Хушхабар аз ФФТ: Мураббии мо беҳтарин дар Тоҷикистон!!!

Дастпарвари варзишгоҳи СССР ва мураббии кӯдакон дар ҳамин варзишгоҳ ва сармураббии ҳайати ҷавонони “Равшан” Баҳодур Маҳмадов, тренери беҳтарин дар моҳи май гардид. Дар 4 бозии моҳи май “Равшан” 4 ғалаба ба даст оварда, бо имтиёзҳои баробар бо КМВА пешсафи ҷадвал аст. Бояд гуфт, ки имсол мукофотпулии ҷоизадорони мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ аз 1 000 (як ҳазор) сомонӣ ба 2 000 (ду ҳазор) сомонӣ афзуд ва ҳар ҷоизадор аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо маблағи 2000 сомонӣ қадрдонӣ мешавад.

Баҳодур Маҳмадов ҳамзамон дар ҳайати дастаи футболи редаксияи газетаи мардумии СССР низ ба ҳайси мураббӣ – бозингар баромад мекунад. Ҷои зикр аст, ки маҳз Баҳодурро, дар сабқате, ки байни редаксияҳои газетаҳои маскуни ГЖК 4 сол пеш шуда буд, ҳамкорони мо чун “зархарид” муаррифӣ кардаву аз ӯ ҳарос доштанд. Дар асл ӯ корманди комилҳуқуқи редаксия ва сармураббии дастаи хурдсолони КФ СССР дар Кӯлоб аст. Аз ҳамин варзишгоҳи СССР имрӯз 10 нафар дар дубл, дастаи ҷавонон ва дастаи асосии КФ «Равшан» баромад мекунанд. 12 тани дигар дар Лигаи аввал ва дигар клубҳои касбии мамлакат мебозанд, ки боиси ифтихори мост!

Пирӯзӣ муборак Баҳодур! Мо бовар дорем, ки дар оянда ту худи «Равшан»-ро низ уҳдадорӣ карда метавонӣ. Зеро Мо Метавонем!

О. Достиева

махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube