ТРАМППАРАСТОН…

13.07.2024. Шанбе. Ба Трамп суиқасд шуд. Ман ғалат нагуфтам, хонанда. Дуруст аст, ки рӯзи якшанбеи 14.07.2024 ин суиқасд ба қайд гирифта шуд. Вале вақте дар қораи куҳнаи Замин, яъне АвруОсиё 14 июл аст, дар Амрико, ки аз мо ба фарқи 11 соат ҷойгир мебошад, ҳанӯз 13 июл будӣ ва рӯзи шанбе…

Шанбе, шаббат, суббота ин рӯзи истироҳат дар дини яҳудия аст. Дар ин рӯз қатлу кушт манъ аст. Барои яҳудиён. Мисле, ки дар мусалмонон ҷумъа одина асту рӯзи истироҳату ибодат ва дар тарсоизм (христианство) якшанбе, воскресенье, рӯзи намозу салибкашист ва эҳёи Масеҳо (воскресенье – зиндашавӣ, эҳё шудан). Чаро ин 3 рӯзи муқаддасро ёдовар шудем? Зеро бидону огаҳ бош хонанда, ки сиёсату дипломатияву кору бору зиндагонии тамомии ҷаҳон рӯи адён побарҷост. Ва ин ки мо, анде аз зиёиёни тарсу, аз ҳароси экстремизми динӣ, гоҳу гаҳ ба секуляризм дода шудаву динситезӣ мекунем, илоҷи воқеа нест. Дин бояд давлатсоз бошад, на давлатситез ва дар навбати худ Давлат ҳам бояд динро бар нафъи хеш корбаст карда тавонад, на аз он душман тарошад…

Тамомии давлатҳои мутараққӣ рӯи дин побарҷоанд ва дар хидмати мазҳаби давлатӣ мебошанд. Абарқудратон ҳизбҳои наҳзати динӣ зиёд доранд. Наҳзати христианизм (христанско—демкоратическая партия). Ин ҷо андаке аз ингуна ҳизбҳои сиёсии ҳукмрони христианиро мекорем, то хонандаи гиром донад, ки СМ жожхоӣ надораду рост мегӯяд. Воқеан ҳам, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳамакнун чун ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистону Россия мамнуъ эълон гардид, маҳз идомаи партияҳои мазҳабии Аврупроист ва созмондиҳандагонаш низ аврупоиянд. ТЭТ ҲНИ дар куҷо ниҳон аст? То-та! Аккурат, дар фермаи еврокашаре, ки онро таваллуд кардааст. Биоед, сари гӯсфандони хеш баргардем. Инак, чанд партияи наҳзати христанӣ дорем? Ба таври фишурда:

Ва акнун бармегардем сари террори Трамп (ман ягон майда аз мавзуъ дур нарафтаам). Дар Амрико дуруст аст, ки ҳизбҳои наҳзати динӣ фаол нестанд-расман фаолият надоранд. Вале дар асл ҳам демократҳо ва низ ҷумҳурихоҳон-республикавиҳо сирф мазҳабиянд. Шербачаҳои Тағои Сэм бигзор тавассути грантхӯраконашон, ки дар миёни ҷамоаи журналистии Тоҷик кам нестанд, сари ман чормағз шикананд, вале медонанд, ки ман дар сиёсат “бачаи ҷайра нестам” ва ҳақиқатро мегӯям.

Демократҳои Амрико, бо сарварии Ҷо Байден католикҳои ортодоксанд! Хонандаи ҳушманд дар хотир дорад, ки бо ба сари кор омадани Байден, дар соли 2020, таҳлилгари сиёсӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ, ки мутаассуф, машинаи идеологии мо, барои якрӯ буданаш, ҳаргиз бо ӯ суҳбат намеорояд, навишт, ки акнун демократҳо ҷангро ба қораи Аврупои шарқӣ мекашанд ва бо… Россияи православӣ меҷанганд! Демократҳо ин корро бо Югославия ҳам карда буданд. Зеро он вақт хорватҳои католик бо сербҳои православ меҷангиданду ҳоло калисои католикии укроинӣ бо калисои православии укроинӣ ба набард пардохтааст. Оре, хонандаи гиром, ин ҷанги мазҳабист. Мисле, ки шиъаи Эрон умре бо суннат ва ҷамоъати Саудӣ дастобагиребон аст, христианҳо низ на камтар аз мо бехирадтаранд. Танҳо онҳо ин муамморо фош намекунанд!

Фундаменти партияи демократии Амрико рӯи ҳифзи сохти ғуломдорӣ меистад (1828-1860) ва асосгузоронаш ғулмодорон, католикҳои якрав, ашрофзодагони Ҷануби Амрико (Ҷеймс ПолкФрэнклин ПирсҶефферсон Дэвис) буданд. Ва маҳз ҳамин партия дар солҳои ҷанги граждании 1861-65 бар зидди ҳукумати марказӣ ҷангида, мехост системаи ғуломдорӣ боқӣ монад. Имрӯз, табиист, вобаста ба талаботи замона демократҳо наметавонанд ун сиёсаташонро муаррифӣ кунанд, вале ҳар чизе, ки дар дег аст дар коса таровад!

Ҷумҳурихоҳон (20.03.1854) низ мазҳабиянд, вале христианҳои мусолиматомез. Идеологҳои калидияшон инҳо буданд:  Авраам Линколн, Лео Штраус, Томас Соуэлл… Ва ин 2 ҳизб душмани ҷониянд. Зимнан душмании лафзонӣ, ақлонӣ ва синнусолии Трампу Байден ҳаминрӯзӣ ва байни ин 2 лидер нест. Инҳо душмани идеологии абадиянд. Зимнан пирӯзии Байден, дар соли 2020, ки ҷангҳои партизании кӯчакро аз Шарқ ба Ғарб оварда, ба ҷанги ҷаҳонӣ, бо ҳузури тамомии силоҳу муҳимот ва хараҷу мараҷи 120 милларддоллара кашид, ҳамёни миллитаристонро хеле варам кунонид. Зимнан, пирӯзии навбатии Доналд Трамп, ки ваъда кард, ба ҷанги Украниаву Россия дар 1 рӯз хотима медиҳад, ба ин ҷангхоҳон зиёни бузург хоҳад расонид.

НАТО, ки солҳои ахир миссияи аслии худро аз даст раҳо мекарду бо ҷанги Украина умри дубора дидааст, ҳаргиз намехоҳад, президенти сулҳпараст сари кор ояд. Ин аст, ки ба Трамп суиқасд доир гардид. Яъне террори Трамп кори 1 касу 2 кас нест. Он решаҳои қавӣ дорад, ки баъди пирӯзии Трамп ҳатман фош хоҳад шуд! Ҳоло гуфта мешавад, ҷавони 20-солаи армикоӣ, Томас Мэтю Крукс, тани танҳо ба ин террор даст задааст. Ӯ дар болои биное, ки ҳамагӣ дар дурии 100-120 метр ҷойгир буд, сӯи Доналд Трамп тиркушоӣ кардаву номзад ба президенти Амрикоро аз гӯшаш захмӣ намуда, 1 касро кушта, 2 каси дигарро сахт захмӣ кард ва дар ҷои ҳодиса кушта шуд (ҳол он ки БОЯД дастгир мегардид!!!). Вале садошиносони CNN, ки баъдан ташхиси акустикӣ гузаронидаанд, бар боваранд, ки ҳадди ақалл ба ҷониби Трамп аз 3 силоҳи гуногун тиркушоӣ шудааст. Биоед, дар шакли асл ин хабарро хонем (бо русӣ):

CNN: Аудиоэкспертиза выявила, что в Трампа стреляли из трех видов оружия.

На митинге в Пенсильвании в кандидата в президенты США Дональда Трампа стреляли по меньшей мере из трех видов оружия. Таковы результаты проведенной аудиоэкспертизы, сообщает телеканал CNN. При этом в воскресенье 14 июля ФБР заявляло, что преступник действовал в одиночку.

Установлено, что первые три выстрела были сделаны из условного оружия A, следующие пять – из оружия B, а последний “акустический импульс” не похож на первые: скорее всего, выстрел был сделан из оружия C. К таким выводам пришли директор Национального центра медиа-криминалистики при Университете Колорадо в Денвере Каталин Григорас его коллега Коул Уайткоттон. Анализ аудиозаписей также подтвердил, что стрелок находился на расстоянии от 110 до 120 метров от трибуны, отметил криминалист Роберт Махер. Он пояснил, что попавшие на запись звуки характерны для сверхзвуковой пули, пролетающей мимо микрофона, перед “появлением соответствующего звука дульного взрыва”…

Ва охируддаъвоно: – Мардуми шарафманд ва зудбовари Тоҷикистон! Тасаввур кунед, дар ҳолате, ки ҷангхоҳон ҳатто шаҳрванди №1-и Амрикоро барои аҳдофи сӯзандаи хеш куштаниянд, магар бар ману шумо раҳму шафқат доранд? Ин террори Трамп нишон дод, ки миллати шарафманди мо танҳо 1 роҳи наҷот дорад: Атрофи Президенти хеш ва Ҳукумати Марказӣ зич печад. Зеро дар ин шабу рӯзе, ки давлатҳои бузург аз ҳам мерезанд, танҳо дар сурати иттифоқу иттиҳоди миллӣ аз варта мераҳем. Мо Метавонем!!!

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube