ПРОТОПОПОВ ПАНҶУМИН КОТИБИ ЯКУМИ КМ ПК (б) ТОҶИКИСТОН

Дар бораи рӯзгори Дмитрий Захарович Протопопов солҳои мактабхониву донишҷӯӣ чизе намедонистам. Он замон дар макотиби олӣ фанни «Таърихи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ» омӯхта мешуд. Таърихи пурраи Тоҷикистонро танҳо донишҷӯёни факултаи таърих сару бар мешуданду халос.

Аслан банда ному насаби Протопоповро бори аввал, ҳангоми сафар ба шаҳри Кӯлоб, соли 1975 дар барчаспи бинои истиқоматие дида, дар хотир гирифтам. Маълумам шуд, ки кӯчае дар Кӯлоб номи ин шахсияти таърихиро дорад.

Танҳо баъди соҳибистиқлолӣ, возеҳтараш бист сол қабл ба рӯзгори котиби якуми ПК (б) Тоҷикистон Д.З.Протопопов ошноӣ пайдо кардам. Соли 2003 Искандар Қаландаров, номзади илми таърих, директори Пажӯҳишгоҳи ПК Тоҷикистон китобе (қомусе)-ро бо номи «Они были первыми» ба чоп расонд, ки дар он маълумоти мухтасар аз шарҳи ҳоли ходимони давлатӣ ва ҳизбии кишвар дар садаи 20-ум рӯи авроқ омада. Дертарак қомуси озоди электронӣ дастраси мардум гашт. Кунун ҳар чийе, ки пайдо шуд, мухтасар пешниҳоди хонанда мегардонем.

Пештоз мегӯем, ки аз байни 5-гонаи аввали котибони якуми ПК (б) Тоҷикистон Д.З. Протопопов аз ҳама зиёд – 9 сол дар маснади котиби аввал фаъолият намудаву бо марги худ, дар 88-солагӣ ба дори дунё пайваст.

 

ПРОТОПОПОВ

Дмитрий Захарович 4.10.1897 дар деҳаи Костёнки, уезди Воронеж, губернияи Воронежи империяи Россия, дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд шудааст. Узви РСДРП (б) /РКП (б) /ВКП (б) /КПСС аз моҳи июни соли 1917.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1914 ҳамчун муздур (батрак) дар хонаи сарватманди деҳа оғоз намуда. Аз соли 1916 дар армияи подшоҳи рус. Соли 1917 узви комитети ротавӣ, муовини раиси комитет оид ба замин дар Воронеж. Аз моҳи май то августи соли 1918 роҳбари Шуро ва ячейкаи РКП (б) дар зодгоҳ. Аз августи соли 1918 то соли 1919 сардори ЧК-и уезди Воронеж. Дар амалиёти ҷазодиҳӣ ва ғайра ширкат варзида. Дар задухӯрдҳо бар зидди роҳзанҳову ғоратгарони Мамонтов ва Антонов ҷангидааст.

Д.З. Протопопов аз соли 1919 дар Армияи Сурх: комиссари ҳарбии Воронеж, баъд уезди Задонск, котиби масъули комитети уездии Задонск ва сардори уездии комиҷроия ва комиҷроияи губерниягӣ. Аз соли 1923 ёрдамчии комиссари ҳарбии штаб, сардори шуъбаи сиёсии дивизияи 19-уми тирандоз.

 

ПАРТИЯ

Дмитрий Захарович аз соли 1926 дар корҳои партиявӣ, советӣ ва мақомоти назоратӣ фаъолият мебарад. Солҳои 1927-1928 муовини котиби масъули комиссияи ҳайати партиявии ВКП (б) дар губернияи Воронеж, аз соли 1928 раиси округи ПК ВКП (б)-и Тамбов, ҳамзамон дар соли 1929 раиси комиссияи вилоятӣ оид ба (чистка) тоза кардани ҳайати роҳбарияти партиявӣ дар округи Мичуринск буд.

Соли 1930 Д.З. Протопоповро барои хондан ба курсҳои марксизми назди КМ ВКП(б) мефиристанд, ки онро соли 1932 хатм мекунад.

Солҳои 1932 -1934 муовини раиси ПК КИ шаҳри Москва, ҳамзамон аз соли 1933 ба ӯ кори масъул – раиси комиссия оид ба тоза кардани ҳайати роҳбарияти партиявии ноҳияи Дзержинскийи шаҳри Москваро бовар мекунанд.

Солҳои 1934-1936 роҳбари гурӯҳи назорати партиявию советии назди МК ва МГК ВКП (б) ва аз моҳи июни соли 1936 котиби якуми комитети партиявии ноҳияи Ленинии ВКП (б)-и шаҳри Москва буд.

 

ТОҶИКИСТОН

Протопопов Дмитрий Захарович моҳи июли соли 1937 намояндаи КПК-и назди КМ ВКП (б) оид ба РСС Тоҷикистон таъин мегардад. Моҳи октябри ҳамон сол (1937) котиби якуми КМ ПК(б) Тоҷикистон интихоб мешавад. Мавсуф ҳамзамон аз моҳи октябри соли 1937 котиби якуми горкомпартияи Сталинобод, аз моҳи июли соли 1939 раиси бюрои ташкилӣ, аз моҳи марти соли 1940 котиби якуми обкоми Сталинободи ПК (б) Тоҷикистон буд. Вай дар ин вазифаҳо то моҳи июни соли 1946 ифои вазифа намуд.

 

МОСКВА

Д.З. Протопопов солҳои 1946-1947 инспектори раёсати кадрҳои КМ ВКП(б), 1947-1948 инспектори ПК ВКП (б) дар Москва буд. Солҳои 1948-1957 муовини якуми вазир, сардори раёсати кадрҳо, муовини вазир оид ба кадрҳои Вазорати саноати гӯшту шири РСФСР ва аз соли 1957 то давраи ба нафақа баромадан ҳамчун референти калони Совети Вазирони РСФСР фаъолият дошт.

 

ДАВРАИ РЕПРЕССИЯ

Фаъолияти Д.З.Протопопов дар вазифаи котиби якуми КМ ПК(б) Тоҷикистон ба давраи репрессияҳо, Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, азнавбарқароркунии хоҷагии қишлоқ рост омад. Нуҳ соли роҳбарии вай давраи вазнини таърихи Тоҷикистон буд. Дар Тоҷикистон ба репрессияҳо Д.З. Протопопов роҳбарӣ мекард. Нахуст, ҳини фаъолияти ӯ дар маснади намояндаи КПК дар назди КМ ВКП(б) оид ба РСС Тоҷикистон, баъдан дар вазифаи котиби якуми КМ ПК (б) Тоҷикистон, ходимони намоёни партиявӣ ва давлатӣ қурбони репрессия шуданд.

Сарфи назар аз мушкилот Д.З.Протопопов дар фаъолкунонии ҳаёти дохилипартиявӣ, мустаҳкамсозии сафҳои партия, рушди саноат, хоҷагии қишлоқ, сафарбарсозии меҳнаткашон дар торумори фашистони Германия, барқарорсозии хоҷагии халқ, тараққиёти иқтисодиёт ва фарҳанги Тоҷикистон саҳми муносиб гирифт. Вай дар таърихи кишвар ва Партияи коммунистии Тоҷикистон нақши созгор гузошт.

 

«БО СТАЛИН ГАП МЕЗАНЕД!»

Тимур Дадобоев, ходими давлатӣ, собиқ котиби якуми райкоми Колхозобод (ҳозира ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) қисса мекунад, ки соли 1981 маро ба Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ КПСС, ба шаҳри Москва фиристоданд. Бародарам Отаҷон Дадобоев, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (нафақахӯр), ҳангоми гусел кардани ман ба Москва хоҳиш кард, ки ҳатман Дмитрий Захарович Протопоповро хабар гирам, дуову саломашро расонам ва аз вазъи саломатиаш огаҳ шавам. Баъди ба Москва кӯч бастанаш Дмитрий Захарович занг зада дар рӯзҳои ид табрик ва аҳволпурсӣ мекард. Солҳои охир аз ӯ дарак нест, афзуд акоям.

Дар Москва Протопоповро ёфта, хабараш гирифтам ва саломи бародарамро расондам. Ӯ бо нишонии кӯчаи Кутузов, 26, дар биное, ки котиби генералии КМ КПСС Л.И. Брежнев мезист, зиндагӣ мекардааст. Суҳбати хуше доштем. Дар ҳамон дидор Дмитрий Захарович ҳикояти аҷибе карданд:

«Соли 1941 занги телефон баланд шуд. Гӯширо бардошта шунидам: «Бо Сталин гап мезанед!». Баъди салому алайк Сталин пурсид:

– Вазъият дар Помир чӣ хел аст?

Гуфтам: – Ғайриқаноатбахш… Ба ростӣ хабаре надоштам, чун алоқаи телефонӣ бад кор мекард. Вай (Сталин) накӯҳиши «нағзакакам» дод.

Гӯширо монданам дар хаёл буду халос. Вақте чашм кушодам, худро дар беморхона дидам. Маълум шуд, ки микроинсулт (сактаи майна) гирифтаам. Баъди даҳ рӯзи табобат ба кор баромадам…

Телефон садо дардод, шунидам: «Бо Сталин гап мезанед!».

Сталин: – Дмитрий Захарович, ман ба округии ҳарбии Туркистон супориш додам. Округи ҳарбӣ ду генералро ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон фиристоданд. Онҳо ҳудуди Помирро аз интервент (мудохилакорон) – они англис тоза карда, сарҳади давлатиро бо сарҳадбонон мустаҳкам карданд. Вазифаи шумо роҳ надодан ба камбудиҳо ва назорат аз болои тартибот ва устуворӣ дар заставаҳои сарҳадист. Дар охир Сталин афзуд: «Дмитрий Захарович, не забудьте, что Памир – это кладовая СССР!».

 

ВА…

Дмитрий Захарович Протопопов вакили Моссовет (аз соли 1934) ва депутати Совети Олии СССР даъвати 1-ум (1937-1946), даъвати 2-юм (1946-1950) аз РСС Тоҷикистон….

Вакили Съезди XVII ВКП (б) (1939), Конференсияи XVIII ВКП (б) (1941), узви Комиссияи ревизионии КПСС (1939-1952) буд. Аз соли 1960 дар нафақа.

Бо 2 ордени Ленин, орденҳои Байрақи Сурх, Ҷанги Ватании дараҷаи II, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони фахрӣ» ва 5 медал қадр шудааст.

Д.З. Протопопов 3-юми марти соли 1986, дар 88-солагӣ фавтида, дар турбатҷои оромгоҳи Ваганови Москва мадфун гашт.

 

Умари ШЕРХОН 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube