ВОСЕЪ: КАЛОНТАРИН ЗАВОДИ МИНТАҚА ХОЛИСТ

Заводи пахтаи ноҳияи Восеъ калонтарин ва овозадортарин дар вилояти Кӯлоб дар солҳои советӣ буд. Масоҳаташ зиёда аз 40 гектарро ташкил дода, дар он зиёда аз 2230 нафар кор мекарду маоши барои зиндагӣ басанда мегирифтанд, даҳҳо ҳазор одамон аз ҳисоби ин завод нон мехурданд.

Дар дохили завод корхонаю сехҳои зиёде сохта шуда буданду кор мекарданд.

Монанди нассоҷӣ, риштабарорӣ, истеҳсоли равған, сехи консервабарорӣ, ҷӯроббофӣ, дузандагӣ ва қолинбофӣ.

Дар давоми мавҷудияти ин завод даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми шароиташ сохта, ба коргарон бепул ё ба забони ҳозира ройгон тақсим карда мешуд, ки то ҳол дар онҳо мардум зиндагонӣ доранд.

Агар завод то ҳозир побарҷо мебуду мисли даврони советӣ кор мекард, Марҷинаи фронти халқиро, ки аз ш. Кӯлоб барои Ватан, барои ҳифзу озодии халқаш дар ҷанги бародаркуш, ҷони худро дареғ надониста, қаҳрамонона мубориза бурдаасту ҳоло иҷорашин аст, бо хонаи бо тамоми шароиташ муҳайё таъмин мекард. Зеро  директори завод Фазлиддинов (худо раҳматаш кунад) шахси донишманд, ғамхор нисбат ба халқ, бо раҳму шафқат, дилсӯз, оқилу доно ва саховатманд буд, қадри шахси меҳнаткашро медонист. Шахсе буд, ки ба ҳамаи корафтодагон дасти ёрӣ мерасонд, ҳеҷ касро ноумед намекард, марди сахӣ буд.

Самариддин Фазлиддинов ният дошт, дар болои кӯҳи намаки Хӯҷамумини н. Восеъ барои касалиҳои диқи нафас (астма) санатория сохта, байни н.Восеъ ва ш.Кӯлоб хати троллейбус кашад, аммо ҷангҳои дохилӣ монеи ин нақшаҳо шуданд.

Дар давраи истиқлолият, хусусан пас аз марги директори завод Фазлиддинов Самариддин завод шукуҳу шаҳомати худро бо гуноҳи мутасадиён аз даст дода, ҳоло пурра аз кор мондааст.

Агар кас имрӯз дохили завод шавад, мебинад, ки дар ҳар гӯшаи завод иморатҳои кандаву чапашуда, агрегатҳои қисмҳои асосиашон рабуда, менамоянд.

Майдончаҳои барои скирти пахта ҳама холию ҳайрон. Касеро, ки гузораш ба завод афтад, агар дил, раҳму шавқат, инсоф ва виҷдон дошта бошад, гиря мекунад.

Муҳтарам вазири саноат ва технологияи нав тва вазири кишоварзии мамлакат! Агар заводи пахта лозим набошад, пас дар ҷояш заводи коркарди пусту пашм, фабрикаи пойафзолбарорӣ, либосҳои пашмӣ ва ҳоказо намесозед? Охир тахриби чунин коргоҳи бузург ҳам вуболу дуо дорад, мегирад рӯзе не рӯзе….

Ҷ. Муродов,  

н. Восеъ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube