Ба орзуям расидам!

21.01.2024. Соат бо вақти Душанбе 16:24 дақиқа. Муҳаммадсидиқи Саид, яке аз муаллифони фаъоли газетаи «СССР» ва мураббии тими футболи наврасони СССР бо редаксия тамос гирифта (тел: 987083001), гуфт, ки бо мусоидати газетаи СССР ба орзуяш расид.

– Имрӯз бо ҷалби варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ, Марафони велосипедрониро, ки ба 70 – солагии ман шогирдонам ташкил намуда буданд, баргузор кардем. Марафон пеш аз ҳама бо дастгирии газетаи мардумии СССР, пасон бо ибтикори МИҲД ш.Кӯлоб ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр баргузор гардида, он ба 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бахшида шуд.

Дар марафони имрӯза муовини раиси ш.Кӯлоб – Ҳамидиён Орзу, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр – Нозимов Абдулло ва устодони варзиш дар деҳаи Хонаободи Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ш.Кӯлоб, инчунин зиёда аз 100 нафар аз маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат иштирок намуданд.

Баъди анҷом ва ҷамъбасти марафони велосипедронӣ ғолибон бо Сипосномаи раиси шаҳри Кӯлоб ва бо тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбияи насли наврас ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи варзиш қадрдонӣ шуданд.

Дипломи вежаи СССР барои таҷлил аз 70-солагӣ ва саҳми боризи банда дар тарбияти насли наврас дар рӯҳияи патриотизм ва ҷавонмардӣ низ ба ман расид, ки сарам ба осмон баланд кард!!!

Ягона орзуи мани 70-сола ин қадршиносӣ аз ҷониби шогирдон, ҳукумати маҳаллӣ ва газетаи мардумии СССР буд, ки 1 умр узви Ихвон ал СССР мебошам. Сипос ба СССР – и азиз, ки маро ба ин орзуям расонд!

Мо метавонем!

 

 Аз СССР: Патриот ва ватанхоҳ

Воқеан ҳам устоди варзиш ва педагоги саршинос, Муҳаммадсиддиқи Саид аз сарсупурдаву сарбадорони миллати Тоҷик аст. Ӯ нафарест, ки дар деҳоти дури кишвар ба шогирдон ватандӯстиву ватанпарастиро талқин менамояд. Ҳарчанд худ зиндагонии хубу сараву серу пур надорад, вале ин ҳамаро пеши ватандорӣ ба сирф баробар мешморад. Зеро барои устод Ватан болотар аз ҳама чиз ва Миллат ширинтар аз ангубин аст!

М. Саид, агар касе фаромӯш карда бошад, ҳамон нафарест, ки чандин сол пеш, барои дастгирӣ аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 2013, ҳамроҳи шогирдони наврасаш, пои пиёда ва бо дав аз Кӯлоб то Душанбе омада буд. Баъдан клуби футболии «Мардакчаҳо»-ро таъсис дода, ҳатто дар Ҷоми СССР ширкат кард. Дастаи футболи Мардакчаҳо то ҳанӯз фаъол аст ва соли пеш бар дастаи нимапрофессионали СССР пирӯз омада буд.

70-и умри пурбаракот мубораку ҳумоюн бод, пири кор, патриот ва узви Ихвон ал СССР. Мо бо Шумо барин устодони ҷавонмард Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube