СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРӢ – ОМИЛИ СУБОТИ ҶАМЪИЯТ

Маорифро дар сиёсати пешгирифтаи худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти афзалиятнок ҳисобида, дар Ҳукумати Марказӣ баҳри рушду инкишофи ин соҳаи муҳим ҳамасола кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад. Ва ба назар мерасад, ба оҳистагӣ, вале бо маром, маориф дар ҳақиқат ба яке аз соҳоти калидӣ табдил ёбад. Ин гуна талошҳо ва ғайратҳои созанда дар музофоти кишвар дар кадом зинаи рушд қарор дорад? Хабарнигори газетаи мардумии СССР бо вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Вахш, ки масъулияти роҳбарияшро 1 зани матинирода ва сермаҳсул бар дӯш дорад, сӯҳбате анҷом дод, ки фишурдааш пешкашат мегардад, хонандаи азиз. Мо метавонем.

Муаллимаҳо зиёд мешаванд!!!

19.04.2024. Соат ба вақти Бохтар 10:18 дақиқа.  Ба хотири ошноии ҳарчи бештар бо соҳаи маорифи музофот ва раванди гузариши таълиму тадрис дар ҳудуди ноҳия, тасмим гирифтем бо Гулҷаҳон Хоҷаёрова ҳамсӯҳбат шавем. Ва чуноне иттилоъ пайдо кардем, айни замон ноҳияро 69 муассисаи таълимӣ, бо шумули 11 муасисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 58 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей ва 1 муассиса – интернат таъсис медиҳанд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия бошад, 51 ҳазору 552 нафар хонандагон ба таълим фарогир ҳастанд, ки нисбати соли гузашта 1337 талаба зиёд мебошад. Бону Гулҷаҳон инчунин аз ҷалби бештари бонувон ба ин соҳаи муҳим ёдоварӣ карда, афзуд, ки дар соли гузашта аз шумораи умумии омӯзгорон, ки 2238 нафарро ташкил мекард, 1251 нафар занону духтарон будаанд. Имсол бошад, ин рақам 100 тан афзуда, 1351 нафарро нишон дод.

«Мо боварии комил дорем, ки дар солҳои минбаъда ин шумора боз ҳам афзун мегардад!», гуфт Г. Хоҷаёрова.

Шумораи омӯзгорон дар ноҳия меафзояд

Зимни сӯҳбат мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Вахш, Гулҷаҳон Хоҷаёрова маълумот дод, ки айни замон 1546 нафар бо маълумоти олӣ, 114 нафар бо маълумоти олии нопурра, 531 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 181 нафар бо маълумоти миёна, ки дар курсҳои 1,2,3 ва 4 – уми муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олии ҷумҳурӣ, таҳсил мекунанд, пайи хизмати фарзандони мардум кору пайкор доранд.

Ва ҳаминро тазаккур бояд дод, ки дар давоми соли хониши 2023-2024 иловатан 170 нафар омӯзгори дигар ба кор ҷалб гардид. Муаллима инчунин иброз дошт, ки дар ҳар баромадашон Пешвои муаззами миллат дар бораи бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони макотиби олӣ ибрози назар мекунанду мо маорифчиён ҷиҳати бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин намудани онҳо ва оид ба иҷрои дастуру супоришҳои манфиатбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҷуйӣ намуда истодаем. Ва ин аст, ки сол то сол сафи ба кор ҷалбшудаҳоро рушд медиҳем.

Синфҳои иловагӣ месозем

Ҳамсӯҳбати мо зимни сӯҳбат илова кард, ки барои пурра бо синфхонаҳо таъмин намудани хонандагон, мо бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус ва аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ бунёди синфхонаҳои иловагиро ба роҳ монда, мушкилоти ҷойи нишастро сол ба сол бартараф менамоем.

Дар давоми соли хониши 2023- 2024, дар назди 3 муассисаи таълимӣ, дар маҷмӯъ 26 синфхона барои 565 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин лозим ба зикр аст, ки айни ҳол дар назди 9 муассисаи таълимӣ сохтмони 59 синфхона барои 1250 нафар толибилм идома дорад.

Яъне ҳамаи ин ғамхориҳо натиҷаи заҳмату кӯшиши маорифчиён аст, ки барои баланд бардоштани таълиму тадриси хонандагон равона карда шудааст. Аҳли заҳмати маорифи ноҳияро имсол фаромӯшношуданӣ буд. Зеро бо иштироки бевоситаи Сарвари мамлакат бинои нави муассиса – интернати ноҳия барои 280 нафар дар 1 баст, бо тамомии шароит, ба истифода дода шуд.

Тарбияи томактабӣ рӯ ба беҳбудист

Зинаи нахустини таҳсилот, ки муассисаи томактабӣ маҳсуб меёбад, дар ҳудуди ноҳия, бинобар иттилои мудири маориф, дар ҳоли рушд буда, 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 745 нафар ба тарбияву таълим машғуланд. Вазъи муассисаҳои томактабӣ нишон медиҳад, ки ҷалб намудани кӯдакону наврасон ба илму дониши аввалия, таҳсилоти баъдиро такону рушд мебахшад. Боз марказҳои инкишофи кӯдак, ки барои омузонидани кӯдакону наврасон ва ҷалби онҳо ба илму дониш аст, имкон фароҳам меорад, то шумораи бештари кӯдакон ба тарбия фарогир гарданд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар ин гуна марказҳо муҳассилин бо илму фан ва навгониҳои олами дониш баҳравар мегарданду барои пурратар дарку сарфаҳм рафтани умқи фанҳо барои худ заминагузорӣ менамояндқайд кард ҳамсӯҳбати мо.

Таҳсилоти иловагӣ ҳам зарур аст!

Марказҳои таҳсилоти иловагӣ яке аз омилҳои ғанӣ гардонидани донишу малакаи мактаббачагон, васеъ кардани ҷаҳонбинии онҳо, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, бедор кардани майлу рағбати хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ, эҷодӣ, касбию ҳунарӣ, варзишӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Вахш 42 маҳфил аз рӯйи 5 равия, 232 гурӯҳ бо фарогирии 2320 нафар аъзо амал менамояд ва хонандагони ин марказ дар чорабиниҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Иштирокчиёни ин маҳфилҳо дар аксар чорабиниҳои вилоятӣ аз худ фаъолмандӣ нишон медиҳанду дар ҳар ҷамъомадҳои идона пешсаф ҳастанд. Ҳамчунин дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо низ, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст, корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд.

Ва яке аз масъалаҳое, ки бояд ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд, ин фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар ин ноҳия бинобар маълумоти мудири маориф 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолият дорад, ки мустақилияти молиявӣ дошта, гавҳарҳои покро аз садаф ҷудо ва ба миллату мактаб пешбарӣ менамояд.

Рафъи мушкили кадрӣпешрафти соҳа

Чуноне хонум Хоҷаёрова зикр кард, яке аз масъалаҳои асосии соҳаи маориф ба воситаи ҷалби мутахассисони ҷавон бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Тибқи он эҳтиёҷ ба омӯзгорони баландихтисос дар муассисаҳои таълимии ноҳия соли 2023, 35 нафарро ташкил додааст. Ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассис дар ҳамбастагӣ бо директорони мактабҳо кор ҷараён дошта, то имрӯз 38 нафар омӯзгорони ҷавон тибқи роҳхат ба ноҳия равоншуда, 21 нафарашон ба муассисҳои таълимӣ ба кор гирифта шудаанд, ки фоли бисёр нек аст. Яъне ҷавонон ихтиёран ва довталабона ба мактаб ба кор меоянд!

Гузариш ба таҳсилоти рақамӣпешрафти кор

Роҷеъ ба суоли хабарнигори рӯзномаи мардумии СССР дар бораи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ Г. Хоҷаёрова қайд кард, ки ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31. 08. 2022 «Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ барои давраи то соли 2042» дар муассисаҳои ноҳия корҳои муайян оғоз гардидаанд. Фарзи мисол, ҳоло 1370 адад компютер, 160 адад принтер 33 тахтаи электронӣ ва 258 адад камераҳои мушоҳидавӣ фаъол асту хонандагон корро бо онҳо бо роҳбарии омӯзгорон ба роҳ мондаанд. Бояд гуфт, ки дарсҳои технологияи иттилоотӣ бо ҷалби омӯзгорони баландихтисос ва ҷавон амалӣ мешаваду натиҷааш ин аст, ки хонандагон бо омӯхтани он аз навгониҳои илму фанни пешрав, нанотехнология ва соҳаҳои гуногун тавассути шабакаҳои интернетӣ баҳравар мешаванд.

 

ММТ – ҷалби хонандагонро зиёд кард

Дар ноҳияи Вахш шӯъбаи маориф дар ҳамдастӣ бо масъулини муассисаҳои таълимӣ, ҳамкориро бо Маркази Миллии Тестӣ (ММТ) хуб ба роҳ монда, бо роҳи фаҳмондадиҳӣ моҳияти ин марказро ба хатмкунандагон мефаҳмонад. Натоиҷи ин корҳо буд, ки сол то сол бо роҳи ин марказ дохилшавӣ ба макотиби олии кишвар дар н. Вахш зиёд ба назар мерасад.

Соли гузашта назар ба солҳои қаблӣ шумораи хатмкунандагон афзоиш ёфта, 82 ,7 фоизро ташкил дод. Айни замон, ки раванди ҳуҷҷатсупории хатмкунандагон ба ММТ идома дорад, ба ҳолати 18.04.2024 ҳуҷҷатсупорӣ аллакай 77 фисадро ташкил медиҳад.

 

Бозомӯзиро мустаҳкам менамоем

Хабарнигори рӯзномаи мардумии СССР ба масъалаи такмили маҳорати касбӣ ва бозомузии омӯзгорон таваҷҷуҳ намуда, саволгузорӣ намуд, ки дар соли равон чи қадар омӯзгоронро аз такмили ихтисос гузаронидед, зеро ин масъала зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари мамлакат қарор дорад.

Муаллима Хоҷаёрова зикр кард, ки тартиби гузариш аз такмили ихтисос, дар 5 сол 1 маротиба муқаррар шудааст.

Шӯъбаи маорифи ноҳия дар ҳамкорӣ бо филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони ин соҳаи калидӣ, дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар нақшаи муштарак тартиб дода, айни ҳол дар давоми соли 2023 беш аз 460 шунавандаро ба чунин курсҳо ҷалб намуд. Омӯзгорони ноҳия инчунин дар рӯзномаи ” Нури маърифат ” имсол зиёда аз 90 маводи таълимию методӣ, илмӣ ва иттилоотию маърифатӣ ба табъ расонидаанд.

 

Камбудиҳо бартараф хоҳанд шуд

Гулҷаҳон Хоҷаёрова дар охир изофа кард, ки дар баробари пешрафти соҳаи маориф, ҳастанд 1 қатор камбудиҳое, ки дар солҳои охир ҳалли худро меёбанд. Аз ҷумла, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассуси омӯзгорӣ, назорати ҷиддӣ оид ба масъалаи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, назорати касбӣ аз рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар муассисаҳои таълимии ноҳия, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ташкил намудани маҳфилҳои «техники наврас» ва ғ. аз масъалаҳое ҳастанд, ки давра ба давра ҳатман ҳал мешаванд.

Дарвоқеъ агар дар самтҳои пешбарандаи ҷамъиятӣ роҳбар зан аст ва он ҳам зане чун бону Гулҷаҳон Хоҷаёрова, умед ба ояндаи дурахшони соҳаи маориф бештар эҳсос хоҳад шуд. Чунки нафари соҳибкасбу донандаи хуби соҳа самти интихобнамудаашро ҳатман рушд хоҳад бахшид.  Мо метавонем!!!

Нуриддин Қосимзода,

Бохтар – Вахш – Бохтар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube