МАОШ ВА НАФАҚА 30% ЗИЁД МЕШАВАД

Мақомоти қудратӣ сар аз соли нав, боқӣ касабаҳо баъди 1 июли соли 2024 беш аз 40% маоши барзиёдатӣ мегиранду тамомии намуди нафақаҳо аз нимсолаи 2-юм 30% меафзояд. Тафсилот ин ҷост. Мо Метавонем!!!

 

 Пас аз ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии
хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия», ки мо онро пурра дар яке аз шумораҳои гузаштаи газетаи мардумӣ нашр карда будем, хонандагони зиёд ба идора занг зада, дар бораи чи қадар зиёд шудани маошу нафақаи худ дубора пурсиданд. Бархе аз суолу масъалаҳои иброзшудаи хонандагонро мо ҳафтаи пор зимни нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бардоштем. Мутахассисони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати кишвар хозир шуданд, то ба суолҳои вобаста ба зиёдшавии маошу нафақа посух диҳанд. Мо Метавонем!!!

 

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40%…

Бояд гуфт, ки аз 1 январи соли 2024 маоши вазифавӣ (меъёрҳои тариф)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 40 дарсад зиёд карда шуд. Дар баробари ин маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1390 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1250 сомонӣ муқаррар гардид.

Андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ ба андозаи 1250 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 1390 сомонӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, муқаррар карда шуд.

Яъне, аз 01.01.2024 маоши вазифавӣ ва заминавии танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот зиёд карда шуд, на муаллиму духтуру нафақагир!!!

 

 40% маоши муаллиму духтур

Аз 1 июли соли 2024 бошад ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 800 сомонӣ дар 1 моҳ муқаррар карда шуда, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ 40 дарсад зиёд карда мешавад.

Андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 40 дарсад зиёд шуда, 620 сомонӣ муқаррар гардида, андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияи олӣ 1120 сомонӣ, категорияҳои якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба андозаи 1045 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 1160 сомонӣ муқаррар карда шуд.

Стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 40 дарсад зиёд гардид.

 

Ҳама нафақаҳо 30% меафзоянд

Аз 1 июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 дарсад аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки аз 1 июли соли 2023 низ нафақаҳои меҳнатӣ ва иҷтимоӣ ба андозаи 20% аз андозаи нафақаи заминавӣ – нафақаи дар аввал ҳисоб ва муайаншуда, зиёд шуда буд.

Аз он ҷумла:

– нафақаҳои суғуртавӣ – онҳое, ки пас аз соли 2013 ба нафақа баромадаанд (250 934 нафар) имрӯз 364,8 сомонӣ нафақа мегиранд.

– нафақаҳои меҳнатӣ (808 996 нафар), онҳое, ки бо собиқаи корӣ – стаж ба нафақа баромадаанд, айни ҳол 447,71 сомонӣ нафақа мегиранд.

– нафақаҳои иҷтимоӣ (188 352 нафар) –  пардохти ҳармоҳаи давлатӣ, ки бо мақсади таъминоти иҷтимоӣ ва дастгирии моддии гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ, ки ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд, ҳоло 271,41 сомонӣ нафақа мегиранд.

Ҳамакнун, сар аз 01.07.2024 ҳамаи ин нафақаҳо боз 30% зиёд карда мешаванд. Ҳоло аз кӣ чӣ қадар мешавад, метавонед худатон ҳисоб кунед, нафақахӯрони гиромӣ.

 Хонандагони азиз! Шояд шумо пурсед, ки чаро мо дар бораи нафақаи маъюбони гурӯҳҳои 1, 2 ва 3 чизе намегӯем? Лозим ба таъкид аст, ки дараҷаи маъюбияти шаҳрвандро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат муайян ва тасдиқ менамояд, категорияи нафақаро бошад Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ пас аз ҳисоб кардан муайан месозад ва ҳамаи онҳо нафақагир ҳисоб мешаванд. Нафақаи маъюбон ба категорияи нафақаҳои иҷтимоӣ дохил шуда, он низ аз 01.07.2024 то 30% боло меравад.

 Ҷ.Ҳусейнова, СССР

 

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube