ВАҚТЕ РАҲБАРИ МАКТАБ МАОРИФЧӢ НЕСТ…

Солҳои 2014 – 2018 банда ба ҳайси методисти омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик дар ширкати “ Шалола” ва баъд дар ҳамин муассиса, ки бо номи “Маркази ҷумҳуриявии  дарёфт ва рушди истеъдодҳо” фаолият дошт, ҳамкорӣ мекардам ва ин мактаб, дар ҳақиқат, ба талабот ҷавобгӯ буд. Вале имрӯз ин мактабро бисёриҳо “девонахонаи  беназоратмонда” ном мебаранд ва ин беҳуда нест!

Аз рӯзе, ки директори мактаб  – Юнус Эмре Кочро аз давлати Туркия даъват карда, ба ин мактаб сарвар ва гӯё бо талаби Вазорати маориф ва илми ҶТ – Шарипов Маъмурро, ки ғайри ихтисоси педагогист (менеҷер) ҷонишини аввал таъин намуданд, ин мактаб ба масхараи мактабу маориф табдил ёфт. Оё кормандони Вазорати маориф ва илм намедонистанд, ки Ш. Маъмур аз кӯчаи мактабу маориф нагузаштаасту ихтисоси ӯ мувофиқи мактабу маориф нест?

Оё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон мутахассиси босавод ва дилсӯзи халқу миллаташ нест, ки ин 2 бегонаро иваз намояд? Чаро директор маҳз аз Туркия бошад?!  Директории ӯ ба манфиати кӣ ё кадом гурӯҳ  дар Тоҷикистон аст, ки аз манфиати халқу миллати тоҷик баланд меистад? Ё барои Фитратҳои ояндаро тарбия кардан лозим аст? Чаро директор аз Тоҷикистон, Русия, Англия, Эрон, Чин, Қирғизистон ё дигар мамлакат неву бояд аз Туркия бошад? Муаммо!?

Роҳарияти ин муассисаи таълимӣ моҳи сентябри соли 2021 аввал нагузоштанд, ки хонандагон ҷашни Истиқлолияти ватанамонро ҷашн гиранд. Хонандагоне, ки дар саҳни мактаб ҷамъ омада, барои гузаронидани ҷашн тайёр намуда будем, ҳамаро маҷбурӣ  ба синфхонаҳо дароварданд. Танҳо баъди талабу пофишории 3 нафар омӯзгорон ин ҷашн иҷозат дода шуд, ин ҳам ба таври масхара баъди дуюм соати дарс, дар офтоби сӯзон, хонандагонро ба саҳни мактаб бароварданду ҷашни Истиқлолияти ватани моро гузарониданд.

Усулан дар фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе» ягон талаботи қонунгузории амалкунандаи маориф, санадҳои зериқонунӣ, аз ҷумла қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳатто Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя ва иҷро карда намешаванд. Барномаҳои давлатии таълимие, ки риоя ва иҷрои онҳо барои тамоми низоми муассисаҳои давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳатмӣ буда, ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ бояд қатъиян риоя карда шаванд, умуман, иҷро карда намешаванд.  Масалан, бо супориши ғайриқонунии муовини якуми директор Шарипов Маъмур ба хонандагони синфҳои 5-ум аз фанни география дарс гузошта шудааст, ки ба ақли солим рост намеояд, зеро аз фанни география барои синфҳои 5-ум барномаи таълимӣ ва ҳатто китоби дарсӣ дар ҷумҳурӣ вуҷуд надорад! Кӯдакони бечора дар асоси кадом китоб ва барномаи таълимӣ бояд дарс хонанд, номаълум аст. Магар ин бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ нест?

Аюма Солеҳова,

омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе

Аз СССР: Ин шикваи 1 омӯзгорест, ки аз кор рафтааст. Шояд дар он гилоя бештар аз далел бошад. Вале 1 чиз муаммобарангез аст: таври маълум ҷаноби Юнус Эмре Кочро чун террористи давлати Туркия ва гумоштаи Фатҳулло Гюллен дастгир ва ба Туркия истирдод карданд. Ва аммо шогирдону пайравонаш ҳанӯз ин ҷо кору фаолият доранд. Шояд фурсате расидааст, ки ҳамаи нуқтаҳоро сари “I”  мегузоранду литсейҳои фатҳуллогюлении туркиро, ки ҳатто сафири Туркия дар Тоҷикистон, онҳоро шабакаи террористӣ хондаву тарафдори бастанашон аст, куллан аз байн мебардоранд? Ё боз барои вазорати маориф ва илми ҶТ ягон факту далели таккондиҳандаи дигар лозим аст???

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube