ӮЛҶАБОЕВ  ҲАФТУМИН КОТИБИ ЯКУМИ КМ ПК (б) ТОҶИКИСТОН

Ӯлҷабоев. Ин ном, шахсияте наҷиб, дар садаи 20-ум, ба қавли шоири шаҳири тоҷик Ибни Ямини Фарюмадӣ, дар авроқи таърихи давраи советӣ «сикае к-андар сухан нишонд». Рӯзгор ва фаъолияти ин марди давр солҳои 50-60-уми асри гузашта сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Он солу замон, таърих ва насли калонсол, номи ӯро аз хотир набурдаанд.

Ӯ шахсияте буд овозадор, маъруфу маҳбуби кишвар, Осиёи Миёна ва ҳатто, хориҷ аз он. Сар аз соли 1943, аз бози котиби якуми КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1943-1947)…, Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон (1955-1956) ва котиби якуми КМ ПК (б) Тоҷикистон (1956-1961) буданаш, ҷамъулҷамъ 18 сол номи ӯ дар сархати матбуоти даврӣ мечархид. Боз ба он хотир, ки Турсун Ӯлҷабоев ҳамвора дар рӯзномаи «Правда» мақола менавишт.

Ба қавли нафарони огаҳ, тайи шаш-ҳафт соли охири фаъолият номбурда дар Тоҷикистон ва ҳатто, дар ҳудуди умумииттифоқ (1955-1956, 1956-1961) ба пояи шахси гениалӣ – титан…, расида буд. Ин гуфта то ҷое асос ҳам дорад, зеро ӯ бо дониш, таҷриба, ғайрат, обрӯ, заҳматписандӣ, қайсарӣ мусаллаҳ буд. Аз касе сари мӯ тарс надошт. Аввалҳо ӯро дар зинаи болоии роҳбарияти СССР эрка, дӯсти қарини шахси якуми Иттиҳоди Шуравӣ Никита Сергеевич Хрушёв медонистанд…

 

ҚАЙСАР

Бо ҳама буду набудаш Турсун Ӯлҷабоев шахси соҳибэҳтиром маҳсуб меёфт. Мардуми одии заҳматкаш шахси аввали кишварро нағз медид. Ӯро дар тамоми манотиқи кишвар, сар аз Бадахшону Кӯлоб, ҳама ҷо мепарастиданд, эҳтиромашро қоил буданд. Ҳама хуб буду соз…

Аммо ба масал, ба вай чашм расид. Дар як мижа задан, ӯро аз маснади олӣ вожгун сохтанд. Донандагони ҳол бар он назаранд, ки шахсияте чун Ӯлҷабоев тайи ду даҳсолаи ахири фаъолият дар вазифаҳои баланд, дар маркази назари идораҳои масъул, роҳбарияти олӣ буд. Хоҳ-нохоҳ азизи Кремл, шахсияти назарбаланд, ошнои Никита Сергеевич Хрушёв буданаш, дар доираи муайян ба бисёриҳо намефорид.

Оғози бонги хатар аз масъалаи мубрам – тарзи шинондани пахта дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буд. Гурӯҳе исбот карданӣ мешуданд, ки зичии хуб шарти муҳими ба даст овардани ҳосили баланди пахта аст. Ҳарифони ин ақида зиёдтар буданд. Котиби якуми КМ ПК(б) Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров қотеона нуқтаи назари хешро иброз дошт. Ба андешаи ӯ, замини тангу камҳосили Тоҷикистон кишти чоркунҷаю тоқа-тоқа мехоҳад. Пахтакорони варзида низ ҷонибдори кишти ҷӯякҳои танг тариқи чоркунҷаи дона-донаро усули пешқадам меҳисобиданд. Турсун Ӯлҷабоев ҷонибдори андешаи Бобоҷон Ғафуров устувор монд. Дар аввал Хрушёв ҳам зидди ин усул набуд, аммо баъдҳо…

Авҷи аълои хатар дар оғози солҳои 60-ум ба миён омад. Ба андешаи ҳамсафон, Ӯлҷабоев номзади пешниҳодкардаи Хрушёвро дар мансаби котиби дуюми ПК Тоҷикистон – Иван Григоревич Ковалро напазируфт. Ба гуфтае, андак «эркагӣ» кард, аммо қайсарии ҷӯрааш ба Хрушёв нафорид. Ҳамин гарданшахӣ (гапногирӣ, қайсарӣ) бар зарари Ӯлҷабоев шуд ва Кремл чанде пас, ӯро аз арши сиёсат сахт ғалтонд…

 

ДАРҲАМОМЕЗА

Зикри ҳаёту фаъолияти Турсун Ӯлҷабоев дар қомусу нашрияҳои гуногун то соли 1954 дарҳамомеза (дарҳамбарҳами)-ҳо дорад. Инҷониб ба ҷуз матолиби қомуси озод (назари охир аз 12.6.2023), аз энсиклопедияҳои «Худжанд» (1999), «Они были первыми» (2003) ва «Кӯлоб» (2006) истифода кард…

Дар зикри давраи болозикр андеша каме печида омада. Ба мисол, дар қомуси «Кӯлоб» омада, ки Ӯлҷабоев «Котиби кумитаи ҲК вилояти Кӯлоб ва вилояти Ленинобод (1953-54)… буд». Аммо дар дигар маъхазҳо «кор дар Кӯлоб» ноаён аст. Боз ғайраву ҳоказо…

Ниҳоят, бо ҷамъи он ҳама буду набуд шарҳи ҳоли некмард, ходими барҷастаи сиёсӣ Турсун Ӯлҷабоевро ба фаҳми худ мураттаб намудем. Агар иштибоҳе гузашта бошад, маъзарат…

 

ТУРСУН

Ӯлҷабоев 98 сол муқаддам, 1-уми июни соли 1916 дар деҳаи Курк, уезди Хуҷанд, вилояти Самарқанди кишвари Туркистон, империяи Россия, дар хонаводаи деҳқони камбағал таваллуд шудааст.

То соли 1951 миллаташ ӯзбек (дар тамоми ҳуҷҷатҳои мавҷуда), аз соли 1951 тоҷик (қомуси ҳизбӣ – «Они были первыми», Душанбе, «Шарқи озод», 2003, с. 69.) қайд шуда. Аз апрели соли 1939 то апрели соли 1961, аз соли 1980…, узви Партияи коммунистии Иттифоқи Советӣ.

Техникуми педагогии Хуҷанд (дар баъзе ҷойҳо Нов, 1935), Мактаби олии партиявии КМ ВКП (б) дар Тошкандро хатм карда. Ихтисосаш-педагог ва журналист.

Устухонаш аз хурдсолӣ бо меҳнат сахт шуда. Турсуни наврас пайваста дар корҳои падару модараш ёрӣ мерасонд. Пас аз хатми техникуми педагогӣ, муаллими синфҳои ибтидоӣ дар деҳаи Нови округи Ӯротеппа (ҳозира ноҳияи Спитамен, 1935-1936), мудири шуъбаи мактабҳо ва пионерон, котиби комитети комсомоли ноҳияи Нов (1936-1937) буд.

 

СТАЛИНОБОД

Нимаи дувуми солҳои 30-юм Турсун Ӯлҷабоевро ба пойтахти Тоҷикистон хонданд. Солҳои 1937-1941 мудири шуъбуи мактабҳо, котиби КМ ЛКСМ Тоҷикистон, 1941 ҳамчун мудири бахши (сектори) мақомоти советии шуъбаи кадрҳои КМ ПК (б) Тоҷикистон масъулият дошт. Солҳои 1941-1947 ба симати котиби якуми КМ ЛКСМ Тоҷикистон ифои вазифа намуд.

Соли 1947 ҷавони қобилу уҳдабаро Турсун Ӯлҷабоевро ба Мактаби олии партиявии назди КМ ВКП (б) ба шаҳри Тошканд фиристоданд. Баъди хатми донишгоҳ бо роҳхат ба Сталинобод омад. Ӯро котиби комитети вилоятии (Сталинобод)-и ПК(б) Тоҷикистон таъин намуданд.

Солҳои 1951-1952 мудири шуъбаи пропаганда ва агитатсияи КМ ПК(б) Тоҷикистон буд. Дар ҳамин давра Турсун Ӯлҷабоев узви Иттифоқи журналистони СССР шуд. Солҳои 1952-1954 котиби якуми партияи коммунисти вилояти Ленинобод (?)…

Аз моҳи январи соли 1954 то марти соли 1955 ҳамчун котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон фаъолият дошт. Аз 29-уми марти соли 1955 то 25-уми майи соли 1956 Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон (дар амал шахси дувум дар кишвар) ҳисоб мешуд.

 

КОТИБИ ЯКУМИ КМ ПК (б) ТОҶИКИСТОН

24-уми майи соли 1956 Турсун Ӯлҷабоев (ба ҷои Бобоҷон Ғафуров) котиби якуми КМ ПК (б) Тоҷикистон таъин (интихоб) шуд.

Мавсуф дар ҷомеаи онзамона соҳиби обрӯи бағоят калон буд. Ба ҷуз фаъолияти ҳизбӣ – давлатӣ вай доимо мақола менавишт. Аслан, барои рӯзномаи марказии СССР «Правда». Вай тамоми кӯшишу ғайрати хешро баҳри шукуфоии кишвар ва пешрафти манфиати Тоҷикистон  равона месохт…

Болозикр дар зарфи шаш сол корҳои зиёдеро ба сомон расонд. Ӯ планкаи пешрафтро аз буда болотар бардошт. Он замон дар тамоми соҳаҳо пешравӣ ба назар мерасид. Бе шубҳа, дар сархати корҳо пахта  буд. Иҷрои саривақтии нақшаи пахтасупорӣ обрӯи Турсун Ӯлҷабоевро дар миқёси СССР бамаротиб баланд бардошт.

Никита Сергеевич ба Ӯлҷабоев диққати махсус медод. Дар сафарҳои хориҷӣ ӯро бо худ мегирифт, аз ҷумла дар сафари ёдмони Хрушёв ба ИМА Ӯлҷабоев котиби якуми КМ КПСС-ро ҳамроҳӣ мекард…

 

ГУСТОХӢ

Назаршо Додхудоев, собиқ Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, дар китоби ёддоштҳояш («Власть времени», 2001) баён дошта, ки боре дар қабули Никита Сергеевич Хрушёв тамоми роҳбарони ҷумҳуриҳои бародарӣ ҳузур доштанд. Маъмулан, дар чунин ҷаласаҳо сухани аввал ба роҳбарони ҷамоҳири калидии мамлакат – Украина, Белоруссия, Қазоқистон дода мешуд.

Баногоҳ, Турсун Ӯлҷабоев боло шуда, рӯ ба Хрушёв риштаи суханро ба даст гирифт. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки намояндаҳои ҷумҳуриҳои, ба қавле, хурд (кӯчак) дар чунин маҷлисҳо хеле навбат мепоянд, то сухане чанд гуфта бошанд. Аз ин ваҷҳ, ӯ ин анъанаро вайрон ва бе навбат сухан гуфтанист. Аз изҳорот (густохӣ)-и Ӯлҷабоев ҳозирин ҳайратзада шуданд. Қатъи назар аз чунин «пешпуртакӣ» (пешхезӣ), Никита Сергеевич ба ӯ иҷозаи сухан гуфтан дод.

Суханронии Турсун Ӯлҷабоев фавқулода бамаънӣ, таъсирбахш ва тез (бурро) буд. Ҳозирин ба суханони пурҳарорат ва самимии ӯ бодиққат гӯш доданд. Ман дар чунин ҳолат аз ғаюрӣ ва суханронии фасеҳи рафиқ ва дӯсти худ сарфароз шудам…

Бо поён ёфтани суханронии Ӯлҷабоев дар толор хомӯшии том ҳукмфармо гашт. Нахуст, Никита Сергеевич гуфт, ки маро дар хориҷа ҷӯё мешаванд, дар ҷумҳуриҳои ақибмондаи Осиёи Миёна аз куҷо лидеронро меёбед. Ва ба Ӯлҷабоев ишоракунон афзуд, ки чунин лидерҳо-роҳбарони барҷаста дар худи ҳамин сарзамин таваллуд мешаванд…

 

ПЛЕНУМИ «САРХӮР»

Соли 1961 дар шаҳри Душанбе пленуми VII КМ ПК Тоҷикистон доир шуд. Ҷаласа ду рӯз, 11-12-уми апрел, идома ёфт. Аз Москва Фрол Козлов – шахси дуюм (баъди Хрушёв) омада буд ва ӯ сарҷилаби пленуми ба гуфти пирони деҳ «сархӯр» маҳсуб меёфт. Ҳамаи ин даводаву ҳангома бо як мақсад…

Сабукдӯш кардани котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев ва Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон Назаршо Додхудоев аз рӯи нақшаи тарҳрезишуда ҷараён гирифт. Дӯстону ҳамсафони дирӯза ба сари Турсун Ӯлҷабоев борони маломат рехтанд. Дар ду рӯз танҳо бону Низорамо Зарифова бар ҳимояти онон садо баланд кард…

Пленум ҳардуро бо айби (ҷурми) «бар изофаи оммавӣ дар тайёр кардани пахта» гунаҳкор донист. Ҳамчунин бо ҳамин айб – «барои фиреби ҳизб ва давлат» мутахассисону роҳбарони зиёди кишвар, аз ҷумла бо ҷамъи қариб ҳафтод дарсади барандагони унвони Қаҳрамони Меҳнати сотсиалистӣ ба маҳкама кашиданд.

Турсун Ӯлҷабоевро баробари аз вазифа сабукдӯш кардан, аз ҳизб низ хориҷ намуданд, ки ин зарбаи ҷонкоҳе гардид.

12-уми апрели соли 1961 мардуми олам ҳама хандон буданду шодон, ба ҷуз раҳбарияти гуногунсатҳи кишвари тоҷик. Ин рӯз дар таърихи башарият бо парвози нахустин одам ба кайҳон, Юрий Алексеевич Гагарин – шаҳрванди СССР ёд мешавад.

 

СУЛТОН МИРЗОШОЕВ:

«…Турсун Ӯлҷабоев тобистони соли 1958 ба минтақаи Кӯлоб омада, вазъи нигоҳубини пахта ва дигар соҳаҳои хоҷагидориро аз назар гузаронида, бо иштироки фаъолону масъулон машварат гузаронид. Дар қатори дигар масъалаҳои ҷорӣ, аз вазъи ногувору зараровари хоҷагии пахтакории «Метин туқай»-и ноҳияи Маскав изҳори нигаронӣ кард. Дар байни суханронӣ ба ман назар ва муроҷиат кард:

– Мирзошоев, метавонӣ як гурӯҳ ҷавонони пахтакори Кӯлобро барои ёрӣ ба ин совхоз сафарбар намоӣ?

– Метавонем, Турсун Ӯлҷабоевич, – гуфтам.

– Набошад, 100 нафар ҷавонони пахтакорро ҷамъ оварда, ҳамроҳашон худат меравӣ, – супориш дод муншии аввали ҳизби ҷумҳурӣ.

…Субҳ бо се мошини калон бо байрақҳои сурх ба саҳро баромада, баъди торикӣ бармегаштем. Дар қитъаҳое, ки бачаҳо чобуқ мекарданд, қамиш қади одам сабзида ниҳоли пахта як ваҷаб метофт. Ҷавонон давоми даҳ рӯз дар се қитъа 100 гектар заминро чобуқ карда, ба обронҳо супурданд…

Гардиши фалакро бинед, ки соли 1961 баъди аз вазифаи муншии аввали ҳизб сабукдӯш шудан, мувофиқи хоҳиши худашон, Турсун Ӯлҷабоев, ки «маро ба қафомондатарин хоҷагӣ фиристед, кор мекунам» гуфта буданд, директори ҳамин совхоз таъин намуданд» («Дар пайванди ду аср», 2009).

 

ДАВРИ РӮЗГОР

Пас аз гиру дорҳои зиёд Ӯлҷабоевро моҳи апрели соли 1961 директори совхози ақибмондаи «Митин-Туқай»-и ноҳияи Москваи вилояти Кӯлоб (алҳол хоҷагии деҳқонии ба номи Саидқул Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) фиристоданд (бо хоҳиши худаш), ки ин амал бадарғаи сиёсӣ унвон гирифт. Дар ин хоҷагӣ вай то соли 1964 меҳнати арзанда анҷом дод.

Сипас, ӯро ба минтақаи баландкӯҳи кишвар, ноҳияи Комсомолобод (ҳоло ноҳияи Нуробод) гузаронданд. Дар ин гӯшаи кӯҳистон солҳои 1964-1973 ҳамчун директори совхози «Ғарм» масъулият дошт.

Аввали солҳои 70-ум «раҳми Парвардигори мо омад…» ва ӯро ба пойтахти кишвар наздиктар оварданд. Турсун Ӯлҷабоев моҳи марти соли 1973 мовини директор ва аз декабри соли 1976 ҳамчун директори совхози «XXIV партия»-и ноҳияи Куйбишеви вилояти Қӯрғонтеппа (ҳозира ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон) фаъолият намуд.

Турсун Ӯлҷабоевро, баъдан, дар ҳизб барқарор ва танҳо соли 1986 қисман сафед карданд (дар давраи «бозсозӣ»). Ҳамон сол ба нафақа баромад.

 

ҲАРЧӢ ДОШТ…

То ба он рӯзҳои наҳс Турсун Ӯлҷабоеви овозадор борҳо депутати Совети Олии СССР ва РСС Тоҷикистон интихоб гардида буд. Меҳнати шоистааш бо ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони фахрӣ», 5 медал ва 4 Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр гаштааст…

Имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни кишвар мактаб ва хоҷагӣ номи ӯро доранд. Мояи фахр ва шукрона аст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони № 118 аз 9-уми сентябри соли 1997 Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро ба номи Турсун Ӯлҷабоев гузоштанд. Воқеан онҷониб аз давраҳои аввали ин сохтмон то замони сари вазифа будан, дар ин сохтмони аср заҳмати зиёде ба бор доштанд…

Ходими намоёни давлатӣ ва сиёсӣ Турсун Ӯлҷабоев баъди ду соли ба нафақа баромадан, 31-уми майи соли 1988, дар 72-солагӣ, дар шаҳраки «Меҳнат» аз дунё гузашта, дар оромгоҳи Сари Осиёи шаҳри Душанбе мадфун гашт.

  1. PS. Манзура Ӯлҷабоева, духтари калонии хонадон он рӯзҳоро чунин ба ёд меорад: «До конца жизни он был и оставался честным и верным партии. В Куйбышевском районе (я там была) отцу вручали новый партбилет! Да, не восстановили, но приняли вновь в партию. Ин он был счастлив».   

 

Умари Шерхон

13.5.2024

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube