СУЛОЛАИ ТАБИБОН

Авоили Соли Нав корам ба дандонпизишк афтоду меҳмони ҶДММ «Стоматолог» воқеъ дар маҳаллаи 46-уми Душанбе шудам. Ростӣ, вақте маро пеши ҷавони навхатте бурданд, аввал ҳайрон мондаму ба ӯ бовар накардам. Ва аммо баъд, «агар ба ҷавонҳо ман бовар накунам, кӣ мекунад?!», гуфта, пешаш нишастам. Дар умри 57 солаам бисёр дандонпизишконро дидаам, вале дасти ин ҷавон гул буд! Баъдан, чун курси табобатам 10-рӯз давом карду бо ӯ ва ёвари ҷавонтараш, ки додари ҳамин табиб будааст, шинос шудам, дарк кардам, ки ҷавонон табибони сулолавӣ будаанд. Инак шинос шаваед:

– Аҳлиддин Шаробов, духтури дандон ва Меҳриддин Шаробов бародараш. Онҳо фарзанди Самариддин Шаробов -муҳандиси номдори дандонпизишкӣ (зубной техник) мебошанд. Дар навбати худ бобояшон Маннон Шаробов низ духтури дандон будаву дар бемористони 1-ум Советскийи дар даврони РСС Тоҷикистон маъруф бо ҳамин касб кору фаъолият мекард.

Ба таҳқиқ мо касбҳои сулолавӣ қариб, ки надорем. Фарзанди шиор бонкиру аз журналист милисаву аз пулис шоиру аз бонкир журналист мешаванд ва баръакс, ки хатои маҳз аст. Касб бояд падарӣ, яъне сулолавӣ бошад. Беҳуда нагуфтаанд:

– Мероси падар хоҳӣ-касби падар омӯз!

Имрӯз Аҳлиддини нозанин, ки мухлис ва хонандаи газетаи мардумии СССР ҳам мебошад (ниг.ба акс) беҳтарин шогирди падар ва идомадиҳандаи касби бобоист, ки ҳалоли ин хонавода бод!

Вақте бо падари ин 2 ҷавон Самариддин Шаробов суҳбат кардам, дарёфтам, ки беш аз 30 сол аст, ӯ маҳз дар ҳамин 1 ҷо меҳнату фаъолият дорад ва ҳазорон нафарро соҳиби дандонҳои наву муосир кардааст. Пайваста, бо ҷамъият ва замона қадам мезанад ва ҳар дастоварди нанотехнологияи ҷадидро дар кораш истифода менамояд. Ва агар дар солҳои 90-уми асри пор бо усули дандонҳои фарфорӣ кор мекард, ҳоло бо таҷҳизоти навтарину муосиртарин дар гармии то 1200-1350 дараҷа гармӣ дандонҳои шишагини мӯдтарини оламро барои мизоҷон таҳия менамояд. Ва дар ин кор 2 ҷигарбандаш 2 қаноти ӯ гаштаанд.

– Шунидан кай бувад монанди дидан! Худатон ба ин дармонгоҳи дандон раведу бо чашми сар аз ҳунари ин сулола бохабар шавед. Пушаймон намешавед. Мо Метавонем!

М. Мубориз

махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube