ДУРӮҒПАРАСТОН

Ин матлаб барои фанатҳо нест: онҳо дигар ислоҳ намешаванд. Ин мақола барои зиёиву рӯшанфикру журналисту адибу шоиру шоираву кормандони мақомоти амнияту қудративу раису саисони ҳукумати дунявист:

– Ба по хезед ва давлати хешро дар олами виртуолӣ, ақаллан

чун садяки Абдуқодир Талбакову Сафват Бурҳонову Ато Мирхоҷаву Саъдии Маҳдӣ… ҳифз кунед. Варна ин фанатизм, мабодо сари кор омад, тару хушкатонро месӯзад!!!

26.06.2024. Соат ба вақти Данғара 13:17 дақиқа. Деҳаи Дурахшон-1 (он же Ҷарбулоқи собиқ вилояти Кӯлоб ва он же Глинной арыки Тоҷикистони овони сталинӣ).

Ман ин деҳаро зиёд дӯст медорам. Новбаста аз он ки ЯГОН бор ин ҷо ист накардаам. Зеро модарам қисса мекард, ки дар солҳои 1950-уми асри ХХ, бо аҳли байт ва ҳаққу ҳамсояҳо, дар ин ҷо хонаи зерзаминӣ-землянка доштаанд. Усулан, аҳолии кӯчаи мо дар Кӯлоби Бостонӣ (маҳаллаи аэропорти кeҳнаи кӯчаи Куйбеш) қариб ҳама данғарагиянд. Зеро онҳо роҳи оҳани тангбар (узкоколейка)-и нахустинро бо даст сохта, аз деҳаи Сангтӯдаи Данғара то шаҳри Кӯлоб овардаанд ва ҳамин ҷо муқимӣ гаштаанд.

Сохтмони роҳ сангин буд. Қад-қади ин роҳ бо амри Сталини Бузург, мардум ҳам кор мекарду ҳам хонаҳои мавсимӣ-землянка бунёд. Мерафтанду месохтанду издивоҷ мекарданду мезойиданд. Аксари ҳамсояҳои

моро гар ба паспорташон назар дӯзӣ, маҳалли зисташон қади роҳи ҳамин узкоколейка аст.

Фарзи мисол, бародарбузурги ман, Эшони Қиёмиддин, ки ба тозагӣ ба раҳмати ҳаққ пайваст, дар Шӯроби Сангтӯда таваллуд шудаасту хоҳарбузургам Бибӣ Зулайхо дар… Глинной арык (номи русии ҷӯйи лойоба). Ана дар ҳамин ҷое, ки дар ҳамин соат ману А. Собир-коргардони ютубканали СССР ТВ ист фармудаву намози қасри пешин гузоридем…

…Намозро хонда, ба масҷид таваҷҷeҳ кардем. 1 оазис, 1 ҷазираи биҳиштосо, 1 ҷаннат дар рӯи замин ва муҳимтар аз ҳама ҷаннати сунъӣ, биҳишти дастбунёд. Дар таҳайур шудем, ки ин ҳама боғу роғ, гулу суманзорро кӣ карда бошад? Фикр кардем, дар ин даште, ки мурғон нимарӯз намепаранд, то парашон сӯхта нагардаду ҳатто магасҳо наменамоянд-аз гармии ҷонҳавл хокистар мегарданд, ин биҳиштро ҳатман ягон МИЛЛИАРДЕР сохтаст…

Вале ҳақиқате, ки пешорӯи мо фош шуд, бори дигар исбот кард, ин миллатро ҳамеша камбағалони дасткушод ва зиёиёни воқеии музофотӣ месохтаанд.

Ашӯров Файзалӣ, муаллими фанни забону адабиёти рус, Аълочии маорифи ҶТ, иштирокчии 10-умин фестивали умумиҷаҳонии илм дар Ироқу Афғонистону Эрон, нафақагир, мегӯяд, ин масҷидро, ки номи гӯшнавози Эмоми Аъзамро дорад, сараввал бобои эшони Сайфиддин ном ҳамдеҳааш дар соли 1992 асос гузошт. Акнун даҳсолаҳост, ки ӯ онро нигоҳубин мекунад.

Масҷиди Эмоми Аъзам дар сари роҳ ҷойгир аст. Ин ҷо касе садди роҳи намозу тоату ибодати касе намешавад. Гулдухтарон ва бонувоне, ки ин ҷо бо рӯбу чину поккории масҷид банданд, ҳама рӯмолу рӯсарии сирф миллии тоҷикӣ доранд. Ва он муллову «мавлавиҳои самозванетси афғонӣ», ки аз бими ситами Толиб қатлу кушти миллионҳо тоҷикро намебинанду мисли хоинони ҶБВ, ки ба политсияи Гэстапои Гитлер ба кор даромадаву мубаллиғ шуда буданд, рӯяшонро сияҳ мекунанд, ки мегӯянд дар Тоҷикистон бо сатру ҳиҷобу намозу тоату ибодат мақомот муҳориба доранд. Ин афғонҳои рӯсияҳи имонсӯхта, боре ба ингуна масоҷид, ки сафашон дар Тоҷикистон аз мактабу кӯдакистону театру қулубҳо зиёд аст, боре оянду бо чашми сар бинанд, ки ҳақиқат дар куҷо ниҳон аст.

Ва аммо бало паси ин мавлавиҳои фитнаангез! Маро рафтори он чанд ба ном мусалмонҳои ниқобпӯш ҳайрон кардааст, ки ба ҳамин Толиб муроҷиат мекунанд, ки «моро наҷот деҳ!». Ҳой беваи беимон! Толиб туро наҷот намедиҳад! Толиб, ки омад, туро ғуломи ҳалқабаргӯшаш хоҳад кард. Туи камхирад аз бонувони афғонистоние пурс, ки имрӯз аз ситами Толиб дар Тоҷикистон пинҳонанд. Магар ҳамин афғондухтарон кофиранд, ки гурехта, ба ватани ту омадаанд??? Фикр мекунам, ин занҳо фитнаанд ва барои фурӯ шинондани фитна, мақомот просто муваззафанд инҳоро ёбанд, мисашонро бароранду исмашонро фош созанд. 100% бар боварам, ки бо ислом ҳиҷ омехтагие надоранд. Зеро зани боиффату боимони Тоҷик ҳеҷ гоҳ ба афғони юбкапӯш муроҷеъ намешавад, ки «биову маро бигиру озод кун!!!». Ал ҳазар аз ин фитнаҳо…

Ва аммо баргардем сари масҷиди Эмоми Аъзами н. Данғара. Ин масҷиди 5-вақта аст ва тамомии раҳгузарон шабонарӯзӣ ин ҷо истода, таҳорат кардаву намоз мегузоранд. Воқеан ҳам 30 км болотар Масҷиди Ҷомеъи Данғара ҳаст, ки намози ҷумъа мегузоранд, мусофирон. Яъне мубаллиғони сатру ҳиҷобу риши арабӣ рӯшонро дар пеши Худову бандагон сияҳ кардаанд, ки ин ҳақиқатро намебинанду ҷор мезананд, ки масҷидҳоро баставу сатрҳоро кашидан доранд. Шуморо рӯзе ҳамин масҷидҳо мезананд! Агар назадаанд…

Бобои Файзалӣ Ашӯров, ки акси зебояшро дар сурат мебинӣ хонанда, аз ҳисоби пасандози нафақаи худ об харидорӣ карда (ин ҷо 1 мошин об 350-400 сомонист!!!), мардуми мусофирро бо оби гарму сард, таҳоратҷои ройгон (дар тули роҳ туалетҳои пулакӣ ҳаст, ки сарватмандон сохтаанд!!!), сачоқу кафш барои оббозиву таҳорат таъмин кардааст: ҳама намуди хизматрасонӣ ин ҷо ройгон аст!!!

Дуруст аст, ки дари масҷид Сандуқи Хайрия гузоштаанд. Вале касе чӣ миқдоре хост, пули майда ин ҷо меандозад. Ин пул, ки хеле кам ҳам ҳаст, барои ҷорӯбкашони атроф харҷ мешавад.

Вале Бобои Файзалӣ ин ҷо корҳое кардааст, ки ҳатто Мичурини номӣ ангушти ҳайрат мегазид!!! Тавре гуфтем, об ин ҷо камчин аст. Зимнан муаллими собиқадор гулҳои садбаргро дар дарахти хуч, ки таври маълум кам об истеъмол мекунад, пайванд кардааст. Гулҳои дурагаи хучи садбаргӣ ва ё садбарги хучӣ ҳамешасабзанд ва то аввали зимистон самар доранд.

Дар ин гулбоғи масҷиди Эмоми Аъзам бобои Файзалӣ чандин навъи гул парвариш мекунад. Бидуни садбаргҳои хучӣ ё хучҳои садбаргӣ, гулҳои хеле аҷиби гирдашакл коридааст. Тухми ин гулҳоро барои ӯ аз Кашмири Ҳинд овардаанд. Ва қаҳрамони матлаби мо, онҳоро ба боду ҳавои Данғара мусоид кардааст. Гулҳо дар тобистон сабз ва дар тирамоҳу зимистон сурх мегарданд.

Гули шому саҳар ва гули ошиқи печон низ ороиши масҷиданд. Аз гули кактуси амрикоӣ бошад, бобои Файзалӣ дору барои камхунӣ тайёр мекунад. Мегӯяд, агар одами мубтало ба камхунӣ 10 ғурраи ин гулро истеъмол кунад, 1 сол камхунияш рафъ мегардад.

Гули ғармаш бошад гулест, ки маҳз дар биёбонзорҳои Данғара мерӯяд ва онро бобои Файзалӣ чун доруи гиреҳхӯрдагии шикам (запор) ба ҳамдеҳагон омода мекунад. Аз ҳамин гули ғармаш ҳамзамон барои чорвои мардум низ гиёҳдармонӣ месозад. Ба забони дигар Мичурини мо Ибни Сино ҳам будааст: ҳам гулпарвар ва низ табиби мардумӣ!

Селексия ва ё худ парвардакунӣ ин ҳунари дигари қаҳрамони матлаби мост, ки назир надорад! Фарзи мисол, чун мавзеъ бе об аст, ӯ 1 ниҳолро парвариш дода, пасон ба он 4 – 5 ниҳоли дигарро пайванд мекунад. 1 дарахт бо 4 ва ё 5 навъи мева! Бобои Файзалӣ дар 1 танаи дарахт 4 навъи тутро пайванд кардааст: тути афғонӣ, шоҳтут, тути бедона ва тути донадор. Вале ин ҳам охири кор нест. Мичурини мо дар бадани 1 дарахти дигар 6 навъ тутро пайванд кардааст. Хеле ғам мехӯрад, ки 1 тоаш нагирифт, вале 5 навъи тут часпидааст. Ӯ ният дорад, имсол навъи 6-ро низ аз сари нав пайванд кунад.

Вале бо пайвандгарӣ кори қаҳрамони зиндаи Данғара хатм намешавад. Ӯро метавон акушер-гинекологи дарахтон ҳам хонд! Зеро гуфти худаш дарахтонеро, ки самар надоранд, «ахта» карда, «ҳомиладор» мекунад. Чигуна? Байни дарахт, ҷое махсус, ки ниҳол тақсим мегардад, фонае чуқур мекӯбад ва дарахти бебор самар меорад. Бобои Файзалӣ моро ба таваллудхона ё худ «роддоми ниҳолҳояш» оварда, бо ифтихор олуеро нишон медиҳад, ки ахта шудааст: мегӯяд чанд сол ин ниҳол бор намеовард ва ман ӯро ахта карда, ба таври сунъӣ бордор намудам.

Вале агар дар бораи шеърдониву хотираи қавии ин пири кор сухан накунем, чизе нагуфта бошем. Кони панду насиҳат аст ва шеъру таронаи барзиёд медонад ва ҳар суханашро бо байте тақвият медиҳад. Мисле, ки байте аз устод Сайдалӣ Вализодаи зиндаёдро шиори масҷид кардааст:

Бо бадон бад кардани одам бадист,

Дар ҷавоби бад бадӣ ноодамист!!!

Хоксор аст, ор намекунад, ки новобаста ба синну сол кафши ҳар намозгузорро, пок карда, ба тартиб даруни ҳар кафш қошуқи махсус ё худ ложка мегузорад, то одамон баромадаву бе азияте кафшҳояшонро пӯшанду раванд! Мегӯяд:

– Худо аввал Одамро офариду сипас Қуръонро. Яъне дин барои одам аст, на одам барои дин ва новобаста аз диёнат бояд Инсонро иззат гузошт…

Ва аз ҳама охир, хотираи қавие дорад: вақте роҳсозонро номбар карду гуфт бобои Исмат, бобои Қадам, махсуми Чилла ва эшони Мизроби роҳсозро аз Кӯлоб мешинохт, маро аҷаб ҳолате фаро гирифт. Зеро ӯ падари маро мешинохтааст!!!

Вале шодии маро ҳадду канор нашуд, чун дар бағали Бобои Файзалӣ 2 шумораи газетаи СССР-ро дидам. Маълум шуд, ки қаҳрамони мо тамомии шумораҳои газетаи мардумиро мехондаасту худро узви Ихзвон ал СССР меҳисобидааст… Воқеан ҳам бо чунин хонандагон, ки ту ҳам хонандаи ҳамин сутур, оре, маҳз туе, ки фикр дорӣ, «наход муаллиф маро дар назар дорад?», дар сархатти дӯстоони мо қарор дорӣ, Мо Метавонем!

Ва аз ҳама охир. Бобои Файзалӣ маош намегирад, кораш барои ризои одамон ва Парвардигор аст. Фанату фурухташудаҳои аврупоӣ, ки аз ун лаби дунё доду дағои мусалмонӣ дореду ҳар субҳу шом аз деге, ки дар он гӯшти хук мепазанд, истеъмол мекунеду дурӯғпарасту дурӯғпаркандаед, мусалмониро аз 1 нафақахӯре ёд гиред, ки дастпарвари маорифи СССР ва дӯсти газетаи ҳамноми ин давлат аст:

Дил ба каф овар, ки ҳаҷҷи Акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба 1 дил беҳтар аст!!!

Такроран мегӯям: рӯятон сиёҳ ба ин мусалмонии иблистинатиатон, ки ҳақиқати кулро дар ватани мо намебинед!!!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube