ҶАНГҲОИ МАХФИИ СССР

Аз Кореяи Шимолӣ то Анголаву Мозамбик ва…

Ҳангоми побарҷо будани Иттиҳоди Шуравӣ дар ин мавзуъ сухан рондан мамнуъ буд. Ҷанговарони ҷонфидои советӣ ҳақ надоштанд, ки аз ин бора ба наздиконашон ҳарфе бигӯянд. Ҳатто ба бар намудани мукофотҳои ҷангӣ иҷозат набуд.

 

КОРЕЯ

Ширкати аскарони советӣ дар хориҷи кишвар аз Корея оғоз гаштааст. Пас аз ғолибият дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 шарикон: СССР ва Амрико бори аввал дар ин сарзамин бо ҳам дар набард шуданд. Расман ҷанг миёни Кореяи Ҷанубӣ ва Шимолӣ буд. ИМА дар пушти Кореяи Ҷанубӣ буду СССР дар ҳимояи Кореяи Шимолӣ устувор меистод. Роҳбари вақти давлати советӣ Иосиф Виссарионович Сталин ба Корея мутахассисони низомӣ – асосан лётчикҳои асси низомии ҷангдидаро фиристод.

Лётчикҳои советӣ дар ҶБВ таҷрибаи ғанӣ андӯхта буданд. Аз ин рӯ, ба зудӣ дар фазо онҳо бартариро молик шуданд. Лётчикҳои ҷангдида даҳҳо самолёти низомии амрикоиро зада меғалтонданд. Техникаҳои зиёди ҳарбиро несту нобуд мекарданд.

Аз маҳорати бесобиқаи ҷангии лётчикҳои советӣ амрикоиҳо меҳаросиданд. Бо баланд шудани садои «Русҳо дар ҳаво!» лётчикҳои амрикоӣ дар таҳлука меафтоданд.

Амрикоиҳо ба маҳорати ҷангии лётчикҳои советӣ баҳои баланд медоданд. Дар ин бора, дар тадқиқоти таърихӣ – низомии хеш зиёд зикр намудаанд. Аммо дар СССР зиёда аз 50 сол дар хусуси иштироки ҷанговарони советӣ, дар корзори Корея сухан ифшо намекарданд.

 

ВЕТНАМ

Акнун маълум гашт, ки СССР ба коммунистони ветнамӣ ёрии зиёд мерасонд. Бо яроқу аслиҳаи ҷангӣ, инструкторҳо ва ҳоказо. Донандагони техникаҳои худгард – тӯпҳову миномётҳо, лётчикҳо ва ё хайр дар маҳв намудани самолётҳои амрикоиҳо, идораи силоҳҳои ҷангиро ба ветнамиҳо меомӯхтанд. Бешубҳа, ба ин сабаб дар он ҷанг низомиёни советӣ маҳорати хешро сайқал медоданд.

Моҳи майи соли 1968 ба пойтахти Ветнами Шимолӣ – Ханой гурӯҳи афсарони (советӣ) таъиноти махсуси Идораи асосии иктишофии Штаби генералӣ (ГРУ) сафарбар шуданд. Дар назди даста вазифа гузошта шуда буд, ки ба ҳудуди душман даромада, пойгоҳи неруҳои ҳавоӣ – низомии амрикоиҳоро маҳв созанд. Амрикоиҳо тавассути нақлиёти ин пойгоҳ гурӯҳҳои диверсионии худро ба ҳудуди Ветнам мепартофтанд.

Аммо аз ҳама муҳимтараш, дастаи мазкур бояд чархболи навтарини армияи ИМА «Супер – Кобра» – ро, ки ба тозагӣ армияи амрикоӣ бо он мусаллаҳ шуда буд, медуздиданд.

Дар Ханой ба дастаи ГРУ роҳбалад доданд, ки онҳо афсарони таъиноти махсусро ба воситаи ҷангал ва пайроҳаҳо ба назди сарҳади камбоҷагӣ, рост ба қароргоҳи душман баранд.

 

 «ФЛАЙИНГ ҶО»

Пас аз чанд рӯз разведкачиёни советӣ ноаён ба қарибии маконе баромаданд, ки амрикоиҳо онро «Флайинг Ҷо» («ҷойи парвозкунанда») меномиданд. Бо фаро расидани торикӣ 9 (нуҳ) нафар разведкачиён посбонҳоро кушта, ба аэродром шабохун заданд. Тамоми амалиёт ҳамагӣ 30 (сӣ) дақиқаро дар бар гирифт.

Дастаи разведкачиёни советӣ тамоми чархболҳои дар фурудгоҳ бударо нобуд 18 то ва 20 аскари душманро нест карданд. Гурӯҳи разведкачиёни советӣ ягон талафот надода, то ба Ханой тавассути «Супер – Кобра»-и рабудашуда бозгаштанд. Чархболи ғаниматгирифтаро ба зудӣ ба СССР интиқол доданд.

 

АФРИҚО

Солҳои 60 – 70 – ми асри гузашта қитъаи Африқо ба нуқтаи гарми хунрезӣ табдил ёфта буд. Низоъҳои мустамликадорӣ пош хӯрданд. Қитъа гирифтори ҷанги беохир, табаддулотҳои давлатӣ, инқилоб ва ғайра гардид, ки он боиси талафоти даҳҳо ҳазор нафар одамон шуд.

СССР дар ин ҷараён ширкати бевосита дошт. Ин ба он хотир буд, ки қисми африқоиҳоро пайрави идеологияи марксизм – ленинизм намояд.

Минтақаи мураккабтарин қисмати ҷануби Африқо гардид. Давлатҳои Мозамбик ва Ангола дар маркази диққати Иттиҳоди Шуравӣ қарор дошт. Онҳо оид ба сохтмони намунаи советии сотсиализм эълон ва кӯшиданд. Ба ин кишварҳо Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ зиддият нишон медод. Низоми нажодпарастии он аз ҷониби Амрико дастгирӣ меёфт.

 

АНГОЛА

Тирамоҳи соли 1975 низомиёни Ҷумҳурии Африқоии Ҷанубӣ ба Ангола ворид шуданд. Он аз ҷониби УНИТА (миллатгароёни маҳаллӣ) дастгирӣ ёфт. УНИТА ба коммунистони шуравигари маҳаллӣ аз ҳизби МПЛА зиддият доштанд. Бо хоҳиши «халқи меҳнаткаши Ангола» ҷузъу томҳои Армияи Советӣ ва неруҳои бузурги Армияи Куба ба ин кишвар ворид шуданд.

ҶАҶ дар ҳамдастӣ бо низомиёни ИМА ба пойтахти Ангола – Луанда наздик омаданд. Онҳоро Армияи Советӣ ва кубагиҳо пешвоз гирифта, дар муддати 3 рӯз ғосибонро торумор намуда, то сарҳад пешандоз карданд.

Дар миёнаи солҳои 80- ум армияи ҶАҶ бори дигар ба Ангола ворид гардид. Боз ҳам мисли аввала шуд. Пас аз он ҳокимияти ҶАҶ ночор истиқлолияти Анголаро эътироф кард.

 

МОЗАМБИК

Дар ин давлат ҷанги комил сурат нагирифтаст, аммо бар зидди ҳокимияти маҳаллии коммунистӣ СРУ-и амрикоӣ ҷанги диверсионӣ ташкил карда, мунтазам тавассути ҶАҶ гурӯҳҳои ба хубӣ омӯзиш гирифтаро мефиристод.

Ба армияи Мозамбик бошад, мутахассисони Иттиҳоди Шуравӣ оид ба муборизаи контрпартизанӣ аз ГРУ ва КГБ ёрӣ мерасонданд…

Шоёни зикр аст, ки мутахассисони советӣ армияи Мозамбикро ташкил ва хуб машқ доданд ва имрӯз ин армия дар қораи Африқо тавонотарин маҳсуб меёбад…

 

ҚАҲРАМОНҲОИ НОМАЪЛУМ

Амрикоиҳо бобати иштироки аскарони худ дар мамолики хориҷӣ чизеро ниҳон намедоштанд ва дастгоҳи таблиғотиашон онро бағоят хуб истифода мебурд. Дар ин бора филмҳои ҳунариву мустанад, китобҳо чоп мекарданд, ки дар онҳо амрикоиҳои чусту чолок душманони советиро ба қатл мерасонданд!?

Дар СССР баръакс ин мавзуъ мамнуъ буд. Мошинаи таблиғотии амрикоӣ дар замони «ҷанги сард» нисбати шуравӣ беҳтару хубтар фаъолият намуда, аз рӯйи принсипи муҳими равонӣ амал мекард. Ба андешаи онҷониб дастгоҳи таблиғотӣ бояд ба талаботи муосир ҷавобгӯ бошад…

Қатъи назар аз он ҳама аскарони ҷонфидои советӣ дар ин гиру монҳо гуноҳе надоранд…

 ***

  1. PS. Соли 1980, дар коргоҳи нассоҷии пойтахт, дар фабрикаи рангупардоздиҳӣ ҷавони гандумгуни қавибозуе аз ноҳияи Ҳисор кор мекард ки дар дастҳояш нишони сӯхтагӣ буд. Чун сабаб пурсон шудем, гуфт, ки дар Ветнам хизмат кардаам. Боқӣ ҳиҷ!

 

Умар АЛӢ

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube