РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ЧАРОГОҲ РАВ!

Баъди супоришҳои пайдарпайи редаксия ин ҳафта тасмим гирифтем, ки ба чарогоҳҳо, ҷое, ки бузу гӯсфанд,  бичаву баррачаҳо ба дунё меоянд, сафар намоем. Хушбахтона «омад ба сарам аз он чи ки орзу доштам!».

Муддате дар овони наврасӣ орзу доштам, ки аз наздик дар галаи калони чорво боре ҳам бошам. Ва ШУДАМ! Барои ворид шудан ба чунин галаи калон танҳо ба шумо лозим аст бо галлабону чӯпонҳо «гапзанон» кунед. Чӯпонҳо одамони одӣ нестанд!!! Бовар кун, хонанда, ин дар очерку репортажҳо онҳоро одамони содаву хоксор мебине(м)д…

 

Чарогоҳ ва дезинфексия

14.12.2023. Соат ба вақти Бохтар 10:25 дақиқа. Барои пайдо кардани маълумоти бештари соҳаи чорводорӣ ба Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон раҳсипор шудем. Дар ин ниҳоди муҳими вилояти аграрӣ ба мо маълумот доданд, ки ба чарогоҳҳо кор надоранд, зеро ин бахш дигар дар итоати онҳо набуда, аллакай қисми ҷудогонаи кишоварзист. Ба шумо низ хонандаи азиз оё аҷиб наменамояд, ки Раёсат зертобеони соҳаашро аллакай фаромӯш кардааст? Оё дар ҳақиқат гуфтаҳои кормандони соҳа рост бошад ё на? Саволи риторикӣ аст!

Аммо мақоли машҳури пири журналистони Тоҷик-Воҳид Мирашурович Асрорӣ «аз дар заданд, аз тиреза даро!»-ро пеша карда, мо ба Филиали Муассисаи давлатии “Трести чарогоҳу мелиоративӣ” дар минтақаи Бохтар муроҷиат намудем. Огаҳӣ ёфтем, ки дар миқёси вилояти Хатлон 2,5 млн га замин чарогоҳҳо мавҷуд буда, аз инҳо ҳамаашон барои чорводорӣ равона карда шудааст.

– Заминҳои бештари чарогоҳҳо дар ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, Хуросон, Панҷу Ҷайҳун, Вахш, Балхӣ ва Кӯшониён ҷойгиранд, гуфт дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР сардори ин филиал Ҳасанзода Меъроҷ. Аслан хонандаи азиз шояд дар зеҳнат саволе пайдо шавад, ки вазифаи ин филиал аз чиҳо иборат аст? Ба ин суоламон ҳам посух гуфтанд, ки «ҳангоми рондани галаи чорво аз 2 гузаргоҳ, яъне барои безараргардонии сумби чорво онҳо мусоидат намуда, ба қавле дезинфексия менамоем!». Ва гуфтан ҷоиз аст, ки ин гузаргоҳҳо комилан ройгонанд. Дар заминҳои чудогардида, ки ба чарогоҳҳо рабт дорад, ба  хоҷагиҳои деҳқонӣ, хоҷагиҳои инфиродӣ, вобаста шудаанд.

 

3 млн сар чорво дар вилоят

Тавре Меъроҷ Ҳасанзода иттилоъ дод, дар вилояти Хатлон аз рӯйи нишондодҳо қариб 3 млн сар чорвои майдаву калони шохдору бешох ба қайд гирифта шуда, чуноне маълумот пайдо кардем, дар заминҳои чарогоҳҳои ҳудуди Хатлон аз вилояти Суғд низ рамаҳо омада,  зимистонгузаронӣ мекардаанд.

Зимистонгузаронии онҳо ба таври шартномавӣ анҷом ёфта, барои ин бо хоҷагиҳои заминдор гуфтугузор мекардаанд. Кормандони филиали «Трести чарогоҳҳу мелиоративии минтақаи Бохтар» пайваста аз аҳволи онҳо хабардоранд ва аз шароити гузаргоҳҳо ва ҳамзамон ҷойи нигоҳбонии чорво доиман огаҳ мешаванд.

Мувофиқи иттилои филиали мазкур дар ҳолати 15.11.2023 дар минтақаи Бохтар оиди ҷамъбасти баргаштани чорво аз чарогоҳҳои тобистона ба чарогоҳҳои зимистона саршумори ҳайвони майдаи шохдор дар ҷамъ 887187 адад ва ҳайвони калони шохдор 483 сарро ташкил медиҳад. Ба онҳо 2776 чӯпон ҳамроҳ пайвастаанд. Чарогоҳҳои зимистона асосан дар ноҳияҳои Ромит, Сангвор, Рашт, Лахш, Файзобод, Нуробод ҷойгир мебошанд.

 

Айлоқ ҷойи орзуҳо

Вожаи «айлоқ»-ро баъзеҳо шояд мисли ман дар кӯдакӣ фаҳмида бошанд. Лекин бо бузург шудан майли ба он рафтану аз наздик бо чашми сар дидани подаву рамаи зиёди гову мол ин тамоман чизи дигар аст. Дар мо дар деҳот ҳар оила дар хона гову мол дорад. Дар қишлоқ бе ин намешавад, аммо аз 1 сар то 3 сар. Лек дидани гӯсфанду бузу бузғолаи калону майда ва бо рангҳои гуногун ин тамоман чизи дигар аст. Одамони шаҳр вақте ба деҳот меоянд, ҳангоме, ки бо чунин галлаи калон рӯ ба рӯ мешаванд, махсусан кӯдаконро эҳсоси хурсандӣ фаро мегирад. Ана ҳамин тавр ман ҳам орзу доштам, ки боре ҳам аз наздик галлаву рамаеро  бубинам…

 

Чӯпонӣ касби пурмасъулият?!

Бархеҳо шояд ба маънии чӯпони асил будан сарфаҳм нараванд ва онро 1 касби бекорхуҷагӣ унвон кунанд, вале то ҷое ман дар ин сафари худ дидаму фаҳмидам чӯпон будан ба ҳар кас муяссар намешавад! Зеро бари чӯпони ҳақиқӣ будан мо бояд пеш аз ҳама мутахассиси хуб бошем. Ҳам қассобу ҳам доя, ҳам духтуру ҳам даллол ва ҳам дониши хуби математикро доро бояд буд. Ҷасорат низ ба чӯпонҳо рабти беандоза дорад. Ҳамаи инҳоро аз бару аз худ, ки кардӣ пас туро метавон ном ниҳод:  ЧӮПОН!!!

 

Ман ва саги чӯпонӣ…

Бо расидани одами ношинос ба галлаи бузу гӯсфандон сагҳои калони ба қавли мардум чӯпонӣ шуморо пешвоз мегиранд. Яъне онҳо намегузоранд нафари ғайр ба галла наздик шавад. Онҳоро асосан посбонони галла мегӯянд. Ғайр аз сагҳо боз аспу хар низ ҳамроҳашон мегарданд. Дар омода намудани матлаби мазкур мо қариб хӯроки чунин сагҳо мешудем. Зеро барояшон ноошно будем.

 

Чарогоҳҳои мавсимӣ ва доимӣ

Шералии Аслон чӯпоне, ки дар рамааш 3, 5 ҳазор моли калону майда дорад, мегӯяд, ки барои чаронидани мол, мо дар 4 фасли сол анқариб тамоми чарогоҳҳои Тоҷикистонро давр мезанем. Сар аз Кушониён то ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва ҳатто Панҷакенту Қубодиён меравем. Аммо мушкилоти асоси ин аст, ки аксарият чарогоҳҳо хусусӣ ва мол низ аз бойбачаҳо шудааст. Ба куҷое, ки наравӣ онҷоро ба номи кадом 1  Ҳоҷибой ва ё мансабдор мӯҳр задаанд. “Мисле, ки санги қади роҳро, ки Ҷамшеди Ҳалим дар намоиши «Лаҳзаҳои гуворо» аз худ намуда буд!

– Мо имрӯз бо аксарият хоҷагиҳо шартнома дорем ва агар мабодо молатро ба чарогоҳҳои ношинос барӣ ҷаримабандӣ мешавӣ. Мо 10 сол пештар вақте ба чаронидани гову моламон мебаромадем ва ҷои сералафу мусоид мекофтем, ҳама ҷой бароямон мувофиқ буд. Аммо ҳоло қариб на ҳама ҷойро метавон барои чаронидани гала интихоб кард, зеро хусусӣ шудаанд –  зимни сӯҳбат илова кард Шералии Аслон.

 

Мавсими тулак

Мусоҳиби мо афзуд, ки дар ин мавсим мо хело азоб мекашем. Чунки ин мавсим айёмест, ки барои чорво ҳам муҳим ва ҳам ғизои хуб лозим аст. Ҳангоми тулак гирифтан бо аксарият чарогоҳҳо чӯпонҳо шартнома мебанданд, зеро дар ин вақт корашон масъулияти баландро тақозо менамояд. Бояд дар ин мавсим, ки ба охирҳои тобистон рост меояд ва тавре мутахассисон мегӯянд, аз 25 август то охири сентябр тӯл мекашад, молҳои ҳаҷмашон калон 2 маротиба тулак мегиранд, яъне молро бордор мекунанд…

 

Чарогоҳ ва бойбача

Имрӯз қисмати зиёди гову моли чӯпонҳо аз бойбачаҳост. Дар ҳама кӯҳу пуштаҳо молҳои одамони сарватмандон мечарад. Ба кадом чарогоҳе, ки наравӣ, мегӯяд молҳои Саидқулу Валиқулу Алиқулу кадом боз мансабдори дигарест. Аммо саволе ба миён меояд, ки чаро онҳо дар шаҳр нишаста, барои гову молашон чарогоҳҳоро аз худ мекунанд? Ва чаро 1 камбағали бечораи деҳотӣ наметавонад бузу гуспандашро дар ин ҷо чаронад? Ё чаро дар оғили нимсохти вай ба ғайр аз 1-2 гови лоғари аз алаф носе, ки онҳоро ба чаро бурда наметавонад, нест? Суоли риторикист, албатта.

 

Касби чорвопарварӣ нодаркор шуд!?

Ба назар чунин мерасад, ки дар донишгоҳи аграрӣ мутахассиси чунин соҳаро тайёр намекунанд. Ё мардум гумон доранд, ки барои парваридани гову мол ихтисос лозим нест? Лозим аст. Ещё как лозим аст!!! Мисол меорам: Соле пеш кадом беморие ба гову молҳои чандин деҳоти ноҳияи Вахш таҳдид намуду шумораи зиёди одамон чандин сар моли калону майдаи худро аз даст доданд. Дар он вақт онҳо мутахассис кофтанд, то ҷони мешашонро наҷот диҳанд. Аммо мутахассис ёфт нашуд, ки нашуд. Ана ҳамин бепарвоӣ нисбати касби болозикр сари чандин ҳазор молро хурд…

 

Чӯпонҳои радиошунав

Ҳангоме ба рамаи бешумор ворид мешавӣ, мушоҳида мекунӣ, ки чӯпонҳо дар даст радио доранд. Албатта, онҳо ҳамроҳ телевизор дошта наметавонанд. Ба ин хотир ҳамеша бо худ радио мегардонанд, то аз барномаҳои радиоӣ огаҳ бошанду ҳамчунин аз вазъи боду ҳаво ва сиёсати давлат бархурдор гарданд. Аз мусиқӣ ҳам фароғат мебаранд. Чӯпонҳо гумонам вақти бекорӣ надоранд. Чун рӯзи дароз аз пайи ин қадар моли зиёд давидан дилхоҳ касро афгор месозад.

Умуман чӯпон будан касбе будааст пурмасъулият ва ҳам сертараддуд. Инро зимни омодасозии матлаб бештар эҳсос кардам. Ва агар рафту ба зери дандони сагҳои чӯпонӣ меафтодам, пас намедонам чи мешуд!!!!!!

Редаксияи азиз! Аз ин пас супоришҳои сабуктар медодагистед. Барои он, ки аз пайи орзуҳо шуда, куҷоҳое, ки нарафтам!

Мо Метавонем!

 

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube