РӮЗИ АЗО ДАР РОССИЯ

Газета СССР выражает искреннее соболезнование народу РФ, в связи с терактом в Крокус Сити Холл имени Муслима Магамаева в Москве, где к большому нашему сожалению виден и “таджикский след”. Террор не имеет оправдания, а террорист национальности. Таджики горюют вместе с вами, дорогие Россияне.

Ничто и никакие диверсии не смогут расколоть нашу давнюю дружбу, которая окрепла в течении 100 последних лет при СССР и в СНГ. Мы с вами пережили гражданскую войну (1917-1922 годы), мы победили фашистскую мразь в ВОВ, мы построили наши государства трудясь бок о бок, и мы вместе победим и это зло!!!

Наше дело правое, и мы победим!

 

24.03.2024.  Соат бо вақти Москва 15:51 дақиқа.

Дирӯз Президенти Россия Владимир Путин ба воситаи ВАО баромад карда, рӯзи 24 мартро, рӯзи азои умумӣ эълон намуд. ВВП ба аҳли хонаводаи ҷабрдидагон ҳамдардӣ баён намуда, ваъда дод, ки ҳар яке аз ин террорист ва роҳбарони ин бадхоҳонро ёфта, ҷазои муносиб хоҳад дод. Ҳоло 11 нафар қотилон дастгир карда шудаанд, ки аксар шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд…

 

Шоми хунин дар Москва

Мухтасари то ин соати маълумоти дар ВАО-и Россия гузошта, чунин аст, ки “рӯзи 22 март, соати 20:30 дақиқаи бегоҳ ба вақти Москва, дар толори Маҷмааи консертии «Крокус Сити Холл», ки ба муносибати устоди санъати СССР Муслим Магамаев номгузорӣ шудааст, гуруҳи террористон дохили толор гашта, аз автомату милтиқ ба мардуме, ки барои тамошои консерти дастаи ҳунарии “Пикник” омада буданд, ба таври фавқулодда бераҳмона, тарафи кӯдаку калонсолон оташкушойӣ карданд”.

 

Толори “Муслим Магамаев”

Толори фавқ 25 октября 2009 кушода шуда,  майдони болопӯшаш 38 000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Барои 6 200 тамошобин ҷойи нишасти бароҳат сохта шудааст. Саҳнаи паҳнои замонавии он барои гузаронидани дилхоҳ маъракаи фарҳангӣ ба назар гирифта шудааст. Асосгузори ин маҷмаъаи бузург яке аз бойтарин шаҳрвандони Россия Ораз Оғоларови озартабор мебошад. Иморати толор воқеъ дар 67-ум км, дар канори шаҳри Москва ва паҳлӯи шаҳри Красногорск, миёни 10-ҳо бинои истиқомативу тиҷоратӣ ҷой дорад. Моликияти толор аз 9,5 то 12 миллиард рубли русиро ташкил медиҳад, ки наздики 90%  сӯхта несту нобуд шуд.

 

Террори хунини 22 март дар Москва

100 афсӯс, ки то замони навиштани ин сутур, 137 нафар аз тиру, оташу дуди ғализ ва пораи оҳану шишапораву хишти ба сар афтода, кушта шуда, 150 нафари дигар захмиянд. Ҳамаи осебдидаву захмиёнро то охири шоми ҳамон рӯз ба беморхонаҳои атрофи шаҳр ва вилоят ба таври таъҷилӣ бурда, зери назорати табибони ботаҷриба қарор доданд. То субҳи рӯзи 23 март ҳамаи захмиҳо ҷароҳӣ шуда, бархе зери назорати доимӣ ҳастанд.

 

Ҳамдардии кишварҳо

 То рӯзи 23 март аз тарафи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Белорус, Ӯзбекистон, Кирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Маҷористон, Фаронса, Туркия, Молдова, Туркманистон, Сурия, Ирон, Покистон, Ҳиндустон, Ҷопон, Чин, Корея, Куба, Сербия, Аморати Араб, Испания, Портуғол, Инглистон, Олмон, Абхазистон, Боливия, Никарагуа, Венесуела, Колумбия расман ба Президенти Федератсия Россия Владимир Путин ҳамдардӣ баён карда шуд.

Аз ҷониби ҳукумати ФР ба хонаводаи кушташудагон 3 миллион ва ба ҳар осебдида 1 миллион рубли рӯсӣ ҷуброн дода хоҳад шуд.

 

Расму номи тарористон дар ВАО

 Ана ба ин 4 нафари нокасу ноодам нигоҳ кунед:    

  1. Мирзоев Д. (32 сола).
  2. Фариддуни Шамсуддин (24 сола)
  3. Мухаммадсобир Файзов (19 сола).
  4. Саидакрам Раҷабализода (30 сола)…

Боз расму номҳои дигар пешкаш мешаванд.

Дар чунин маврид ҷои шубҳаву тараферо каму зиёд гунаҳгору дастгирӣ кардан, кори хабарнигору таҳлилгаре нест ва набояд буд. На танҳо нависандаву хонандаи ин сутур, балки дилхоҳ инсон зидди террористу одамкушони на танҳо тоҷик, балки намояндаи дилхоҳ мардум буда ин амалро ҳаматарафа муҳокимаву маҳкум мекунанд.

Аз рӯйи маълумоту навори пахшшуда, мебинем, дар ин ҳодисаи рухдодаи хунин, кормандони вазорату хадамоти амниятии Россия ба камбуди ислоҳнопазир роҳ доданд, ки яроқбадастон бе малол ба майдон (территория)-и калони «Крокус Сити Холл» зери 10-ҳо, мумкин 100-ҳо наворбардор (видеокамера), ки бояд зери назорати сахти полиси ноҳия ва шаҳр бошад, даромада, чанд дақиқа оташ кушода, масофаи дарозро низ тай карда, дохили иморат шудаанд. Дохили бино наздики 18 дақиқа тирандозӣ карда, 100-ҳо нафарро кушта, бе ягон муқовимати посбонону Горди Россия озод баромада, ба мошини худ нишаста, то наздики 100 км ба сарҳади Украина, ба вилояти Брянски Россия рафтаанд.

 

Хулосаи хабарнигорони Россия

Бори дигар изҳор карданиям, ки ман, ту, мо, онҳо ва дигарон ҳеҷ гоҳ тарафи одамкушеро нагирифтаем ва намегирем. Бе шубҳа рӯзи 22 март барои мардуми Москва ва умуман Россия рӯзи даҳшат шуда, аз ёд нахоҳад рафт. Вале биоед бинем, ки хабарнигорони асил баъди дидани навору хондани маълумоти расмие, ки дар даст доранд, ба чӣ хулоса омадаанд?

Дар аксари расонаҳои электронӣ шумори куштагон, захмбардоштаву осебрасидаҳои ин ҳодисаи нохушро хеле бодиққату хуб таҳлил карда, ба чунин суолҳо посухи дақиқ талаб доранд:

  1. Барои чӣ дар 18 дақиқа ин миқдор зиёд кушта шуд?
  1. Барои чӣ ОМОН-и ин минтақа баъди 2 соат дар ҷои воқеъа пайдо шуд (ҳол он ки масофаи байни ин 2 бино ҳамагӣ 4,5 км аст)?
  1. Барои чӣ вазири корҳои дохилии ФР генерал Владимир Колоколтсев бо либоси мулкӣ, на низомӣ, баъди 2 соату 44 дақиқа дар ҷои воқеа пайдо мешавад? Ин лаҳза- соати 22:39 дақиқа аз ҷониби хабарнигорон мушоҳида карда шудаст. Қотилон кушторро соати 19:55 сар карда, соати 20:13, баъди расо 18 дақиқа иморат ва умуман территорияи “Крокус”-ро бидуни ягон муқовимат, озодона тарк карданд.
  1. Чаро аксе аз 100 дастгоҳи наворбардор нест, ё онҳо ҳамон лаҳза кор намекарданд?
  1. Барои чӣ, мухлисони ба консерт омада, шоҳидӣ медиҳанд, ки назди даромадгоҳ ва умуман дохили толор ягон полисро надидаанд?
  1. Барои чӣ қотилон наздики 20 дақиқа типарронӣ карда, 100-ҳо одамро мекушанду ягон хел восита, ё гуруҳи бехатарӣ ба ҷунбиш намедарояд?
  1. Дар қаламрави «Крокус Сити Холл» бо имзо ва иҷозаи ҳамагуна роҳбарони ВКД, идораи сӯхторхомӯшкунии Москва ,Ташкилоти хусусии посбонон (ЧОП)-и “Крокус-Профи” вуҷуд дораду аксуламале накард?
  1. Барои чӣ гурӯҳи яроқноки зудамали Горди Россия, ки дар қаламрави «Крокус Сити Холл» ҷойгир шуда, ҳамаи наворгирии территория зери назорати онҳост, чизеро надидаву нашунид?
  1. Барои чӣ маҳз замони ин ҳамлаи террористӣ, ба телефони полис “112” занг зада натавонистанд, то хабар расонанд? Аксари одамони зери оташ буда, мегӯянд, ки 10-15 дақиқа занг мераваду гӯширо касе намебардорад. Барои чӣ?


  1. Ин қотилон 20 дақиқа зери 100-ҳо дастгоҳи наворбардорак бе ниқоб ба 4 тараф ҳаракат карда, мошини сафеди “Рено”-ро иваз накарда, ба ҳузур нишаста, 5 соати дигар, боз ҳам 100 пости ГАИ-ро гузашта, чигуна фирор карданд?
  1. Барои чӣ Раҷаб Ализодаи 30 солаи террорист ба Москва омада, на аз идораҳои расмӣ, балки аз дасти одамони номаълум дар фурудгоҳ ҳуҷҷати иқомат гирифтаасту ягон корманди полис то ин дам дарак надорад?
  1. Аввалин маротиба аст, ки террористон ягон одамро гарав нагирифта, ҳатто ягон хел талаби сиёсӣ ва иқтисодӣ низ ба ягон ҷониб накарда, танҳо одамкушӣ мекунанд. Шумо ин рафторро чӣ хел баҳо медиҳед?
  1. Барои чӣ ҳини чунин ҳодисаҳои хеле хавфнок, кормандони номаълуми ВКД Россия тарҷумонҳои аз илму дониш бехабарро сафарбар мекунанд? Дар ҳолате, ки дар шаҳри Москва Сафир, консулгарӣ ва дигар намояндагии Тоҷикистон расман амал мекунанд?
  1. Чаро беш аз 3 рӯз аст, ки намояндагони ВАО-и Москва наметавонанд, бо Сафири Тоҷикистон дар Россия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ мусоҳиба кунанд?
  1. Сабаб дар чист, ки баъди чунин овозаву дарвозаҳо атрофи “Крокус”, ки имиҷи миллату давлати моро хатчадор мекунад, Сафири Тоҷикистон нишасти матбуотӣ ташкил намекунад ва ба суолҳои хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ посух намедиҳад? Бояд гуфт, аз ҷониби хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ пурсиши зиёде ба Сафорат пайдо шудааст.
  1. Агар Сафир ба суолоти хабарнигорон посух дода натавонад, пас, нависад, ки бо кадом мансабдори тоҷик дар Москва метавон суҳбат кард?

 

Шамсиддини Муқим,

Москва, хабарнигори махсуси СССР 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube