РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ХОБГОҲ РАВ!

Супориши навбатии идорӣ ин маротиб хабардор шудан аз вазъи имрӯзаи коллеҷҳои ҳудуди шаҳри Бохтар ва ба зимистонгузаронӣ тайёр будан ё набудани хобгоҳҳои макотиби олӣ иборат буд. Хобгоҳҳо имрӯз дар чӣ гуна вазъият қарор доранд? Бошандагони хобгоҳҳо аз кадом шароит бархӯрдоранд? Ин буд мавзуъе, ки мо ҳафтаи гузашта пайгирӣ кардем.

 

Хобгоҳ ё коллеҷ?

Дар дохили хобгоҳи Муассисаи таълимии коллеҷи махсусгардонидашудаи ш.Бохтар, Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият дорад. Аҷобати корро бинед, ки дар дохили хобгоҳ коллеҷи омӯзгорӣ ба таълиму тадрис машғул аст…

Ҳангоме, ки вориди коллеҷи болозикр шудем, касеро пайдо накардем. Ба мо гуфтанд, ки ҳама дар шанбегӣ ва нахостем нороҳаташон созем. Зани миёнасол, ки худро Зуҳро Собирова унвон кард, ҳамсӯҳбатамон шуд. Мавсуф иброз дошт, ки мувофиқи дастуру дархости Вазорати кишоварзӣ аз санаи 2.08.2017 «Оид ба истифода додани яке аз биноҳои таълимии коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар ба Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав барои муваққатан ба иҷора додани бинои таълимии №3 бо риояи тартиботи дохилӣ ва оинномавии Коллеҷи мазкур» рухсат дода шудааст. Тибқи ҳамин иҷозатнома коллеҷи мазкур дар хобгоҳи Муассисаи болозикр фаъолият пеш мебарад.

Ба гуфтаи Зуҳро Собирова барои таълим қаблан одитарин шароит набуд. Бо ташаббуси худи омӯзгорон ин ҷой дар 1 муддати кӯтоҳ ба макони таълимӣ табдил ёфт. Имрӯз дар ҳар 1 аудитория то 25 таълимгиранда савод меомӯзад. Дар ҷамъ 69 омӯзгор бо онҳо машғули тадрисанд. Коллеҷи мазкур аз рӯйи 12 ихтисос амал намуда, то имрӯз норасоии кадрӣ вуҷуд дорад.

Нуралӣ Ализода, омӯзгори ин муассиса низ гуфтаҳои Зуҳро Собировро мукаммал сохта афзуд, ки 2 вазорати калидии кишвар дар мувофиқа бо якдигар биноро ба иҷора гирифта, аз соли 2017 онҳо дар ин ҷо машғул ба таълими донишҷӯёнанд.

Пандемия ва маблағҳои муаллақ

Нуралӣ Ализода дар сӯҳбат илова кард, ки бо фаро расидани пандемия сохтмони бинои Коллеҷ муаллақ монд.

Мо бояд то соли 2021 ба бинои навсохти коллеҷ мегузаштем. Аммо пандемия ва грантҳои ҷудогардида бо сабабҳои гаронии нархи маводи сохтмонӣ номуайян боқӣ монд. Ҳаҷми маблағҳои ҷудогардида ҳам аз ҳисоби ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳам аз ҳисоби шартнома 100, 000000 сомониро ташкил мекард. 2 ҳазор донишҷӯ бояд тибқи нақша қабул мешуд. Аммо қабули довталабон 36 % – ро нишон дод. Мо ҳаддалимкон таҳсили донишҷуёнро ба роҳ мондаем. Аудиторияҳо ба талаботи муосир ҷавобгӯй набошанд ҳам, умед ба ояндаи дурахшон дорем, таъкид дошт мавсуф.

– Дар ҳар 1 синфхона теъдоди донишҷӯён шояд аз 10-15 нафар зиёд набошад. Дар 2-3 соли охир шумораи ками донишҷуён тамоми омӯзгоронро нигарон кардааст. Солҳои пеш то 3 ҳазор донишҷӯ инҷо таҳсилу тадрис мекард, аммо ҳоло ин теъдод ба маротиб коҳиш ёфтааст, – гуфт дар суҳбат Комил Мирзоев, муовини директори коллеҷи мазкур.

 

Иҷора 1 сол буд…

Мушоҳидаҳои шахсӣ бозгуйи онанд, ки омӯзгорони ин макони таълимӣ мехоҳанд бинои худро дошта бошанд, кору пайкори худро дар утоқҳои ба меъёр ҷавобгӯ гузаронанд. Моро ҳар рӯз аз хобгоҳ пеш мекунанд. Аммо ҳамин саргардониҳои фасли сармо дилбазан кардааст. Чунки онҳо дар хобгоҳи коллеҷи аграрӣ иқомат доранд, мегӯянд омӯзгорон.

Пайи посух ин саволҳо ба коллеҷи махсусгардонидашуда, ки дар тавозуни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав қарор дорад, раҳсипор шуда, бо директори он Сабзаалӣ Амиров суҳбати кӯтоҳе анҷом додем.

Сабзаалӣ Амиров иттилоъ дод, ки тибқи дархости вазири ҳамонвақтаи давр Нуриддин Саид ва бо ризои муассис – Вазорати кишоварзӣ то ба итмом расидани бинои нави таълимӣ мо муваззаф гардидем, ки дар коллеҷи омӯзгорӣ биное ҷудо намоем.

– Албатта ба таври иҷора ва дар масъалаи иҷорапулӣ бошад, ҳар донишҷӯ моҳе 60 сомонӣ иҷорапулӣ месупорад. Мисли донишҷӯёни коллеҷи махсусгардонидашуда. Ҳолати хобгоҳи коллеҷи омӯзгорӣ? Бубахшед, вале ин ба ман тааллуқ надорад! Аз руйи нақшаи қабули донишҷуён, агар 100 фисад таъмин шавад, барои мо синфхонаҳои коллеҷ басӣ намекунад. Ҳаҷми қабулкунии донишҷӯён бошад 350 нафарро ташкил менамояд, – афзуд С. Амиров.

Ноилоҷӣ…

Дар раванди омӯзиш 1 чиз бароямон аҷиб намуд, ки он утоқу синфхонаҳои дар хобгоҳ ихтиёр намуда буд:  дар коллеҷи омӯзгорӣ аз рӯйи ноилоҷӣ онҳоро ба кабинетҳои лексионӣ иваз намудаанд. Ин ҳама аз ноилоҷист!!!!

 

Фаъолияти шартномавӣ

Ногуфта намонад, ки кормандони коллеҷи омӯзгорӣ тариқи шартнома ба бинои коллеҷи махсусгардонидашуда роҳ ёфтаанд, аммо барои хезондани онҳо аз бино ягон бор мактуб ирсол накардаанд.

Аҳли коллективи омӯзгорони коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар, ки зертобеи Донишгоҳ аст, аз ректори Донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода, ки ӯро ҳамчун нафари кордон ва масъулиятшинос мешиносанд, хоҳишманданд, ки сохтмони бинои онро тезонанд, то коллеҷ бо бинои нави таълимӣ таъмин гардад.

 

Хобгоҳ ё Партовгоҳ?

Дар қитъаи асосии Муассисаи коллеҷи омӯзгории ба номи Носири Хусрав биноҳои асосие, ки донишҷуён он ҷо таҳсил мекарданд, кайҳо вайрону валангор шудаанд. Танҳо хобгоҳ мондааст, ки мувофиқи стандат барои 165 нафар бунёд гардидааст, ки 65 донишҷӯ ин маконро сарпаноҳ ихтиёр кардаанд. Ногуфта намонад, ки ин ҷо барои озмунҳо ҳам иштирокчӣ омода менамоянд.

Ба гуфтаи бошандагони хобгоҳи мазкур шароитҳои буду бош хуб аст. Аммо дар асл Бинои хобгоҳи коллеҷи номбурда партовгоҳеро мемонад, ки аксҳо бозгӯи онанд…

 

Реформа ва шакли нави касбомӯзӣ

Қарор аст дар ояндаи наздик дар сохтори Вазорати маориф ва илми кишвар тағйирот ба амал омада, тамомии коллеҷу литсейҳои мамлакат ҷудо ва зертобеи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаванд. Дар ин хусус Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №429 аз 06.09.2023 ба тасвиб расидааст.

Аз ин пас коллеҷҳо аз тобеияти Вазорати маориф ва илм ва литсейҳо аз тобеияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ҷудо ва ба Кумитаи нав вогузор карда мешаванд. Дар ин коллеҷ умедворанд, ки бо амалӣ шудани ин ҳадаф ва ба фаъолият оғоз кардани Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар системаи коллеҷу литсейҳои кишвар ҳатман дигаргунӣ ба амал хоҳад омад. Мунтазир мешинем ва баъди гузашти вақт ба мавзуъ бармегардем. Мо Метавонем!

 

Нуриддин Қосимзода, СССР

вилояти Хатлон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube