07.02.2025. Соат ба вақти Душанбе 17:00 дақиқа. Ман 1 сокини пойтахт ин бегоҳ аз терминали рақами – 354715, воқеъ дар маҳаллаи «Зарнисор» 50 сомонӣ дар телефонам гузарондам. Хабарномааш омаду аз маблағ то ҳол дараке нест. Балки болои ин ҳама боз 49 сомону 20 дирам қарздорам карданд. Ба чандин филиалҳои Tcell, ки дар пойтахт фаъолият мекунанд, муроҷиат кардам, дар ҷавоб гуфтанд, ки хабарномаи электронӣ омадааст, аммо маблағро надидаанд.
Ин дуздӣ 1 бору 2 бор нест, чанд касро медонам, ки аз дуздии ширкати Tcell ба дод омадаанд. Ба сардори ширкати Tcell гуфтаниям, ки агар кормандонатонро дигар накунед, чунин дуздиҳо давом кардан мегиранд. Агар барои Шумо 50 сомонӣ шояд чизе нест, вале барои мо коргарони оддии давлатӣ пули калон аст. Мехоҳам маблағамро барқарор кунед.
Оламгули МАЗЛУМ,
махсус барои СССР
Аз СССР: Чунин шикваҳо аз ширкатҳои мобилӣ, ба вежа Tcell зиёд ба редаксияи мо мерасанд. Мо бар умедем, ки муҳтарам Исфандиёри Саъдулло, раиси нави Хадамоти алоқа ба доди ниёзмандон расида, дасти ситамро аз сари муштариён кутоҳ мекунад. Мо Метавонем!