони Идора, ки тибқи нақшаи кадом солҳо шумо кор карда истодаед???

 

Бо 2,5 млн куҷо обод шуд?

Ё худ «Зинда бош, соҳибкор!»

Дар давоми 10 моҳи соли 2023 аз тарафи Муассисаи нигаҳдории роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта, ҷамъулҷамъ бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 2,500,000 сомонӣ гуё роҳҳои махаллӣ ободу мумфарш шуда бошанд. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки бо ин миқдор маблағи калон наход дар ноҳия ягон роҳҳои нообод монда бошад? Тавре масъулон мегӯянд мо дар ноҳия ягон роҳи нообод надорем! Бошанд ҳам дар варақа нест ва то журналист худаш набинад, аз куҷо метавон ба он маълумот бовар кард?

Мо низ чанде дар ноҳия гашта, мушоҳида намудем, ки ҳоло ҳам ҳастанд, роҳҳое, ки бо вуҷуди ободӣ таъмир мехоҳанд. Соҳибкорони бонангу номуси ноҳияи Кӯшониён имсол тасмим гирифтанд, ки зери сиёсати созандаи Пешвои Муаззами миллат дар таъмири роҳҳои маҳаллӣ саҳм гузоранд, ки ҳалолашон бод. Чи хуб аст, ки онҳо ҳам дасту остин бар зада, ободкорӣ мекунанд. Зиҳӣ чунин соҳибкорони ватандуст! Вале Идораи таъмири роҳҳо бо чӣ кор банд бошад???

 

Воқеият кадом аст?

«Барои гузаронидани фасли замистон дар корхона 4 адад техникаи роҳсозӣ омодаи кор мебошанд. Барои коргарон бошад 15 адад либоси зимистона, пойпӯшҳо ва дастпӯшакҳо дастрас гардида, 1 ҳуҷраи истироҳатӣ бо тамоми лавозимот муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ва ҳамарӯза бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд!», оварда шудааст дар маълумотнома. Бисёр мехоҳем ба он боварӣ ҳосил намоем, ки ин гуфтаҳо асоси воқеӣ дошта бошанд? Чунки Муассисаи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Кӯшониён, ки худ дар шаҳри Бохтар ҷой дораду гӯё, ки 1 идора барои ҳам шаҳр ва ҳам ноҳия хизмат мерасонида бошад, аз шароити муосир баҳраманд нест…

 

4 техника зидди зимистони қаҳратун

Мувофиқи нақшаҳои тасдиқгардида дар ин давра, барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳо ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кушониён аз тарафи Вазорати нақлиёт ба маблағи 307,137 сомонӣ нақшбандӣ гаштаст. Дар ин давра барои музди меҳнат, маблағи андози иҷтимоӣ, аъзоҳақии ҳизбиён, андози даромад аз шахсони воқеӣ ва хароҷотҳои ғайр ба маблағи 307,137 сомонӣ сарф шудааст. Саволе ба миён меояд, ки роҳсозон бо 4 адад техникаи роҳсозӣ оё дар фасли зимистон бехатарии роҳҳоро дар ноҳия таъмин мекарда бошанд? Агар ҳа, пас танҳо роҳҳои дохили ноҳияро? Роҳҳои дохилии ҳудуди ҷамоату деҳаҳо ҳаволаашон ба Худо?!

Аз ҳама аҷибаш он буд, ки касе аз масъулин намедонист, ки аз ҳисоби сокинон, мардуми маҳал ва соҳибкорону шахсони эҳсонкор дар миқёси 1 ноҳияи калон чанд км роҳҳои мошингарду пиёдагарди байнидеҳавӣ таъмиру таҷдид ва мумфарш гаштааст. Ҳол он ки пули ҷамъгаштаро ҳама медонад: 2,5 млн сомонӣ!!!

Воқеан ҳам хеле маблағи бештар аз оне, ки вазорати нақлиёт ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кушониён ҷудо кардааст. Мавзӯъро пайгир мемонем.  Мо Метавонем!

 

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон  

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube