ФАРОМӮШШУДАҲО…

( ё 1 пешниҳод ба раисони ноҳияҳои дурдаст)

Аз миёни тамоми ҷашнвораҳо, тантанаҳои идона, Рӯзи матбуоти тоҷик (журналистика), рӯзи қаламу сеҳри суханро метавон ба танҳоӣ таъкид ва инъикос намуд. Зеро ба гумонам он бори маънавие, ки рӯзноманигор ба шонаҳо мекашанд руҳану ҷисман инсонро афсурда месозад.

Агар ин сана дар кишвар, дар шаҳру навоҳиву вилоятҳо бо вусъату паҳнову фарогир баргузор шавад, яқинан Журналистони тоҷик силоҳи бузургтарини  идеологияи мамлакат шуда метавонанд. Аммо ҳамасола бо мақсади қадршиносии собиқадорони соҳа ва кормандони рӯзнома моро зарур меояд, унвонии раисони ноҳия гузориш пешниҳод намуда, огоҳ намоем, ки Мо ҳам ид дорем!!!

Мо бо омодагии қаблӣ тамоми рӯзҳои идро дар доираи нақшаи корӣ пурра инъикос менамоем. Рӯзи табиб, омӯзгор, барқчӣ, сохтмончӣ, муҳоҷир ва ғайраро, ки тақозои касби мост. Аммо мисли ҳамон зарбулмасали “Сапожник без сапог” намехоҳанд рӯзи касбии журналистикаро (сатҳи ноҳия дар назар аст) дар доираи васеъ таҷлил кунанд.

Қадршиносии рӯзноманигорон – ташкили хони зиёфат, барномаи консертӣ ё тақдими туҳфаҳои арзишманд дар назар нест. Ақаллан, мисли шахсияти ишон, 1 чорабинии хоксоронаи бе ягон тамаъҷӯӣ ташкил кунанду собиқадорону навкоронро дар 1 толори сард ҷамъ, бароямон кифоят аст.

Пешниҳод менамоям, бигзор муовинони соҳаи маънавиёт чӣ тавре дар дигар чорабиниҳо, иду ҷашнҳои миллӣ тадорук дораанд, даъвату қадршиносии моро (агар худи онҳо аз таърихи 11 март – Рӯзи матбуот огоҳанд) ташкилу баргузор намоянд.

Мепурсед, чаро ин суханонро мегӯям? Беэътиноӣ нисбати журналистро бояд аз байн бурд. Вақте дар ҳаҷми 152 саҳифа атрофи шахсияти 1 нафар журналисти музофотӣ, ки ҳадафаш танҳо инъикоси сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар аст, шахсони масъул маълумот ҷамъоварӣ мекунанд (дар ин хусус баъдан муфассал хоҳам гуфт) дигар чӣ ҳоҷати сухан гуфтану интизори эҳсон будан мемонад?

Вале агар моро табрик нагӯянд ҳам, иззати мо кам намешавад, ҳамин тавр не, қаламкашони маҳбуб???

Рӯзи матбуоти тоҷик муборак ҳампеша!!!

Адолат Сайфуллозода,

сармуҳаррири рӯзномаи

“Тахти Қубод”и ноҳияи Қубодиён

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube