РЕЗААХБОР

Аз 01.01.2024 дар Тоҷикистон нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҷарима) аз 68 то 72 сомонӣ боло меравад. 

Аз 01.01.2024 ҳаҷми кӯмакпулиҳои суғуртавии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат ва шаҳрвандон афзоиш ёфта, ба 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 680 (ҳоло он 612 сомонӣ аст) сомонӣ баробар мешавад.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2020-2022 ва нимсолаи аввали соли 2023 дар робита ба фурӯши ғайриқонунии замин ба унвони шахсони мансабдор 8435 амр, 4149 пешниҳод ва ба қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 4066 эътироз овардааст.

Тибқи қоидаҳои нав, акнун кӯдакони то 7-сола метавонанд аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ ва берун аз шаҳрӣ ройгон ва бидуни хариди чипта истифода баранд.

Россия  барои Тоҷикистон 1000 квотаи таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои олияш  ҷудо хоҳад кард.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube