МУҲОҶИРАТ ВА ҚИМАТӢ

Сар аз 1 январи соли 2024 шаҳрвандони моро, ки дар муҳоҷирати корӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, 1 зумра тағийроти нав интизор аст, ки надонистани онҳо албатта ҷавобгарӣ хоҳад дошт. Мо тасмим гирифтем дар бораи бархе аз ин тағийрот ба хонандагони худ маълумот диҳем, то зимни сафар ба ин кишвар огоҳ бошанду тибқи қонунгузори нав амал кунанд. Донистану огоҳ будан беҳтар аз ҷаримаву депорт аст. Мо Метавонем!

 

Ҷарима бар ивази депорт

Тавре ба мухбири СССР дар Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират итиллоъ доданд, 11 декабри соли 2023 Кумитаи сохтмони давлатӣ ва қонунгузории Думаи давлатии Федератсияи Россия тағйиротро дар бораи хусусиятҳои иҷрои ҷазо дар шакли ихроҷ аз қаламрави Россия пешниҳод кардаст.

 Мутобиқи тағйироту иловаҳои воридгардида, судя метавонад бо назардошти пардохти саривақтии андозҳо, мавҷудияти манзили зист, бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, вазъи оилавӣ, муҳлати будубош дар Федератсияи Россия, намуди фаъолият ва дигар ҳолатҳо, хориҷшавиро ба ситонидани ҷарима иваз кунад.

Ҳамин тариқ, судя ихроҷи муъмуриро аз қаламрави Федератсияи Россия метавонад бо ҷаримаи маъмурӣ дар ҳаҷми аз 40 000 то 50 000 рубл ё корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз 150 то 200 соат иваз намояд.

 

Педофилия ва ҷинсивазкунӣ ҷазо дорад!!!

Дар ҳолати содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо аз рӯи 1 қатор моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия, аз ҷумла: тарғиби муносибатҳои ҷинсӣ ё афзалиятҳои ғайрианъанавӣ, иваз кардани ҷинс; таблиғи педофилия ва саркашӣ кардани шаҳрванди хориҷӣ аз депортатсия, иваз кардани ҷазо ба ҷарима ғайримкон мебошад. Тибқи ин тағйирот, судя ҳолатҳои зикршударо дар маҷмӯъ ҳангоми таъини ҷазои маъмурӣ дар бораи ихроҷи маҷбурӣ ё берун рафтани мустақили хориҷиён аз Федератсияи Россия ба назар мегирад. Дар бештари ҳолат чунин афродро зиндон интизор аст!

 

Бақайдгирии 1 сола ва патент

Бояд гуфт, тибқи тағийроти ба “Қоидаҳои бақайдгирии муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия” воридгашта, бақайдгирии шаҳрванди хориҷӣ дар ҷои истиқомати муваққатӣ дар Федератсияи Россия, ба мӯҳлати 1 сол аз рӯзи додани патент амалӣ мегардад.

Тағйироти дахлдор бо Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 21 октябри соли 2023, №1756 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 15 январи соли 2007, №9” ворид карда шудааст.

Тағйироте, ки ба “Қоидаҳои бақайдгирии муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия” ворид гардидаанд:

  1. Дар банди 32 (б) сархати зерин илова карда шавад:

«Бақайдгирии шаҳрванди хориҷӣ дар ҷои истиқомати муваққатӣ дар Федератсияи Россия, ки дар асоси патент фаъолияти меҳнатиро дар Федератсияи Россия анҷом медиҳад, дар давоми 1 сол аз рӯзи додани патент ба чунин шаҳрванди хориҷӣ анҷом дода мешавад».

Қарори мазкур аз 26 октябри соли 2023, яъне 2 моҳ пеш эътибор пайдо кардааст.

 

Барқи Тоҷик гарон мекунад

Дар замоне, ки Федератсияи Россия шароити будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар кишвараш то ҷойе тағийр медиҳад ва сабукӣ мебахшад, манзур ҷарима ба ҷои депорт, Ширкати Барқи Тоҷик вазъи хонаводаи муҳоҷиронро сангинтар мекунад.

ҶСК “Шабкаҳои тақсимоти барқ” ҳафтаи гузашта эълон намуд, ки тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ва дигар истеъмолгарони он шуруъ аз 1 – уми январи соли 2024 ба андозаи 16 % – аз 26,51 дирам барои 1 киловатт/соат то 30,75 дирам боло мераванд.

 

Гармӣ гарон нашуд

Муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” эълон дошт, қиматшавии тарофаҳои гармидиҳиро (отопление) аз соли нави 2024 дар назар нагирифтааст. Аҳолӣ айни замон барои ҳар 1 метри мураббаъи майдони интиқоли гармии манзил дар 1 моҳ ба ин муасиса 1,18 сомонӣ пардохт мекунад.

Гармидиҳии мутамарказ барои ташкилотҳои буҷетӣ барои 1 Гкал неруи гармӣ дар сатҳи 98,67 сомонӣ ва боқимонда дигар истеъмолгарон – 113,47 сомонӣ боқӣ мемонад. Бояд гуфт, ки айни замон танҳо сокинони ш.Душанбе аз гармии мутамарказ бархӯрдоранду халос.

 

1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ

Бо фаро расидани соли нави мелодӣ шаҳрвандони кишварро боз 1 тағийрот интизор аст. Сар аз 1 январи соли 2024 тибқи тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои риоя накардани талабот дар бораи тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ аз 680 то 1360 сомонӣ ё аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли ҷорӣ 68 ва барои соли 2024 72 сомонӣ муқаррар шудааст) ҷарима пешбинӣ мешавад.

Ин банди қонунгузорӣ ба кормандони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ дахл дорад, ки аз аҳолӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намуди дигари хизматрасониҳои давлатӣ маблағ қабул мекунанд. Минбаъд пули нақд додед – хизматчии давлатӣ ҷарима мешавад!

Бояд гуфт, ки аз 1-уми августи соли 2023 маблағи андозҳо, боҷҳои давлатӣ ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ ғайринақдӣ пардохт мешаванд. Боқӣ, Соли Нави 2024 муборак!

 

Ҷамилаи Ҳусейн,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube