РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ГУМШУДАРО ЁБ!!!

Дар ҷустуҷӯи Насриддин…

Таври маълум ҳар фармудаву дархости хонанда нури чашми мост. Зимнан, чун дар шумораи қаблӣ (СССР№16 (812, аз 18.04.2024) хонандае навишт, ки “Бародарамро меҷӯям!”, сардабир ба директори корпункти СССР дар Маскав, Шамсудин Бобоев (Ш. Муқим), ҳанӯз қабл аз нашри газета, яъне дар таърихи 17.04.2024 амр кард:

– Шарқи Дурро коб ва Назриддинро ёб!!!

 

Супоришро гирифта, ҳамин замон ба ташкилоти россиягии Шарқи Дур, ки роҳбараш аз тоҷдорон аст, навиштам. Ҳоло интизори ҷавоби ӯ ҳастем.

Баъд роҳҳои дигаре ҳаст, ки Назриддинро кобем. Мо Метавонем!

 

 Бо дуруд ба хоҳари азиз Моҳтоб!

Имрӯз аз ҷониби сармуҳаррири рӯзномаи “СССР” Сайёфи Мизроб чунин супориш омад, ки муаллим Аҳлиддин Наҷмиддинов ном сокини н. Вахш, бародараш Назриддин Шамсиддиновро меҷӯяд. Барои чӣ ба Шумои муҳтарама муроҷиат дорем?

Сабаб он аст, ки муаллим Наҷмиддинов дар мактубаш аз он ишора дорад, ки:

Ба қарибӣ хабар ёфтам, ки бародарам Назриддин Шамсиддинов дар Русия дар Шарқи Дур дар кадом шӯъбаи ташкилоти ҷамъиятӣ ба ҳайси муовини раис кор мекардааст”.

Бинобар ҳамин, аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ки агар дар бораи Назриддин Шамсиддинов маълумоте дошта бошед, ба мо равон кунед. Ҳама гуна ҷавоби Шумо барои идома додани ҷустуҷӯ кумак хоҳад расонд.

 

Бо эҳтиром Шамсиддини Муқим,

мухбири махсуси

рӯзномаи “СССР” дар Россия

 

 

Дар Шарқи Дур чунин муовин нест!!!

 

Ва имрӯз аз роҳбари ҷамъияти Шарқи Дур Маҳтоб Ғаффурова чунин хабар гарифтам:

 

[09:25, 17.04.2024] Маҳтоб Ғаффурова: Акаҷон дар минтақаи Шарқи Дур ягон ҷонишин нест бо ин хел фамилия. Ҳамаро пурсидам…

 

[09:26, 17.04.2024] Shamsuddin: Хорошо. Мекобем.

 

[09:48, 17.04.2024] Shamsuddin: Эҳтимол дорад, ки ба МВДи Шарқи Дур муроҷиат кунем?

 

[09:50, 17.04.2024] Маҳтоб Ғаффурова: Сураташро равон кардан имконият надорад?

 

[09:51, 17.04.2024] Маҳтоб Ғаффурова: Ақаллан соли таваллуд, моҳу рӯзро донистан лозим.

 

[09:51, 17.04.2024] Маҳтоб Ғаффурова: Насриддин ном тоҷикеро ёфтем, лекин  Назриддин наёфтем. Насриддинро ҳам фамилияаш Шамсудинов нест…

 

  

Пас чӣ бояд кард?

Хонандагон ва мухлисини ҳафтаномаи СССР! Мутаассуф, бо чунин равиш (метод)-и корбарӣ мо чизе пайдо карда наметавонем. Чӣ бояд кард?

Аз кормандони “СССР” хоҳиш карда мешавад, ки минбаъд ҳини чунин муроҷиат аз шаҳрванд дар дилхоҳ масъала ба монанди:

  1. Кофтукови одами гумшуда.
  2. Маълум кардани ҷойи кор, ё зист.

… Ва ғайра ва ҳоказо, ин хел амал бояд кунанд:

Ҷадвали зайлро бо кумаки муроҷиаткунанда то ҳадди имкон дуруст пур карда, баъд ба иҷройиш, ё коргузорӣ (делопроизводство)-и “СССР” даровардан мумкин аст.

Барои кофтукови дилхоҳ шахс чунин маълумотҳои муҳим хеле заруранд:

  1. Ном ва номи падар. Бо русӣ ФИО даркор аст. Дар ин чанд соли охир шаҳрвандон маротибҳо ном ва номи падарро иваз кардаанд. Агар иваз карда бошанд, номи пешинро низ бояд навишт.
  2. Сурат. Хоҳиш карда мешавад, ки чанд сурати сифаташ баландро пешкаш кунед.
  3. Нусхаи ягон ҳуҷҷат, ба монанди шиноснома, шаҳодатномаи таваллуд, аттестати мактаби миёна, ҳуҷҷати ронандагӣ, ё дигар ҳуҷҷате, ки дар дасти муроҷиаткунанда вуҷуд дорад.
  4. Рақами телефони ҳам муроҷиаткунанда ва низ одаме, ки бояд ёфт шавад, хеле лозим аст, то мо бо онҳо дар тамос шавем.
  5. Ҳатман ному насаби чанд шиноси он гумшуда, рақами телефони онҳоро низ бояд гирифт. Бисёр вақт ба воситаи ана ҳамин шиносу дӯстон мо зуд гумшударо пайдо мекунем.
  6. ФИО-и муроҷиаткунанда ва телефони ӯ низ хеле зарур аст.
  7. Кадом рӯз, моҳ, ё сол аз Тоҷикистон ба Россия сафар кардааст.
  8. Дар кадом минтақаи кадом вилояти ФР иқомат дорад.

Хоҳиш, ки дар бораи Назриддин Шамсиддинов низ маълумоти дар боло зикр шударо пайдо кунед.  Ҳозир роҳбари ҷамъияти Шарқи Дур сурати Назриддин Шамсиддиновро интизор аст.

 

Муроҷиат аз Кремл ба газетаи СССР

Аз сармуҳаррир Сайёфи Мизроб хоҳиш карда мешавад, ки дастури нави кофтукови шаҳрвандонро тартиб дода, дар ҳар саҳфаи рӯзнома алоҳида нашр кунад. Бигузор эҳтиёҷманде дастурро хонда, баҳузур навишта, пур карда, онро сурат гирифта, ё худаш оварда, ба дилхоҳ корманди “СССР” супорад, ё ба сандуқи мактубҳо гузорад.

Зеро ба рӯзнома чунин муроҷиат хеле зиёд карда мешавад. Вале дар аксари ҳол маълумоти дурусте дар бораи пайдо кардани гумшуда, равон карда намешавад. Барои ҳамин аз хонандаи муҳтарам хоҳиш карда мешавад, ки ин Дастури газетаро дуруст хонда, баъдан ба корпункти Маскавии мо муроҷиат кунанд. Низ агар хонанда барои дуруст навиштани ин Дастур мушкилӣ дошта бошад, бо мо дар тамос шавед. Кумак мекунем. Мо метавонем!

 

Дастури

рӯзномаи мардумии “СССР” барои дарёфти шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишвар гум шудаанд. Аз хонандаи муҳтарам хоҳиш карда мешавад, ки дар сурати зарурати муроҷиат ҷадвали зеринро пур карда, ба мо ирсол намояд:

  

1. Ному насаби гумшуда.  
2. Ному насаби ивазкарда, яъне номи пешинаи гумшуда (агар иваз карда бошад).  
3. Ному насаби муроҷиаткунанда.  
4. Телефони муроҷиаткунанда.  
5. Рӯз, моҳ, соли таввалуди гумшуда.  
6. Суроғаи таввалуд, ё ҷои истиқомати гумшуда дар Ватан.  
6. Суроғаи ҷои истиқомати гумшуда дар хориҷи кишвар.  
7. Телефон, ё почтаи электронии гумшуда.  
8.Телефон, ё почтаи электронии шинос, ё дӯстони гумшуда.  
9. Нусхаи шиноснома, шаҳодатномаи таваллуд, шаҳодатномаи ронандагӣ, ё дилхоҳ ҳуҷҷати расмие, ки дар даст дошта бошед, ба суроғаи info@cccp.tj, jamila_h@mail.ru, dboboev@mail.ru,   idibek-67@mail.ru, ё dostievs@mail.ru равон кунед.  
10. Чанд дона сурати гумшударо ба суроғаи электронии мо info@cccp.tj; idibek-67@mail.ru, ё dostievs@mail.ru равон кунед.  
11. Муносибати хешутаборӣ, яъне гумшуда, ба муроҷиаткунанда кист.  
12. Сабаби муроҷиат барои ёфтани ин шаҳрванд.  
13. Дар сурати пайдо шудани суоле, метавонед ба телефони: 918696509; 2385556; 933876565 ё 551002323 муроҷиат намоед. Кормандони “СССР” ҳамеша дастгири шумоянд.  

Аз СССР: “Ищу тебя” дар амал!!!

Дар Россия барномаи телевизионии “Ищу тебя” хеле одамонро ба висоли ҳамдигарӣ, махсус баъди пошхӯрди СССР, расонидааст. Ин барномаро тоҷикон низ хуб медонанд. Зимнан, бо такя ба муроҷиати муаллими вахшӣ, Аҳлиддин Наҷмиддинов, ки дарди дили ҳазорон – ҳазор тоҷики хешу пайванд гум кардааст, СССР тасмим гирифт, гумшудаҳои шуморо низ кобад ва пайдо карда, Тоҷиконро ба висоли падару модар, зану фарзанд ва бародару хоҳар расонад. Бо мо бошед дар ин проекти нав, ки Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube