РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ТЕАТР РАВ!

Баъди пошхӯрди давлати абарқудрати Шуравӣ ва мустақил гаштани кишвар самти фарҳанг низ тадриҷан беҳбуд ёфта, шумораи театрҳо ҳам афзуд. Ҳарчанд клубҳои советӣ  аз фаолият бозмонда бошанд, лек мо театрҳои касбиро тавонистем нигаҳ дорем.

Театр рафт???

Чанде пеш мо барои тамошои спектакл ба театри вилоятии мусиқию мазҳакавию ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар рафтем, аммо ҳунармандонро дар сафари хизматӣ ёфтем. Хело хушҳол шудем, ки ҳунармандони мо тавонистанд намоишномаи худро ба хориҷ бурда, ҳунари худро пешкаши мардум гардонанд. Ҳеҷ гап, не то омаданашон мо мунтазир мешавему аз дидаву шунидаҳояшон бо хонандаи худ ҳарф мезанем. Мо метавонем!

 

Театр омад!!!

 09.02.2024. Соат ба вақти Бохтар 13:30 дақиқа. Ростӣ хонандаи азиз дар тӯли ҳаёти 32 солаам, бидуни ташрифи маҷбурии мактабхониям, боре ихтиёрӣ озими театр нашуда будам. Хушбахтона бо шарофати супориши редаксионӣ имрӯз ба театр рафтам. Рафтаму пушаймон гаштам, ки чаро пештар барои тамошои намоишномаҳо вақт ҷудо намекардаам??!!??!

Лозим ба зикр аст, ки ҳунармандони театри мазкур зери роҳбарии Отахон Саидзода аз санаи 21 то 31 январ бо намоишномаи ” Зол ва Рудоба” аз рӯйи асари Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи коргардони ҷавон Баҳром Курбонов дар фестивали байналмилалии ” Фаҷр” дар Эрон қарор доштанд. Таълифи асари мазкур ва пешниҳоди он дар саҳнаи театр бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки дар театри мазкур ғайр аз намоишномаҳои мазҳака, фоҷеа ва драмма, ҳамзамон асарҳои таърихӣ низ рӯйи кор меоянд. Дар асари мазкур 19 нафар ҳунарофарӣ кардаанд. Ва хеле дар сатҳи  олӣ!!!

Театри №3…

Фестивали “Фаҷр” 42 сол аст амал мекунад ва дар ин муддат танҳо 3 театри тоҷик дар он ширкат кардааст: Театри Аҳорун, Лоҳутӣ ва инак Ато Муҳаммадҷонов. Намоишномаи лирикӣ – таърихии “Зол ва Рудоба” 2 маротиба пешкаши иштирокчиёни ҷашнвора гардида, бо меҳрубониву дастгириҳо пазируфта шуд. Отахон Саидзода илова кард, ки мардуми Эрон ба мо гуфтанд, «Мо ҷуръат намекунем ба Шоҳнома даст бизанем, офарин бар шумо, ки ин асари таърихиро рӯйи саҳна овардед!»

 

-Айни замон дар вилояти Хатлон 3 театри касбӣтеатри вилоятии мусиқию мазҳакавии Ато Муҳаммадҷонов, театри Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб , театри Афсонаи шаҳри Бохтар  ва 5 театри халқӣ амал намуда, тӯли соли равон 45 намоишу чорабинӣ ва консертҳоро бо фарогирии  271 000 нафар тамошобин таҳия намудаанд.

 

Фарқи театру тамошобин

Саидзода Отахон  иттилоъ дод, ки «Дар Эрон мушкилоти театрӣ нест ва аз надоштани тамошобин шикоят намекунанд. Намоишномаи нав, ки падид ояд, мардум сӯи театр мешитобанд. Ҳангоми сафар ҳамин саволро мо ба якдигар медодем, ки чаро таваҷҷӯҳ ба театр дар ин ҷо бештар аст? Мо чи чиз надорем, ки тамошобин надорем?! Мушоҳида намудем, ки аз соати 16 мардум баъди кор ҳама ба театрҳо билетхарӣ мераванд. Намоишномаҳо дар дили шаб шуруъ мешаванд. Дар мо бошад, мардум баъди кор ё вақт намеёбанд ва ё агар маҷбур карда биоред ҳам, аз ними намоишнома баромада мераванд, ки «ба намози шом» дер шуд! Зеро дар мо фарҳанги театрравӣ коста гаштааст, агар маҳв нашуда бошад. Дар Эрон мардумро ба театр даъват намекунанд!!! Онҳо худ ба театр меоянд.  Ҳангоми намоиши театрӣ, дар мо,  авом телефон гиронда, диққати ҳунармандонро парешон месозанд ва ба тамошои дигар мухлисон халал мерасонанд. Дар Эрон бошад, ба ягон тамошобин иҷозат нест, ки ҳангоми намоиш навор бигирад ва ё аккосӣ кунад. Ҳангоми чунин лаҳзаҳо бо ишораҳои лазер онҳоро водор мекунанд, ки аз чунин амалҳо худдорӣ кунанд. Театр ҷойи истироҳат аст, дар ин ҷо бояд завқ барӣ, тамошо кунӣ, на ягон амали номақбул анҷом диҳӣ. Агар масъулони театрҳо чунин корҳоро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунанд, бисёр кори хуб мешавад!».

 

Драмматург дар вилоят нест

Ҳунармандон нигаронанд, ки дар вилояти Хатлон драмматург нест. Зимнан театрҳо аксар мавзуъҳои худро аз рӯи асари драмматургони пойтахт ва ҷаҳонӣ интихоб мекунанд. Муҳаммадҷон  Шомуддинов Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуфтаҳоро тасдиқ намуда, афзуд, ки ҳоло назар ба  солҳои пешин бо вуҷуди пешравии технология ва расонаҳои гуногун, мардум оҳиста-оҳиста ба театр меоянд. Вале агар мансабдорони воломақом сари қадам ба театр барои тамошои намоишномаҳои театрӣ оянд, дигаронро бо ин рафторашон сӯйи театр мекашонанд…

 

Ҳамкорӣ суст аст

Замони СССР  коргардонҳо бо драмматургон ҳамкориҳои зичро ба роҳ монда, асарҳое таълиф мекарданд, ки тамошобин худаш барои ба театр рафтан хоҳиш пайдо мекард. Муҳаммадҷон Шомуддинов илова кард, ки  ” Ҳеҷ аз ёдам намеравад асари ” Фишор”- и Сафармуҳаммад Аюбӣ, ки аз 8 парда иборат ва дар ҳар қсиматаш навигарӣ эҳсос мешуд. Барои он, ки Мирзоватан Миров коргардони шинохта бо дромнавис ҳамкории ҳасана дошт ва ин буд, ки спектакл яке аз беҳтаринҳо шинохта шуда, дар Осиёи Миёна гранприро соҳиб шуд!

 

Бо ин маош намешавад!

Айни замон, ба соҳаи фарҳанг низ таваҷҷуҳ зоҳир карда, маоши онҳоро боло бардоштаанд. Лек ин музд ҳунармандонро қонеъ мекунад? Ин суоле буд, ки мо ба ҳунармандон додем.

” Бо маоши моҳона наметавон аробаи зиндагиро бичархонид. Ман актёр гуфта, бо шиками гурусна гашта намешавад. Аксарияти ҳунармандон имрӯз иҷоранишинанд ва барои пайдо намудани ризқу рӯзии иловагӣ  муҳоҷирати кор дар Россияро интихоб менамоянд»… Ин посухҳое буданд, ки мо шунида, ба хулосае омадем, ки маош ҳоло ҳам басанда нест!!!

 

Маош мерасад!!!

Чуноне Сардори Раёсати фарҳанги вилоят  Ватанов Мустафо ба мухбири рӯзномаи мардумӣ маълумот дод, дар назди Театри шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода, имсол филиали кафедраи режисёрии Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро кушоданд. Ин ҳам бошад барои таъмин намудани театрҳо бо ҳунармандони маҳаллӣ ва мусоидат барои ҳалли норасоии кадр. Ҳамзамон Сардори Раёсат роҷеъ ба масъалаи маоши кормандони театрҳо гуфт, ки «музди ҳунармандон қонеъкунанда аст!» ва драмманависон ҳам дар вилоят ҳастанд.

Ба кӣ бовар кунем? Ба ҳунармандони фаол ва ё чиновники соҳа???

Нуриддин Қосимзода, СССР

вилояти Хатлон 

 

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube