БОХТАР: ДЕЗИНФЕКСИЯ ГАРОН НЕСТ, АММО…

Нури Бохтарӣ, хабарнигори рӯзномаи СССР дар вилояти Хатлон ба редаксия занг зада (тел: 933876565), дар бораи дезинфексияи боғчаҳои ҳудуди шаҳри Бохтар андешаронӣ намуд.

– Бо Робия Каримова, мудири шӯъбаи дезинфексия ва профилактикаи шаҳри Бохтар дар мавриди дезинфексияи муассисаҳои томактабӣ ҳамсӯҳбат шудаму бароям маълум гардид, ки имсол аз 18 муассисаи томактабии ҳудуди шаҳр танҳо 12 тои он бо ин шӯъбаи барояшон муҳим шартнома доранд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017 корҳои дезинфексионӣ, дератизатсионӣ бояд дар ҳама муассисаҳои томактабӣ новобаста аз шакли моликият, дар бозорҳои умумӣ ва муассисаҳои таълимӣ гузаронида шавад. Нархи шартномаи ин шӯъба 0,40 дирам барои метри мукаабро ташкил медиҳад.

Бо ин қадар нархи арзон доштани корбарӣ чаро на ҳама муассисаҳои томактабӣ безарар гардонида мешавад? Ва чаро ҳоло ҳам шикоят дар бораи олудашавии тарбиятгирандагон аз ҳар гуна ҳашарот вуҷуд дорад?

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube