ТОҶИКСТАНДАРТ ОЁ ЛОЗИМ АСТ?

Борҳо шунидаем, ки ҳатто дар сатҳи баландтарини ҷаласаҳои ҳукуматӣ аз ниҳодҳои назоратӣ, Агентии мубориза бо коррупсия, Гумрук, Хадамоти алоқа, Кумитаи зиддиинҳисорӣ танқид мекунанд. Танқидҳо воқеиянд. Зеро костагӣ дар кори ин ниҳодҳо ба назар мерасад. Вале магар Тоҷикстандарт кори худро мунсифона ва аз рӯи виждон иҷро мекунад? Суолест риторикӣ.

Фарзи мисол, ҳоло пойтахти нозанинамонро, ки бо сари кор омадани Рустами Эмомалӣ-сиёсатмадори олитабори ҷавон, ба нигине дар ангуштарини шаҳрҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст, дӯкону суперу гипермаркетҳои молҳои бесифату пастсифат фарогир печидаанд. Ҳоло касе мехоҳад, дар зери биноҳои навсохти ба масали маъруф «новостройка» дӯконҳои фурӯши умдаву чаканаи молу маҳсулоти бесифаттарини хитоиро мекушояд. Дар ин дӯконҳо, ки молро бо адад (штучный) неву бо килограмм ҳам ҳатто не, ки бо тоннаҳо мехаранду меоранду мерезанд, фиреби айну дайни сокинони Душанбешаҳр дар авҷ аст. Ба ин дӯконҳо, ки бархеро мо дидем (ниг. ба аксҳо), мол онгуна бесифат аст, ки харидор пойафзолу куртаву шимро харида, ҳатто то хонааш нарафта, ме-дар-ро-над!!!

Ин ғорати рӯирости мардуми камбизоати пойтахт аст! Чаро камбағал гуфтем? Зеро бовар надорем, фарзи мисол, директори Агентии Тоҷикстандарт, муҳтарам Темурҷон Абдулваҳҳобзода, барои худашу наберагонаш аз ин дӯконҳо боре харид карда бошад. Зеро агар мекард, дақиқан виждонаш азият медоду ин дӯконҳоро мебаст.

Авҷи фиреби камбағалони сокини пойтахт маҳз ба рӯзҳои арафаи иди Рамазон рост омад. Тибқи русуми сирф тоҷикӣ, мардуми камбағал, «бадани кӯдаконро сафед кард» ва аксарият аз ин дӯконҳо сару либос хариданд. 1 попӯш аз 20 то 50 сомонӣ, шиму костум 30-70 сомонӣ ва ғ. ва ҳ. Вале бечора мардум ҳатто натавонистанд бо ин либос 1 рӯзи идро сомон кунанд. Зеро пӯшокаи атфол дар ним рӯз ва наврасу калонсолон дар тӯли рӯз ё ҳадди ниҳоӣ 2 рӯз ба баъд дарида, корношоям гардид.

Шояд «Шефҳои истоличный», ибораи дӯстдори Бобои Ғулом, ки сарватмандонро дар назар дошт, гӯянд, «Чаро аз ин дӯконҳои арзону бесифат мардум харид кард? Айби худашон!». Мо мефаҳмонем, чаро? Зеро ин мардум ба ниҳоди санҷишии №1 дар кишвар Агентии Тоҷикстандарт бовар дошт. Бовар дошт, ки мутахасисин ва муфаттишони ин ниҳоди калидӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи шахсии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маҳз барои гирифтани роҳи қаллобону фиребгарон дар соҳаи ҳаётан муҳими савдову хариду фурӯш ва истеҳсолот бунёд ёфта буд, намегузоранд, то пойтахти Тоҷикистон бо колои бесифат пур шавад! Мо ҳоло дар бораи ба кадом меъёру стандарт посухгӯ будани маҳсулоти кишоварзӣ, ширӣ, нӯшобаву нӯшокиҳо, ғизову хӯрока… чизе намегӯем. Вале танҳо гуфтанием, ки дар ин ниҳод ҳамон масали маъруфи «Кулли явмин батар» роиҷ аст. Дигар аз Тоҷикстандарт на соҳибкоре метарсаду на доруву поруву колофурӯше сари андеша дорад. Чаро? Ба ин суол шояд дар Ҳукуматӣ Марказӣ посух гӯянд?

Зеро то ҷое медонем, ҳини бунёдаш ва дар сари кор будани Абдулло Билолов ҳама аз ин ниҳод андеша дошт ва маҳсулоти босифат экспорту импорт мешуд. Давлаталӣ Ҳотамов низ хуб кор кард. Сипас ба оҳистагӣ нуфузи ин ниҳод коҳид. Ва бо сари кор омадани муҳтарам Темурҷон Абдулваҳҳобзода, Тоҷикстандарт гӯиё, ки дигар вуҷуд надорад…

Шояд суоле пайдо шавад, ки ба ин бетартибиву бенизомӣ дар фурӯшгоҳҳои кишвар айб бар дӯши Хадамоти гумрук аст, ки чунин молу маҳсулоти бесифатро вориди Тоҷикистон мекунад? Намегӯем гумрук моҳи бе айб аст. Вале ин, ки ин коло бар дӯконҳо рехтаву ошкоро ва озодона савдо мешавад, айби шаръиву фарзиву қонунии Тоҷикстандарт аст. Зеро шумо 1 бор ба ному унвонии ин ниҳод таваҷҷӯҳ кунед ва бар ҳама суолатон посух мегиред:

– Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ

Бовар дорем, масъалаи фавқ дар Кабинети вазирони ҶТ, бо ҳузури муҳтарам Сарвазири кишвар-Қоҳир Расулзода, ҳатман мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳақ ба ҳақдор мерасаду мардум аз ситами ин дӯконҳои фурӯши моли бесифат, ки буданашон дар Душанбе айб ва дар сартосари Тоҷикистон «позор» аст, халос мехӯранд. Зеро шаҳри моро Тоҷикстандарт бе дарвоза дида бошад ҳам, дигар ниҳодҳо дарвозаи моро ба рӯи ҳаннотон ҳатман хоҳанд баст. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Ҷ. Мақсуд,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube