ВАҲДАТ: РАИС ЧОЙХОНА БИСОЗАД

Дар сӯҳбату ҷамъомадҳо ва дидорбиниҳо собиқадорону нафақагирон бо ҳасрат изҳор менамоянд, ки агар чойхонае мебуд, менишастанду дам мегирифтанд, маслиҳату машварат карда, аз дидори якдигар лаззат мебурданд. Онҳо аз ободонию дастоварду пешравиҳои ш. Ваҳдат изҳори хушнудию хурсандӣ ва ифтихормандӣ менамоянд. Махсусан, ба суботу хирадмандӣ ва дастгириҳои моддиву маънавии собиқадорону нафақагирон аз тарафи раиси ш.Ваҳдат Исмоилзода Мирзо Иброҳим арзи сипоси бепоён ва қаноатмандӣ мекунанд.

Вале дар радифи ободкориҳову созандагиҳои бешумораш раиси шаҳр сохтмони 1 чойхонаи миллиро ба нақша мегирифт, кори хайру савоб ва бамаврид мегардид. Агар ин чойхонаи миллӣ дар шафати осорхона, дар боғи фарҳангию истироҳатии ба номи Исмоили  Сомонӣ сохта мешуд, бас кори хубе мешуд, зеро ҷойи нисбатан тинҷу ором дар маркази шаҳр маҳсуб  меёбад. Зеро бе чойхона мо ҳамагӣ 1 ҷои муваққат рафтан дорему бас ва ин ҳам масҷид…, ки дар он мулло на танҳо ба мо навбати насиҳат ба ҷавонон намедиҳад, ки насиҳатамон мекунад…

Чойхона бо дарназардошти  фаслҳои сол, хизматрасониҳои маданиву маишӣ, катҳои чоркасаву бисёркаса, бо кӯрпачаю болишт, қолин, ҷой барои қироати рӯзномаю маҷалла, бозиҳои  шоҳмоту шашка, домино, нонвойхона, нишолло, шириниҳои гуногун, хӯрокҳои миллӣ бо нархи дастрас бунёд мешуд, мо солдидаҳо умре дуои ҷони раис мекардем.  Боварӣ дорем, ки  соҳибкорони  забардасти ш.Ваҳдат бо дастгирии раиси шаҳр аз ӯҳдаи ин кор мебароянд!

Теша  Салоҳов,

ш. Ваҳдат,

тел: 904461148

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube