ТЕРРОРИСТ МИЛЛАТ ДОРАД!!!

Ва миллати ин нокасон якест-ТЕРРОР…

 22.03.2024. Соат ба вақти Маскав 19:55 дақиқа. Гуруҳи мусаллаҳ ба толори консертии «Крокус Сити Холл» дар шаҳраки Красногорски вилояти Маскав ворид шуда, ба сӯи мардуме, ки ба тамошо консерти гуруҳи «Пикник» омада буданд, тир кушода, толорро оташ зада, сӯи марзи Украина фирор карданд. Тибқи маълумоти охирин, дар пайи ин террор 137 нафар кушта ва 182 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

 Ҳамла ба толори “Крокус Сити Холл”ро мудҳиштарин ҳодисаи террористӣ дар Русия дар 2 даҳсолаи ахир мегӯянд. Аз ин пеш соли 2004 ба ҳангоми ҳамла ба мактаби Беслан, бо сарварии Шамил Басаев ва Салмон Радуеви чечентабор, дар Русия 330 нафар кушта шуд.

 23.03.2024 Раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ), Александр Бортников, гуфт, дар пайи ҳамла 11 нафар, аз ҷумла 4 ҳамлавар боздошт шудаанд, ки мутаассуф,шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар бораи ин террори мудҳиш, хабарнигори газетаи СССР дар ш. Маскав Шамсиддин Муқим батафсил гуфтааст.

Вале ин гумонбарон, ин ноодамон, ин доғҳои сиёҳи миллати мо  кистанд?  Мо дар ин матлаб дар бораашон хоҳем гуфт.

 4 чумо

Ҳамсояву шиносҳои яке аз ин нокасони касиф, ки ба дасти пулиси рус афтодаву чун барги бед меларзид, гуфтаанд, Фаридуни Шамсиддини 25-сола, сокини деҳаи Лойоби Ҳисор, 1 буздил, 1 тарсончак, 1 чмо (Человек морально обосренный-ибораи Армияи Советӣ) будааст, ки гунҷишкро ҳам кушта наметавонист. Ва ба назар мерасад аз наворҳо, ки боқимондаи ин тойифа, 3 тани дигар низ, чмо ҳастанду бас. Вале кӣ онҳоро ба ин террори хунин кашид? Кӣ дар паси ин террор меистод? Суолот барзиёданд.

Амрико ва давлатҳои пуштигири Украина оҷилан, пас аз чанд соати ин террор гуфтанд, ки «дар ин ҳодиса Украина даст надорад!». Аҷиб наменамояд, ки ҳанӯз Путин В.В. президенти ФР ҳарфе назадаву Вашингтон, Лондон, Бруссел ва Киев мегӯянд, «ин мо нестем!». Русҳо масале доранд, ки «на воре шапка горит»-кулоҳи дузд месӯзад. Яъне гунаҳкор набошиву муттаҳамат накардаанд, пас чаро мегӯӣ, ин ман нестам? Ҳамин худсафедкуниро тамомии коршиносони Русия ба он рабт медиҳанд, ки дар террор дасти Киев дида мешавад. Киев бар назар аст, ки ин кори дасти худи ФСБ мебошад ва ғ. ва ҳ.

Тафсилоти моҷароро баъд аз бозпурсӣ ва шаҳодати худи террористони нохалаф хоҳем шунид. Ва аммо ҳоло дар бораи ин 4 чмо…

Чумои 1 – Далерҷон Мирзоев

Далерҷон Мирзоев 32 сола буда, соҳиби кӯдакони солҳои таваллудашон 2018, 2017 ва дугоникҳои якунимсола мебошад. Ӯ дар Новосибирск ба муддати 3 моҳ сабти номи муваққатӣ дошт, ки мӯҳлати он аллакай гузаштааст.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, ӯ мегӯяд, тақрибан 1 моҳ бо Муҳаммад (дар мурофиа маълум шуд, ки ин созмондиҳандаи дигари ҳамлаи террористӣ Муҳаммадсобир Файзови 19 сола будааст) дар хобгоҳе дар шоҳроҳи Дмитров зиндагӣ мекард. Вай ҳамчунин гуфт, ки 10-12 рӯз пеш тавассути Telegram бо нафаре бо номи Абдулло шинос шуда, аз хешовандони ӯ мошин харид, то таксиронӣ кунад.

Тавре нашрияи «Важные истории» менависад, эҳтимол сухан дар бораи Абдулло Бӯриев меравад, ки «шояд маҳз ӯ созмондиҳандаи ҳамлаи террористӣ дар Маскав бошад!». Ба навиштаи ин нашрия, ӯ омилони ҳамлаи террористӣ дар Истамбулро дар охири моҳи январ бо мошини дорои рақамҳои Лаҳистон таъмин карда, сипас ба Русия парвоз кардааст. Бӯриев ба ҳайси куратори бахши афғонистонии ДОИШ зери назорати хадамоти истихбороти Туркия қарор доштааст.

 

Чумои 2 – Саидакрам Раҷабализода

Ба иттилои расонаҳо, дар додгоҳ ӯ тавассути тарҷумон посух медод ва русиро аслан намедонист. Ӯ гуфтааст, ки 30 сола буда, зану фарзанд дорад ва дар Русия сабти ном кардааст, аммо ҷойи зисташро дар ёд надорад. Айни замон бекор, маълумоти олӣ надорад.

Қаблан наворҳои боздошти ӯ пайдо шуда буданд, ки дар он маъмурони амниятӣ гӯшашро бурида, маҷбур мекунанд онро бихӯрад. «Собаке собачья доля!»-гуфти русҳо…

 

Чумои 3- Фаридуни Шамсидин

(дар шабакаи «В контакте» Абдуллои Шамсиддин)

Ӯ оиладор ва соҳиби 1 кӯдаки ҳаштмоҳа аст. Сокини деҳаи Лойобаи ш.Ҳисор. Фаридун дар Красногорск дар хонаи язнааш сабти ном шуда, дар шаҳри Подолск кор мекард. Маҳбуба Заргарова хоҳари ин террористро шавҳараш талоқ дода будааст (шояд касофати ин авлодро дарк карда!). Пас аз ин ҳодиса ӯро  бо 3 фарзандаш аз Русия депорт карданд. Шаби 26 март ба Душанбе омад.

Дар 1 навори видеоӣ Фаридун мегӯяд, рӯзи 4 март аз Туркия омад, ба онҷо барои убури марз ба хотири тамдиди аснод рафта буд.

Вақте нерӯҳои амниятӣ мепурсанд, ки ӯ дар «Крокус Сити Холл» чӣ кор мекард, ӯ ҷавоб медиҳад: “Ман одамонро барои пул паррондам”. Ба гуфтааш, ба ин сагбаччаи харнасл 500 ҳазор рубл ваъда карда, нисфашро пешакӣ ба корти бонкиаш гузаронидаанд.

Боздоштшуда гуфтааст, ки дар Telegram мавъизаҳои 1 рӯҳониро гӯш мекард ва супориши террорро аз ёрдамчии ӯ гирифтааст. Бо созмондиҳандагони ҳамлаи террористӣ тавассути ин паёмрасон иртибот доштааст. Силоҳу муҳимоти ҷангиро гӯиё тавассути Телеграммканал ва муллои мавъизачӣ рафтаву аз 1 пинҳонгоҳ гирифтааст.

 

Чумои 4 – Муҳаммадсобир Файзов

Ӯро ба толори додгоҳ бо аробача мустақиман аз шӯъбаи эҳёгарӣ бо ҳамроҳии табибони ёрии таъҷилӣ оварданд. Гумонбар хеле оҳиста ва бо латма гап мезад. Ӯ 19-сола буда, муҷаррад аст ва маълумоти миёна дорад. Қаблан ӯ дар сартарошхонаи шаҳри Иваново кор мекард ва дар он ҷо сабти ном шудааст. Варзишгар буда, дар муҳорибаҳои бидуни қоида низ иштирок менамудааст.

Далерҷон Мирзоев, Саидакрами Раҷабализода, Муҳаммадсобир Файзов ва Фаридуни Шамсиддин бо иттиҳоми терроризм (моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия) то 22.05.2024 дар ҳабси пешакӣ мемонанд. Онҳо ба гуноҳи худ комилан иқрор шуданд.

 

Исломовҳо…

25.03.2024. Додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав номи 3 гумонбари дигарро дар ҳамлаи маргбор ба “Крокус Сити Ҳолл” эълон кард:

– Аминҷон Исломов, Диловар Исломов ва Исроил Исломов.

Аминҷон ва Диловар писарони Исроил Исломови 62-солаанд. Ҳарсеи онҳо дар кӯмак ба терроризм гунаҳкор дониста, зиндонӣ шуданд.

Исроил Исломов 5 фарзанд дошта, Аминҷон 33-сола, писари ахирӣ, ба гуфтаи мақомоти Русия, охирин соҳибмулки мошине будааст, ки дар ҳамла ба толори консертӣ истифода шудааст. Мошинро ба гумонбарони террор бародари ӯ Диловари 24-сола «фурӯхтааст». Аминҷон шаҳрванди Русия мебошад.

«Гунаҳкорони бегуноҳ»

Бояд гуфт, ки соатҳои аввали пас аз амалӣ ёфтани ин террор дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси 4 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн гардида, гуфта мешуд, ки инҳо террористони эҳтимолианд.

23.03.2024. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки 2 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин рӯйхати пулис зикр шудаанд, ба амали террористӣ рабте надошта, дар Тоҷикистон қарор доранд. Инҳо Ривоҷиддин Исмонов ва Маҳмадрасул Насриддинов мебошанд, ки моҳи ноябри соли 2023 ба Тоҷикистон баргаштаанд ва ҳоло дар ҷойи истиқомати худ зиндагӣ мекунанд.  Шахси сеюм аз ин рӯйхат Рустам Назаров дар ш.Самараи Федератсияи Русия ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунад ва дар вақти ҳодиса бо аҳли оилааш дар ин шаҳр будааст.

 

Таснифи Ҷ. Ҳусейнова

СССР

Аз СССР: Дар ин матлаб барои нахустин бор суханҳои қабеҳ корбаст шудаанд, ки дар таърихи 17-солаи нашрияи СССР бесобиқа мебошад. Вале ин нокасонро магар дигар хел метавон муаррифӣ кард?  Эй мардуми покнажод! Сари пой шавед, то бо ин марази нангин якҷоя ҳарб кунем. Бовар кунед, инҳо фарогир шаванд, тару хушкро месӯзанд. Онҳо раҳм надоранд. Зимнан ба онҳо набояд раҳм кард. Ҳар куҷое бо таблиғу ташвиқи террору таассуб дучор омадед, ҳатман ба мақомот муроҷиат кунед:

Тараҳҳум бар паланги тездандон,

Ситамкорӣ бувад бар гӯсфандон!!!

Мо танҳо дар ҳамдастиву ҳамкорӣ бо ҳамдигарӣ метавонем ин заҳрпечакро аз бадани миллат канда партоем. Мо Метавонем!

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube