РАИСИ БОХТАР: БА МАН ПИАР ЛОЗИМ НЕСТ!

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсони мансабдор, вазирону раисон муваззафанд ҳар ҳафта рӯзи шанбе «Рӯзи қабули шаҳрвандон»-ро ба роҳ монанд ва ошкоро, то мардумӣ будани ҳукуматҳои маҳаллӣ ва раёсатҳо миёни мардум таблиғу ташвиқ шавад. Дар бораи қабули шаҳрвандон аз ҷониби ин ё он вазиру раис мухбирони газетаи СССР борҳо гузориш кардаанду рафти он тавассути Ютуб канали СССР ТВ пахш шудааст.

Ин ҳафта мо тасмим гирифтем ба Рӯзи қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси тозатаъини шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод рафта, ба арзу доди мардум гӯш кунему аз раис бипурсем, ки чаро тибқи Фармони №622 боре ба матлабҳои таҳлиливу танқидии газетаи мардумӣ посух нагуфтааст ва намегӯяд. Ҳол он ки раиси қаблӣ пайваста тибқи Амри Президенти ҶТ ҳамеша бо матбуот ҳамкорӣ мекарданд. Ҳадаф аз ин ҳамкорӣ рафъсозии камбудиҳои ҷузъист, ки дар ин шаҳр ҷой доранд.

30.03.2024. Соат ба вақти Бохтар 08:37 дақиқа. Назди МИҲД шаҳр ҳозир шудем. Мо медонистем, ки раис ба рӯзноманигорон муносибати

“махсус” дорад. Зимнан қаблан хоҳиш ва мақсади иштирок дар қабули шаҳрвандонро ба масъулони МИҲД гуфта будем. Чун бо дастгоҳи наворбардорӣ вориди толори хурди мақомот шудем, раис бо овози баланд ” Ба ман пиар даркор нест!” – гуфта садо баланд карду барои наворбардорӣ иҷозат надод!

Ҳарчанд мегуфтем, ки масъалаи шахсӣ надорем, мехоҳем ба арзу доди мардум гӯш диҳем, аммо боз ҳам иҷозати навор дода намешуд.

Аз роҳбари дастгоҳ иҷозати нишаста гӯш кардану мушоҳидаи ҳолро гирифтем. Назди раис одамони зиёде бо проблемаҳои шахсӣ омада буданд. Абдулмаҷид Муминзод ба арзу доди сокинони шаҳри Бохтар гӯш дода, таъкид мекард, ки мисли раисони қаблӣ ваъдаҳои осмонӣ намедиҳад ва мушкилро омӯхта аз рӯи имконият ба он расидагӣ хоҳад кард.

Зимнан мо 1 чиро нафаҳмидем, магар дигар масъулини шаҳру навоҳӣ ва вазоратхонаҳо, ки бо мардум дидор ва гуфтугӯ мекунанд, худро пиар мекунанд ва ё имиҷи ҳукумати марказиро мебардоранд?

 

Фармони №622, яъне чӣ???

Раиси шаҳри Бохтар пас аз ба охир расидани қабули мардум розӣ шуд бо мо ҳамсуҳбат шавад. Ба суоли мо дар бораи чаро тибқи Фармони №622 ба матлабҳои газетаи посух намегӯяду вокуниш намекунад, раис гуфт:

   – Магар чунин фармон ҳаст?…

Модоме, ки раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод, ки қаблан роҳбарии яке аз ниҳодҳои муҳим – садорати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар дӯш дошт, аз Фармони №622 хабар надорад, пас чи ҷои пурсишу ҳарф…?

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube