САФСАТАПАРАСТОН

Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан,

Гови нар мебояду дору расан!!!

19.06.2024. Файзалӣ Ҳасан сарояндаи маҳбуб ва ҳофизи марғуб ба синни мубораки 77 расид. Матлаби вежаи мо дар саҳ. 14 дар бораи ӯст. Ин ҷо дар бораи дигар чӣ менависем, вале бо ишора бар ҳамин устод Файзалӣ, ки шахсан ман борҳо гуфтаву боз ҳам мегӯям:

– Сурудҳои патриотӣ, ватанпарастӣ ва давлатмеҳвариро БОЯД устодоне чун Файзалӣ Ҳасанов хонанд. Чун Мастона Эргашева,  Саидқул Билол, Ҳотами Равшан, Фурқат Саид … сароянд.

Чаро? Сари ин суол тамаркуз мекунем. Мо Метавонем!

Усулан санъаткорони мо ангуштнамои ҷамъиятанд. Фарзи мисол, намешавад, имрӯз сарояндае пачкаҳои доллари аз ким-куҷо гирифтаашро таблиғ кунаду пагоҳ Ватан сарояд. Ё худ нимаурёну нимабараҳнаву нимамаст дар саҳнаи ҳамсоякишвару дохилимузофотие битамом беобрӯ гаштаву пагоҳ дар саҳнаи бузургтарин Ватан гӯяд. Ё ин ки мардум ӯ(онҳо)-ро дастбаргардани афғону ироние шаб то рӯз нишаста бинанду фардо тариқи ТВ «амри маъруфашро» роҷеъ ба сулҳу ваҳдати миллӣ, патриотизму ватанпарварӣ бишнаванд. Маъзарат, вале танфурӯш ватанфурӯш аст ё ватанпарвар? Бешак, агар ватанфурӯш будӣ, беҳтар аз онест, ки ҳамингунаҳо ватанпарвар буда бошанд!

Ҳоло боз мӯд шудааст, ки дар ҳар суруд тақрибан номҳои бузургони миллатро мекоранд, ки айни савоб нест. Муҳимтар аз ин таронаҳое, ки месароянд, чунон примитив, пастмазмун ва дилгиркунандаанд, ки ин сафсатаро намешавад гӯш кард. Вале мо маҷбурем бишнавем онро аз забони нафаре, ки набояд суруди патриотӣ-ватанпарастӣ хонаддд…

Вале ким гунаҳкор, «кто виноват», ки инҳо ба саҳнаҳои бузург раҳ мебаранд? Суол риторикист….

Борҳо гуфтаву боз мегӯям. Бархе санъаторони хубу асили мо ҳастанд, ки лириканд. ТВ ва саҳнаро моломол аз суруди урапатриотӣ кардан кори савоб нест. Зимнан онҳо низ набояд думболаи мӯд рафтаву таронаҳои патриотӣ хонанд. Кор то ҷоест, ки масъулин онҳоро маҷбур мекунанд, ки чунин таронаҳоро бихонанд. Фарзи мисол, ба ҳиҷ вазну тарозуе рост намеояд, агар Филип Киркоров ё Алла Пугачёва «Родина, Россия, Москва, Кремл» сароянд. Зеро ин кори Лев Лешенко, Иосиф Кобзон… буду ҳаст. Ва ин ҳақиқати бебаҳсест, ки дар Росия сари он касе баҳс ҳам намекунад.

Вале дар мо сафсатапарастон гумон кардаанд, ки «раз патриотизм», пас бояд ҳама суруди ватанпарвар хонанд! Ҳоло дилхоҳ «звезда» Душанбе, Тоҷикистон, Ватан…месарояд. Мегӯед бояд хонанду ҳаводоронашонро ба патриотизм кашанд?

Неъ! Неъи қоқ охир. Мардуми мо, ки давлати бузург нестем ва ҳоло боз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд, ҳамаи ин ҳунармандонро хуб мешиносанд. Дар даврони шуравӣ масале буд, ки «пеш аз номи диёру ватанро гирифтан даҳонатро 3 бор чайқа кун!». Яъне палидиҳову ифлосиҳои забонатро поккорӣ, филтр куну сипас Ватан бигӯй!

Имрӯз бе даҳони чайқашуда ҳама ватан месароянд. Ин аст, ки мафҳуми ватандӯстӣ ва миллатпарвариву давлатмеҳварӣ таъсирашро кам кардааст, масхара, мазҳака шудан дорад. Кор то ҷоест, ки дар тӯю сӯр масту аласт ватан мехонему ме-рақ-семммм…

Ҳоло ман дар бораи шоиру шоираҳо чизе намегӯям, ки баробари вазидани боди сиёсӣ борҳо мавқеашонро тағйир кардаанд. Инҳо шуарои бемавқеанд. Мавқеъ, ки надоранд, набояд шеъри дурӯғватанпарастӣ нависанд. Вале агар ҳам менависанд, набояд сарояндаҳо ин шеърҳоро дар репертуари худ корбаст кунанд, ҳарчанд шеъри хубу сара ҳам бошад. Вале агар мекунанд, пас ин сарояндагон набояд ба саҳнаҳои расмӣ роҳ бубаранд.

Шоироне буданд, ки 70 – сол «старший брат», коммунизму Маскав гуфтанду ҳини ба майдон рехтани муллоҳо, соли 1991-92, комилан мулло шудаву даъватҳои толибона доштанд. Имрӯз ашъори дунявӣ месароянд. Пагоҳ онҳо чӣ хоҳанд гуфту навишт?

Ман амдан номи ягон шоиру сарояндаро намеорам, зеро сафашон хеле зиёд асту исми кадомеаш аз феҳристи ман уфтод, пагоҳ хафа мешавад, ки «ҷурагӣ ҳамин буд-мӣ, ки хиёнаткории маро фаромӯш кардӣ?!».

Мутаассифам, ки инҳо (ҳам сарояндаву ҳам шоирон) то ҳанӯз дар суҳбатҳои 4-танӣ дили сиёҳашонро баъзан-баъзан мекафонанд. Зеро ҳама чиро метавон таъмиру тармим кард, илло дилро!  Зеро қалб, яъне дил ба арабӣ, чизест чапана, чапашуда, сохта, дурӯғ, саровез. Вожаи “қалбакӣ” ва ё ибораи рехтаи “дасташ қалб” аз ҳамин калима маншаъ мегирад. Арабҳо барои он дилро қалб гӯянд, ки саркалапо, чапана дар бадан овезон аст. Зимнан аҳли тасаввуф ба дил бисёр иснод меоранд.

Халқе забон ба даъвии ишқаш кушодаанд,

Эй ман ғуломи он ки дилаш бо забон якест!!!

Ё худ:

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи Акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба 1 дил бартар аст!

Дил, қалбро наметавон тағйир кард. Ва ин ки дили зумрае то ҳанӯз бар ҳукумату давлат сиёҳ аст, хабари боздошти охирӣ гувоҳ аст. Агар ба иттилоияи аз прокуратура расида, таваҷҷӯҳ кунӣ хонанда, он ҷо генпрокурор бисёр 1 нуктаи наҳифу нозукро қайд мекунад (ниг ба саҳ. 8):

Саидҷаъфар Усмонзода ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронаи худ дар дохили кишвар ва берун аз он тарафдорони худро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб карда, гурӯҳҳо ташкил намуда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор намудааст.

 Тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда онҳо мехостанд дар кӯтоҳтарин муҳлат дар чанд гӯшаю канори мамлакат вазъи ҷамъиятӣсиёсиро ноором сохта, бо роҳи ғасби биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ силоҳу аслиҳа тасарруф намуда, ҳокимияти давлатиро дар мамлакат зӯран сарнагун намоянд

            Ин ки аввалӣ боздошт шуд, дигар кори мақомот аст, ки мӯйро аз хамир ҷудо кунад. Вале Гурӯҳҳо ва Онҳо кистанд? Муаммо ин ҷост. Раъият мехоҳад ин номҳо низ фош шаванд. Ҳарчӣ барвақттар, ҳамон миқдор хубтар:

Ман намегӯям бадӣ кун, ё ба фикри суд бош:

Эй, зи фурсат бехабар, дар ҳар чӣ бошӣ, зуд бош!!!

Чаро инро менависам? Террори хунину нангини “Крокус Сити Холл”-ро дар хотир дорӣ хонанда? Албатта, дорӣ! 3 моҳ ҳам нагузаштааст аз ун фоҷиа. Вале то 9 рӯз ба баъде, ки ин амал пурра расонаӣ шуд, чӣ тахмину гипотеза, чӣ сафсаттаҳое нанавишт, интеллигентсияи мо.

Ва чун ҷомеаи мо сафсатапараст аст, зиё(т)ӣ сафсатагӯиро шуруъ кард. Ҳар сафсатае, ки гуфта мешуд, аз сӯи халқи сафсатапараст дуруст ва ба урраааа қабул мегардид. Ин аст, ки ҳатто интеллигентсияи таоруфан мулоҳизакор низ, ба сафсатапарканӣ шуруъ кард. Раъияти сафсатапараст инҳоро низ хуш омадед гуфт ва баъдаҳу сар шудеее…

Ин моҷаро шахсан ба ман ҳамон митингҳои дар назар примитив, сафсатавӣ, вале дар асл тарҳрезишудаи соли 1991-ро ба хотир овард. Ёд дорӣ, хонандаи ин сутур, оре маҳз туе, ки бовар надорӣ, туро муаллиф дар назар дорад, ки дар майдони Озодӣ чӣ моҷарое мегузашт? Яке мехесту мегуфт, “Чаро фалонӣ бо халқи худ нест? Нест бод фалонӣ!!!”. Ва рӯзи дигараш фалонӣ тору рубоб, қаламу дафтарашро гирифта, ба ин майдон мерехту бо мардум ҳамнаво буданашро собит менамуд. Баъди ӯро гӯш кардан, воъизи наҳзатӣ бонг мезад, ки “Чаро бисмадонӣ бо халқ нест? Нест бод бисмадонӣ!”. Фардо бисмадонӣ микрофон дар даст шеър қироат мекарду даъват ба сарнагунии ҳукумату давлат…

Ҳоло, ки ҳукумат, шукри Худо, қависту майдоннишинӣ ғайримикон гардидааст, майдони таблиғу ташвиқи ин зумра мардуми беҳувияти давлатситез шабакаҳои иҷтимоӣ гаштаанд. Бовар кунед, албатта на ҳама, вале зумрае амдан, ҳадафмандона, тибқи нақшаи тарҳрезишуда, сафсатаи 1 муллои гомсеки толиби афғониро тавассути саҳифаҳои худ чарх мезанонанд. Гӯё танқид мекунанд, вале дар асл ин ташвиқи пӯшида, “черный пиар” аст. Имрӯз дар Тоҷикистон қариб нафаре нест, ки ин муллои паразитро надонад. Вале дар асл ӯ кист? 1 мутаассиб, 1 паъат-гуфти бобои Ғулом, ки гапашро занаш ҳам намешунид. Ман ҳоло тарс дорам, ки ин палиди сафсатагӯро тавассути шабакаву расонаҳои расмӣ танқид накунанд!!!

Хулосаи калом, ба ҷамъият, ба халқ, ба раъият афродеро баргардонед, ки метавонад суруди патриотиро бе азияти виждон хонад:

  • Онеро пешкаш намоед, ки халқ мехоҳад маҳз ӯро гӯш кунад.

Абдуллои Раҳнамо беҳтарин дастоварди замони ахир аст. Вале Абдуллоҳо ва Раҳнамоҳо дар миёни ин миллат барзиёданд. Ба ишон минбар диҳед, агар мехоҳед сафсатапарастӣ дар кишвар рушд накунад:

Муроди мо насиҳат буд, гуфтем,

Паноҳат бар Худо кардем, рафтем…

Мо метавонем!

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube