БРОЙДО (ДУЮМИН) КОТИБИ ЯКУМИ КМ ВКП (б) ТОҶИКИСТОН

Сар аз соли 1930 то соли 1946, дар давоми 16 соли аввали мавҷудияти Республикаи Советӣ Сотсиалистии РСС Тоҷикистон, котибони якуми ПК Тоҷикистонро аз дигар ҷумҳуриҳо таъин интихоб мекарданд. Пештоз мегӯем, ки Бобоҷон Ғафуров (6-умин котиби 1-ум) нахустин тоҷики бумӣ ба ин вазифа интихобгардида маҳсуб меёфт (аз соли 1946).

То ба он маврид 5 нафари дигар сари вазифа – котиби якуми КМ ВКП (б) Тоҷикистон буданд. Якум – Гусейнов Мирзо Довуд Боғир уғли (1930-1933), миллаташ озарбойҷон, зодаи шаҳри Боку.

Дувум – Бройдо Григорий Исаакович (1933-1934), миллаташ яҳудӣ, зодаи шаҳри Вилнои империяи Россия (ҳозира шаҳри Вилнюси Литва).

Савум – Шадунс Сурен Константинович (1934-1937), миллаташ арманӣ, зодаи шаҳри Шушаи губернияи Озарбойҷон.

Чаҳорум – Ашӯров Ӯрунбой (январ-сентябри 1937), миллаташ тоҷик, зодаи шаҳри Скобелев (ҳозира шаҳри Фарғона)-и Ӯзбекистон.

Панҷум – Протопопов Дмитрий Захарович (1937-1946), миллаташ рус, зодаи вилояти Воронежи Россия.

 

САРЧАШМА

Соли 2024 ба зодрӯзи ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик – советӣ (дуюмин) котиби якуми КМ ВКП (б) Тоҷикистон Бройдо Григорий Исаакович 140 сол пур мешавад. Аз ин ваҷҳ, зарур донистем аз рӯзгори ин шахсияти номошнои таърихи мамлакат сухане чанд ёдовар шавем.

Баҳри дастрасӣ ба мавзуи таҳти назар ба се маъхази муътамад рӯ овардем. Якум – «Энсиклопедияи миллии тоҷик», ҷ.3 (Душанбе, «ЭР-граф, 2014, саҳ.186). Дар қомус шарҳи ҳоли мухтасар – 24,5 сатр, бе акси Бройдо ва макони фавташ «номаълум» омада.

Дувум – «Они были первыми» (қомуси ПК ҶТ), роҳбари ҳайати таҳририя, таърихшинос Искандар Қаландаров (Душанбе, «Шарқи озод», 2003, с.65). Дар ин маълумотномаи бебаҳо дар шарҳи ҳоли Бройдо сатре чанд зиёдтар омада.

Савум – «Википедия» – қомуси озод. Дар ин ҷо, дар бораи ҳаёти Бройдо фасеҳтар маълуот дарёфт шуд. Дар ду маъхази аввалӣ аз хусуси он, ки Г.И. Бройдоро ба маҳкама кашидаанд, ишора нест. Хулоса бо истифода аз ин се маъхаз ба рӯзгори онҷониб рӯшанӣ андохтем. Хулоса бо истифода аз ин се маъхаз маводи таҳти назар мураттаб гардид.

 

БРОЙДО

Боиси зикр аст, ки Григорий Исаакович дар таърихи кишвари мо, Котиби якуми КМ ВКП (б) Тоҷикистон, таҳти рақами 2 қарор дорад, пас аз Гусейнов Мирзо Довуд Боғир уғлӣ.

Бройдо 7-уми ноябри соли 1884 дар шаҳри Вилнои империяи Россия (ҳозира шаҳри Вилнюси Литва), дар хонаводаи муҳосиб Исаак Лейбович Бройдо ба дунё омадааст.

Миллаташ яҳудӣ, узви партия аз соли 1903. Маълумоташ олӣ. Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург (Ленинград)-ро хатм кардааст. Григорий Бройдо аслан соли 1903 ба ҳизб (РСДРП) пайваста, нахуст меншевик ва аз соли 1918 бо болшевикон пайваст. Иштироки Револютсияи 1-уми Россия (1905-1907) ва Револютсияи Февралӣ дар Тошканд. Раиси Совети Тошканд буд.

Солҳои 1909-1916 ёрдамчии ҳимоякунанда (вакили даъво дар маҳкамаи Россияи пешазинқилобӣ) дар шаҳри Пишпек (Бишкек) ва Тошканд. Дар ин миён, ба қавле дар Санкт-Петербург ва Вилно омӯзгорӣ ҳам карда будаанд. Иштирокчии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1916-1917).

Соли 1917 дар Совети Петроград, соли 1918 дар ВСНХ-и РСФСР, дар Раёсати корҳои ирригатсионии РСС Туркистон фаъолият дошт. Солҳои 1918-1919 мудири губерниягии мактаби партиявии Самара, вакил (намоянда)-и Совети ҳарбӣ-револютсионии гурӯҳи қӯшунҳои Ҷануби фронти Шарқӣ, аъзои СҲР-и Армияи якуми фронти Шарқӣ, мудири шуъбаи партиявии комиссияи Туркистонии ВЦИК ва СКХ РСФСР. Солҳои 1919-1920 мудири шуъбаи муносибатҳои берунии комиссияи Туркистонӣ, роҳбари экспедитсияи фавқулода дар Хива, намояндаи фавқулодаи РСФСР дар Хива ва шуъбаи Амударёгӣ.

Солҳои 1921-1923 Г. Бройдо муовини Комиссари халқӣ оид ба миллатҳои РСФСР буд.

 

ТАШАББУСКОРИ ҚАСАБАИ ДЕҲҚОНИИ ЯҲУДӢ ДАР ҚРИМ

Аввали солҳои 20-ум Григорий Бройдо дар ҳаммуаллифӣ бо А.Г. Брагин расман идеяи (андешаи) ташкил кардани калонияи (қасабаи) зироатӣ-деҳқонии яҳудӣ дар Қрим, ҳамчун варианти ҳалли масъалаи яҳудиҳоро дар СССР ифшо намуд. Дар оянда, дар коркарди ин лоиҳа дар ҳамкорӣ бо роҳбари ОЗЕТ Юрий Ларин иштирок кард. Бюрои сиёсии РКП (б) якчанд маротиба сари ин масъала – лоиҳаи Брагин-Бройдо баргашт. Қатъи назар аз душманогарии байниякдигарӣ, аксарият ба тарафдории ин лоиҳа овоз доданд. Ҳамчунон душманони ҷонии якдигар Л.Д. Тротский, Л.Б. Каменев, Г.Е. Зиновев, н. И. Бухарин, А.И. Риков. Раиси Госплани СССР А.Д. Цюрупа ва комиссари халқии корҳои хориҷии СССР Г.В. Чичерин лоиҳаи мазкурро фаъолона дастгирӣ намуданд. Ин лоиҳаро Раиси Бюрои Марказии сексияи яҳудиёни РКП(б) С.М. Диманштейн, зердасти бевоситаи Сталин оид ба масъалаҳои миллии Комиссариати Халқӣ маъқул донист…

 

РӮ БА ФАРОЗ

Соли 1921 Григорий Бройдо ташкилкунанда ва ректори якуми Университети коммунистии меҳнаткашони Шарқ, солҳои 1925-1926 муовини мудири шуъбаи табъу нашри КМ РКП(б), 1925-1927 муовини мудири шуъбаи чопи КМ РКП(б) – ВКП(б).

Солҳои 1927-1930 ректори Университети коммунистии Саратов, мудири шуъбаи Нашриёти давлатӣ, мудири шуъбаи ташвиқоту тарғиботи комитети кишварии Нижне-Волжски ВКП(б), котиби комитети кишварии Нижне-Волжски ВКП(б).

 

ТОҶИКИСТОН

Григорий Исаакович Бройдоро моҳи декабри соли 1933 ба РСС Тоҷикистон раҳнамун сохтанд. Коммунистони ҷумҳурии 7-уми советӣ номбурдаро котиби якуми КМ ВКП (б) Тоҷикистон интихоб намуданд. Бройдо дар ин вазифа то моҳи ноябри соли 1934 ифои вазифа намуд.

Бройдо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Туркманистону Қирғизистон маъруфият касб карда буд. Вай дар саргаҳи Ҷумҳурии Туркманистон меистод. Сарфи назар аз он ки ӯ дар вазифаи котиби якуми КМ ВКП (б) Тоҷикистон кам кор карда бошад ҳам, дар инкишофи иқтисодиёт, фарҳанг ва маорифи ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузошт.

Г.И. Бройдо вакили съезди XVII ВКП(б) буд (26 январ – 10 феврали соли 1934).

 

МОСКВА – БАНДӢ

Шуруъ аз соли 1934 Г.Бройдо шаҳри Москваро макони зисти доимӣ қарор дод. Ӯ солҳои 1934-1936 муовини Комиссари халқии маорифи РСФСР, 1936-1938 директори нашриёти КМ ВКП(б) ва аз соли 1938 то соли 1941 мудири нашриёти тиббӣ буд. Номзад ба аъзогии КМ ВКП(б) (1934-1939) …

Дар ду маъхази аввал дар бораи ҳабс шудани Бройдо ягон гап нест. Ҳангоми ошноӣ бо сарчашмаи ахирӣ маълум гашт, ки Григорий Исааковичро баъди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба маҳкама кашида будаанд.

Моҳи августи соли 1941 Г.Бройдоро ҳабс ва аз сафи ВКП(б) хориҷ намуданд. Соли 1945 ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон шуд.

Г.И. Бройдо моҳи апрели соли 1953 аз рӯйи авфи умумӣ аз маҳбас озод ва соли 1955 дар ҳизб барқарор гардид.

Григорий Бройдо 23-юми майи соли 1956 дар 71-солагӣ, дар шаҳри Москва вафот кард.

 

ТАЪЛИФОТИ БРОЙДО

Дар ин росто ба назар хӯрд, ки Григорий Бройдо ба ҷуз фаъолияти ҳизбӣ, сиёсӣ боз дар мавзуҳои гуногун таълифот низ доштаанд. Ин ҷо бо овардани шаш номгӯи осори онҷониб иктифо мекунем.

«Национальный и колониальный вопрос» (Москва, 1924), «В атаку против неграмотности и бескультурья» (Москва, 1929), «Восстание киргизов в 1916 г.» (Москва, 1925), «Долой неграмотность» (Москва; Ленинград, 1929) … «Первые итоги и задачи культ штурма в Калмыцской области» (Саратов, 1932), «Кабардинский фольклор (Москва; Ленинград, 1936) …

Боиси зикр аст, ки бо ба ёд овардани ном ва рӯзгори шахсияти номошнои маъруфи кишвар, амсоли Бройдо Григорий Исаакович, яке аз роҳбарони сатҳи аввали Тоҷикистони советии солҳои 30-юм танҳо бар манфиат хоҳад буд. Қатъи назар аз бурду бохтҳои давраи советӣ Тоҷикистон дар авали асри XX ҳамчун Ҷумҳурии Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон арзи вуҷуд кард.

Таърихи 100-солаи садаи бисти тоҷикро аз лавҳи таърихи башарият ҳатто бо табар буридан наметавон. Онро бояд эҳтиром гузошт ва тантана кард.

 

Умар АЛӢ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube