ЭЛЕКТРОМОБИЛ БЕЗАРАР АСТ?

Насим Ҳайдаров, сокини ш. Душанбе ба редаксия занг зада (тел: 004666565) гуфт, ки аз фаъолият баровардани таксиҳои зардранг ба манфиати кор нест, зеро тавре таҷриба нишон медиҳад электромбилҳо дар ҳавои гарми Тоҷикистон хеле зуд вайрон ва гоҳо месӯзанд.

– Ростӣ ман низ чун дигар ронандагони таксӣ мошини худро тариқи кредити бонкӣ гирифтааму то ҳол ними қарзи бонкиам мондааст. Хабари то 1 сентябри соли 2025 аз фаъолият баровардани таксиҳои зардрангеро, ки бо маводи сухт ҳаракат мекунанд, шунида, бори гарони вазнин аз 2 китфам фаромаду дилам рушан шуд. Аз тарси он ки мошинамро аз ширкат мебароранд, гуфта, чанд шабонарӯз ҳатто об аз гӯлуям намегузашт. Ман қарзи мошинамро надода, аз куҷо 200.000 сомонӣ ёфта, боз “Электромобил” мехарам? Электромобил варианти хуб аст, аммо на барои ронандаи камбағале мисли ман.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube