ДАНҒАРА: ДЕҲАҲОИ ФАРОМӮШШУДАИ ЛОҲУР 

Солҳои охир дар деҳаҳои н. Данғара иншооти гуногун бунёд гашта, смои деҳаҳоро дигар кардаанд. Баъзе аз деҳаҳо ба шаҳр монанд шудаанд, ки боиси фахр аст. Вале чаро бархе аз деҳаҳои ҷамоати деҳоти Лоҳур аз мадди назари масъулин дур мондааст, намефаҳмам.

Махсусан деҳаҳои Қайнама, Эгизак, Бештеппа ва Голтов на роҳи дурусти мошингузар доранду на ягон нуқтаи тиббӣ. Фақат дар деҳаи Қайнама бунгоҳи тиббӣ дар хизмат буда, ба аҳолии Бештеппа ва Эгизак хизмат мерасонад. Вале рафтуомади мардуми деҳаҳо ба Қайнама душвор аст, зеро роҳи байни ин деҳаҳо мумфарш нест.

Минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар наздикии деҳаи Қайнама ҷойгир аст. Ва роҳи даромад ва баромади ин коргоҳ ба роҳи Данғара – Бохтар пайваст шудааст.  Дар мактаби ибтидоии деҳаи Бештеппа хонандагон фақат то синфи 4 – ум мехонанд ва пасон ба мактаби деҳаи Қайнама мераванд, ки дар фасли зимистону баҳор рафтуомадаш душвор мегардад.

Б.Пӯлодов,

тел: 900300945

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube