РЕЗААХБОР

 Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Париж, ки аз 26 июл то 11 августи соли 2024 баргузор мегарданд, 14 нафар варзишгар аз 6 намуди варзиш муаррифӣ хоҳанд кард.

 Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе ваъда дод, варзишгаре, ки медали тилло ба даст меорад, хонаи 3-ҳуҷрагӣ, нуқра – 2-ҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ – 1-ҳуҷрагӣ туҳфа гирифта, дорандагони медали тилло – бо 300 ҳазор сомонӣ, нуқра – бо 250 ҳазор сомонӣ ва биринҷӣ – бо 200 ҳазор сомонӣ ҳавасманд мегарданд. Тоҷикистон ба пеш!

Дар Русия қоидаҳои нави вуруд барои муҳоҷирон таҳия шуд, ки тибқи он, минбаъд ба оилаи муҳоҷирони меҳнатие, ки расман кор намекунанд, иҷозаи вуруд дода намешавад: аз бекор ҳама безор!

  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2023 ва 5 моҳи соли ҷорӣ, беш аз 8 тонна маводи мухаддира мусодира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 -юм 38% зиёд аст.

Дар Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин, ки зиёда аз 40 тонна бор интиқол медиҳанд, манъ гардид!!!

 Байни ноҳияи Спитамен ва Истаравшану Истиқлоли вилояти Суғд роҳи оҳан бунёд мешавад.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube