РЕЗААХБОР

ҶСК «Барқи тоҷик» гуфт, бо иллати камии боришоти рӯзҳои охир (– 60% аз меъёри зарурӣ), додани нерӯи барқ ба аҳолӣ аз буда ҳам бештар маҳдуд  мегардад.

01.04.2024. Дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Фархор, Муминобод, Хуросон ва Вахш нақшаи даъватро 100% иҷро карданд. Офарин!

Аз 01.04.2024 шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон (праваи тоҷикӣ) дар Русия дигар эътибор надорад!!!

Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов, ки қарор аст охири ҳафтаи равон бо сафари корӣ ба Тоҷикистон биёяд, ба муносибати Шаби Қадр (лайлатулқадр) 356 маҳбусро авф кард.

 Кумитаи тафтишотии Русия (СК) овозхони тоҷиктабори муқими Русия Манижа Сангинро барои далели сафед кардани терроризм, барои суханони ӯ дар бораи шиканҷаи оммавии боздоштшудагони ҳамлаи террористӣ дар “Крокус”, боздошт ва  тафтиш хоҳад кард.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube