Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст!

Ҷашни Наврӯзи оламфрӯзро имсол мо дар шаҳри Кӯлоби бостонӣ пешвоз гирифтем. Бовар доред ё не иду ҷашнҳоро пешвоз гирифтану қайд кардан зеби деҳот дорад. Ҳар сол Наврӯзро мо дар Душанбешаҳр таҷлил мекардем, ҳамонам танҳо рӯзи Наврӯз кӯдаконамонро аз хона гирифта, ба кӯчаҳои шаҳр ба сайру гушт мебаромадем. Имсол бошад, аз хона баромадему рост роҳи Кӯлобшаҳрро пеш гирифтем.

Биё Наврӯз пазмонат шудаем!

21.03.2026. Субҳи барвақт садои булбулакон маро аз хоб бедор намуд. Аз хоб хеста мебинам, ки дар ҳавлии мо тамоми модарону гулдухтарони атласпӯшу чаканпӯш фазои идонаро ба ҳавлӣ рехтаанд. Гирду атрофи ҳавли чодарҳои зарҳалину дастдӯзи кӯлобӣ овезон буду кудакони хурдсол бошанд дар тан либоси чакану ҷома пӯшидаву тоқибасар. Дар ҳавли бошад, ҳунармандон сурудхонӣ кардаву ҳама аз хурд то ба бузург рақсу бозикунон Наврӯзро пешвоз гирифтанд.

Деги дангичаву модари ман

1 шаб пеш аз рӯзи наврӯз кадбонуи хонадони мо Модарҷон шаб то ба саҳар хоб нарафта, барои меҳмонон аловдаргирондаву дар 1 деги калон хӯроки болаззати тоҷикона- дангича омода карданд. Ба ин ҳама бехобӣ нигоҳ накарда, модари ман субҳи барвақт пеш аз ҳама либоси атлас пӯшидаву меҳмононро бо 1 чеҳраи кушода пешвоз мегирифтанд, ки ин ҳама нишонаи он аст, ки воқеан бонуи тоҷик ҳунарманд аст.

Ҳамон рӯз дӯстони наздики мо Файзи Ашӯр, Умари Булбул, Алии Беҳудуд ва дигар наздикон моро ҳамроҳӣ намуда базми шеъру шоирӣ ва тараб оростанд. Ин ҳама далолат ба он медиҳад, ки воқеан Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол аст.

Наврӯз дар Фурудгоҳ

Фурсатро аз даст надода ҳамин дирӯз ба пешвозгиии ҷашни Наврӯзи оламфрӯзи Душанбе – дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иштирок намудем. Таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар ин корхона басо дар сатҳи олӣ гузашт. Тамоми намуди хӯрокҳои тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуда буд ва ман низ аз ҳамаи онҳо чашидам. Ҳатто бори нахуст дар умрам суманакро маҳз дар наврӯзи фурудгоҳ чашидам.

Сарояндагони маъруфи кишвар амсоли Сангалӣ Мирзоев, Суруш Холов, Шабнами Сурайё, Шаҳло Ҳафизова, Дилшоди Файзулло, Хайриддини Шариф, Ҷаҳонгир Зарипов ва Умедҷони Бурҳон ба ин базм шукуҳи хосса бахшиданд.

Воқеан ҳам Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст ва хоҳад монд!

Омиронаи Сайёф, СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube